ГуШ

gushГуШ (Auris), узви сомеаи хайвоноти мухрадор ва одам. Г.-и одам аз се кисм иборат аст: беруни, миёна ва даруни. Г.-и беруни аз суфраи гуш иборат буда, рохи берунии сомеа аз он ибтидо мегирад. Суфраи гуш лавхачаи тагоякиест, ки бо пуст пушида шудааст. Танхо як кисми хурди суфра – нармии гуш бе тагояк аст. Рохи берунии сомеа нисбатан васеъ бошад хам, такрибан дар миёначо хеле танг мешавад ва шакли гарданаро мегирад. Инро хангоми аз гуш баровардани ягон чизи бегона бояд ба назар гирифт. Рохи берунии сомеа бо пуст пушида шудааст, ки муй ва гадудхои чарб дорад. Тарашшухи ин гадудхоро чирки гуш меноманд. Он дар хар холат (хох моеъ, хох хушки карахшбаста) гушро мухофизат мекунад ва хангоми чизеро хоидан ё гап задан худ аз худ ва тадричан берун мебарояд. Дар натичаи аз хад зиёд хосил шудани чирк пуки чирки гуш ба вучуд омада, рохи сомеаро банд месозад. Девораи пеши рохи берунии сомеа бо бугуми чоги поён хамхудуд аст. Бинобар он хангоми беморихои илтихоби дар аснои кушодани дахон Г. дард мекунад. Ба рохи берунии сомеа аз поён гадуди баногуш пайваст мешавад.
Баъди рохи сомеа Г.-и миёна ибтидо меёбад. Девораи берунии он пардаи гуш буда, вай аз лавхачаи тунук, аммо мустахкам иборат аст. Пас аз пардаи гуш чавф (ковоки)-и накорача – кисми асосии Г.-и миёна чой гирифтааст. Дар даруни он се устухончаи сомеа – болгача, сандонак ва кубак вокеанд. Чавфи накора сарбаста нест, он ба тавассути найи сомеа (найи Евстахий) бо халкуму бини васл гардидааст (дар аснои фуру бурдани лукма кушода шуда, хаворо аз халкуму бини ба гуши миёна мегузаронад). Деворахои ковокии накорача бо майна, рагхои калон ва асаби руй хамшафатанд.
Дарунтари Г.-и миёна ташкилахои дохилии халазунмонанд (узви сомеа) ва каналхои нимдоира, ки ду халтача доранд (узви мувозанат), чой гирифтаанд; ин узвхо дар устухони гафси ахромшакл (як кисми устухони чакка) вокеанд. Дар халзун хучайрахои хассоси сомеа мавчуданд. Суфраи гуш, рохи берунии сомеа, пардаи гуш ва устухончахои сомеа лаппишхои садоро то ин хучайрахо расонда, онхоро меангезанд. Сипас ангезаи садо тавассути асаби сомеа, ки аз шохахои хучайрахои хассоси шунавои таркиб ёфтааст, ба кишри майнаи сар меравад ва дар он чо тахлили олии овозхо – эхсоси садо ба амал меояд. Бояд кайд кард, ки Г.-и одам факат садохоеро дарк мекунад, ки диапазони онхо аз 16 то 20000 лаппиш дар як сония аст, харчанд дар баъзе мавридхо метавонад ултрасадоро низ дарк намояд (ниг. Сомеа).
Яке аз аломатхои баъзе амрози гуш ихтилоли сомеа мебошад. Аз ин ру барои муайян намудани онхо муоинаи сомеа хеле мухим аст. Дар аснои муоина нафакат кувваи сомеа ва дарачаи заъфи кобилияти шунавои, балки чои осебдидаро низ муайян метавон кард. Сомеа бо усулхои гуногун, бештар бо ёрии пичирросзанон ё ба забони гуфтугуи гап задан, инчунин бо ёрии камертон муоина карда мешавад. Камертон асбобест, ки овози софу тоза (бо микдори муайяни лаппишхо дар хар сония) хорич мекунад. Бо ёрии асбоби махсус – аудиометрия кори узви сомеаро боз хам аниктар муайян кардан мумкин аст.
Аз амрози илтихобии гуш махсусан отит бештар рух медихад. Отит вобаста ба кисми осебёфтаи гуш беруни, миёна ва даруни мешавад. Газаки гуши бемороне, ки ба муолича саривакт шуруъ карда, таъиноти духтурро пурра ичро менамоянд, аксаран шифо меёбад. Ба инобат нагирифтани таъиноти духтур ё худтабобат боиси инкишофи шаклхои музмини бемори, дар баъзе холатхо бошад, боиси чунин ориза вазнин, монанди сарсом (газаки пардаи майнаи сар), уфунат (аз микробхо сироят ёфтани хун), пайдоиши думбалхо дар бофтахои майна мегардад.
Сари вакт муолича накардани газаки гуши миёна, гуши даруни, асаби сомеа, инчунин отосклероз ба заъфи кобилияти шунавои ё кари оварда мерасонад. Аксаран беморихои сирояти (грипп, сарсом, сурхча, ханозир), инчунин истеъмоли худсаронаи антибиотикхо (асосан хангоми худмуолича), кор дар чои сермагал ва истифода набурдани василахои хифзи саломати сабаби гушвазнини ва кари мешаванд. Бояд дар хотир дошт, ки гушвазнини метавонад тадричан ба вучуд ояд ва дер гох номаълум монад. Ин махсусан дар синни кудаки хавфнок аст. Волидайн бояд ба он ахамият диханд, ки кудак чи хел мешунавад ва дар сурати паст будани кобилияти шунавоии у дархол ба духтур мурочиат кунанд. Шунидани садоро хатто дар ширхорахо мушохида кардан мумкин аст: кудак сарашро бо тарафи овоз мегардонад. Бо вучуди ин муоинаи сомеаи кудак душвор буда, он дар муассисахои махсус гузаронда мешавад.
Бисёр вакт ба Г. (махсусан ба Г.-и кудакон) чисмхои бегона (саккоча, тугма ва г.) ва хашароти майда медароянд (ниг. Чисмхои бегона). Бо кушиши худ аз гуш дур кардани хашарот хавфнок аст. Пеш аз баровардан, онхоро аввал бояд кушт. Барои ин ба сурохи гуш чанд катра равган (вазелин, равгани зайтун) ё спирти борат мечаконанд. Чисми бегонаро аз Г. бояд факат духтур гирад. Чунки хангоми баровардан, аз бетачрибаги онро ба дарунтари гуш тела метавон дод, ки дар натича берун оварданаш хеле душвор мегардад.
Аз ходисахои осебёбии гуш махсусан сармо задани суфраи он бисёр вомехурад.
Нармии гушро факат дар кабинетхои косметики сурох кардан лозим аст, худсарона ба ин кор даст задан метавонад боиси сирояти микробхо ва илтихоби суфраи гуш гардад.
Барои пешгирии амрози Г. ва эмин доштани сомеа нафасгирии муътадил бо бини ахамияти калон дорад. Ба ин муносибат муолича намудани аденоид, полип, гайморит, бартараф кардани качии девораи бини ва г. (алалхусус дар айёми хурдсоли) зарур аст. Хатто чунин бемории мукаррари, монанди зукоми шадид, метавонад дар натичаи баланд шудани фишори хаво дар даруни бини ва ба гуши миёна даромадани луоби бини (хангоми афшондани бини) боиси гушвазнини шавад. Бинобар он хар ду нимаи биниро баробар афшондан мумкин нест (аввал як парра ва баъд парраи дигари биниро бо ангушт ба девораи миёна пахш карда меафшонанд).
КЛ
Гуш. Узви дахлезиву халзуни. 1 – суфраи гуш; 2 – рохи беруни сомеа (шунавои); 3 – пардаи гуш (накорапарда); 4 – чавфи пардаи гуш; 5 – болгача; 6 – сандон; 7 – рикобча; 8 – дахлез; 9 – халзун; 10 – асаби дахлезиву халзуни; 11 – найи сомеа (шунавои).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …