Главная / Биология / Гул. Ахамияти гул барои хаёти растанихо. Сохти гул

Гул. Ахамияти гул барои хаёти растанихо. Сохти гул

Гул гуфта навдаи кутоху шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухми хизмат мекунад. Одатан пояи асоси ё пахлуи бо гул ба итмом мерасад. Хар гул аз мугчагул инкишоф меёбад. Кисми поя- гии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон аз баргхои шаклдигаркарда ба вучуд омадаанд.

Ба гуногуншаклии растанихои гулдор, ки дар табиати беканор вомехуранд, нигох накарда, онхо аз руи сохти гулашон ба хамдигар монанд мебошанд. Инро дар мисоли гули себ дида мебароем.

tuxmdon

Дар маркази гули себ тухмдон чойгир аст. Гардбаргхои зиёде онро ихота кардаанд. Тухмдон ва гардбаргхо чузъхои (узвхои) асо- сии гул ба хисоб мераванд. Дар атрофи гардбаргхо ва тухмдон гулпуш чойгир мебошад. Гулпуши гули себ аз ду намуди баргчахо иборат аст. Баргчахои даруни гулбаргхо ва баргчахои беруни косабаргхо мебошанд. Мачмуи гулбаргхоро гулточ (чанбари гул), косачабаргхоро косабарг меноманд. Ин гуна гулпушро гул- пуши дучанда меноманд 84 .

Гулточи гули себ аз панч гулбарги сафед ё сафеду гулоби иборат аст, ки бо хам пайваст нестанд. Дар дигар растанихо, масалан, тамокугул, газнагул, ангури сагак, картошка, гули тутиё кисми поёни гулбаргхо ба хам пайваст шуда, найчамонанд гардидааст.

Косабарги гули себ аз панч баргчаи сабз иборат буда, онхо ба хам пайваст нестанд. Аммо дар баъзе растанихо, чунончи, дар мехча- гул кисми поёнии косабаргчахои сабз ба хам пайваст шуда, найча- монанд шудааст.

Дар баъзе растанихо, хусусан дар растанихои якпалла (гули занбак, амариллис, лола), тамоми баргчахои гулпуш каму беш якхела- анд, онхо косабарг надоранд. Ин гуна гулпушро гулпуши одди (содда) меноманд. Дар баробари ин баргчахои гулпуши од- дии гули баъзе растанихо (масалан, лола) калону хушранг, дар рас- танихои дигар (чунончи, маймак (ситник)) беранганд.

Дар баъзеи дигар растанихо гул умуман гулпуш надорад (маса- лан, гули бед, шунг), гулхои онхо гуё урён ё луч мсбошанд.

Узвхои асосии гулро аз назар мегузаронем. Дар гули себ хар ка- дом гардбарги гул гарддон дорад, ки дар дохили он гард пухта мерасад. Гарддон дар думчаи гардбарг чой гирифтааст. Тухмдон (мевадон) аз гардгирак, сутунча ва гура иборат аст. Дар гули себ тухмдон аз панч сутунчаи асосашон ба хам пайвасту кисми нугиашон аз хамдигар чудо-чудо, ки хар кадоми онхо яктоги гардгирак доранд, иборат аст. Гура панчлонагй буда, ду тухммугча дорад, ки аз онхо пас аз гулшукуфт тухм инкишоф меёбад 84 .

Гулхои аксари растанихо хам гардбарг ва хам тухмдон доранд. Онхо гулхои дучинсаанд. Аммо дар баъзе растанихо як кисми гулхо факат тухмдон (гулхои тухмдондор, ё модина), кисми дигар бошад, факат гардбарг (гулхои гардбаргдор, ё нарина) до- ранд. Ин гуна гулхоро гулхои чудочинса меноманд.

Чунин растанихо, аз кабили бодиринг ва чуворимакка, раста- нихои якхонаги ё дучинса мебошанд. Чунки, гулхои тухмдондор (мо- дина) ва гардбаргдор (нарина)-и онхо дар як (нихоли) растани ин- кишоф меёбанд 85 . Аммо дар канаб, сафедор ва бед гулхои нарина ва модина на дар як бех нихол, балки дар растанихои чудогона чудо- чудо чой гирифтаанд. Онхоро растанихои духонаги ё чудочинса мегуянд 86 . Баъзе хелхои геша ном гиёх низ чудочинсаанд.

  1. Гул чист?
  2. Гул аз кадом чузъхо (узвхо) иборат аст?
  3. Гулпуш чист?
  4. Тухмдон ва гардбарг чи хел сохт доранд?
  5. Аз тухммугча чи инкишоф меёбад?
  6. Гулхои дучинса аз гулхои чудочинса чи фарк доранд?

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …