Главная / Илм / ГуШТ

ГуШТ

gushtГуШТ, аз чумлаи хурокворихои пуркимат ва маъмули мардум мебошад. Кимати гизои ва биологии Г. ба гуногунии таркиби химияви, хусусан ба сафедахои он вобаста аст. Г. озукаи басо гуворою хушхазм ва сергизо буда, аз он таомхои бисёр пухтан мумкин аст.
Дар хурок Г.-и хайвоноти калону хурд ва дар баъзе кишвархо гушти асп, гажгов, шутур, оху, баъзан гушти хайвоноти вахши – гуроз, хирс, шохгавазн, гавазн, инчунин гушти паррандахоро ба кор мебаранд.
Таркиби Г. аз сафедахои хушсифат, чарбхо, витаминхо, моддахои минерали иборат аст. Организмро бо сафеда ва чарб асосан Г. таъмин мекунад. Сафедахои бофтаи мушак аз хама муфидтар мебошанд. Сафедахои бофтаи пайванди, асаб ва тагояк аз чихати таркиби химияви ва хозима кимати чандон баланд надоранд. Равгани Г., хусусан Г.-и гов ва гусфанд, ба зуди об намешавад; равгани хук тезтар об ва осонтар хазм мегардад. Г. манбаи хуби фосфор, охан, калий, натрий, рух, мис, йод ва диг. моддахои минерали мебошад. Витаминхо (асосан витамини В) бештар дар узвхои дохили, алалхусус дар чигар ва бофтаи чарби чамъ шудаанд. Г. моддахои киёмии бисёр дорад, ки онхо дар вакти пухтани Г. мебароянд. Моддахои номбурда кори гадудхои хозимаро таквият дода, иштихо меоранд, хазми хурокро бехтар мекунанд, таъму буи Г.-ро то андозае дилкаш месозанд. Г.-и хушсифатро аз намуд, сахтию нарми, ранг ва буй шинохтан мумкин аст. Г.-и тару тоза сурх ва андак сахт мешавад (чукурчае, ки хангоми бо ангушт зер кардан пайдо мешавад, ба зуди бархам мехурад). Г.-и хунуккарда ё хунукшударо чанд руз дар яхдон нигох доштан мумкин аст; Г.-и яхкардаро дар сармодон нигох медоранд.
Истеъмоли Г.-и бадсифат метавонад боиси захролуди, амрози сироятии гуногун ва пайдоиши кичча шавад. Экспертизахои ветеринари ва ветеринарию санитари хангоми ба воситаи дукон, бозор ва муассисахои хуроки умуми фурухтани Г. пеши рохи ин хатарро мегиранд. Г.-и аз назорати санитари нагузаштаро харидан мумкин нест.
Г.-ро хамчун гизои шифобахш истифода мекунанд, чунки дар таркиби он аминокислотахо, сафеда, моддахои минерали, аз чумла охан, хеле фаровон мебошанд. Дар мавриди табобати беморихо бештар таомхои аз гушти кима тайёр кардаро кор мефармоянд (хазми он сабук аст).
Таркиби химияви (ба хисоби г) ва калорияи гушти хайвонхои гуногун (ба 100 г озукаи тайёр)

Навъи гушт
Гушти гусфанд, навъи I
Гушти гусфанд, навъи II
Гушти гов, навъи I
Гушти гов, навъи II
Гушти хук, «бекон»
Гушти хуки серравган
Гушти хуки камравган
Гушти асп, навъи I
Гушти гавазн, навъи I
Гушти оху
Гушти харгуш
Гушти шохгавазн

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …