Главная / Илм / Говзабон

Говзабон

govzabon_-660x330Говзабон — ин гиёхро дар як катор махалхо точикон забони говак низ меноманд. Растании мазкур хамаи кисмаш пашмаки дурушти хормонанд дорад. Баргаш калон ва дароз, монанди забони гов шахшул бо пашмакхои дагали хормонанд, ки бар руйи замин густарда мебошад. Гиёхи бахориаш агар баргаш нав бошад, сабзи ба зарди моил, вале дерина гардад, рангаш моил ба сиёхи мезанад. Гулаш лочварди, дарозак. Тухмаш резаи тулони, сафед, аз тухми махсар бориктар, дар гилофи кифмонанде чойгир аст.

Мизочи тару тозаи он дар дарачаи якум гарм ва тар аст, вале агар хушк кунанд, рутубаташ кохида, мизочаш моил ба хушки мегардад. Кувваташ то хафт сол боки мемонад.

Хислатхои шифобахши говзабон. Хусусиятхои умумии ин: фараховар, арвох, яъне руххои нафсони, ки манбааш майна аст, рухи хайвони, ки манбааш дил аст ва рухи табииро, ки марказаш чигар аст, хар сеяшро кувват мебахшад, инчунин харорати модарзодии баданро кави мегардонад; узвхои раисаро, ки иборат аз дал, майна, чигар, меъда, гурда ва хояхо мебошанд, пуркувват мегардонад, инчунин дах хисси одамиро мустахкам месозад; дарунро мулоим мекунад, _ ахлоти сухта, моддаи савдовии аз худи савдо бахамрасидаро ба воситаи исхол дафъ мекунад ва.инчунин зарархои ин моддахоро бархам медихад, лнак, хамаи иллатхои савдовиро ба ибро меоварад.

Агар говзабонро бо давохои муносиби дар об чушонидашуда якчо биёшоманд, барои сарсом (варами пардахои майна ва худи майна, яъне менингит), варамхои пардахои пахлуи даруни сина, молихулиё ва девонаги даво мешавад, хамаи хисхои одамиро устувор медорад ва ранги рухсорро неку месозад, фарах мебахшад; дагалии касабаи шуш ва узвхои даруни сина, сурфа, зик-ун-нафас (астма), дарди гулу, дарди узвхои даруни сина ва шуш, дилтапаки (дилбозии) тарс, хавф, гам, захм, дилтапак — хамаашро дафъ менамояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Хар як кисми говзабонро бо обе, ки дар он гулихайри чушонида шуда бошад, биёшоманд, варами пардахои майна ва худи майна, варами пардахои пахлуи даруни сина, молихулиё (меланхолия) ва девонагиро дафъ мекунад: хамаи хисхои бадан ва ранги рухсорро неку мегардонад; фарах меоварад; шахшулии касабаи шуш (бронхия), узвхои даруни сина, сурфа, зик-ун-нафас, дарди гулу, дарди узвхои даруни сина ва шуш, дилтапаки савдови, вахшиги, васвос, хавф, тарс, гам, захм ва зардпарвинро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

govzabon_2-300x200Говзабонро дар об чушонида, он обро бо набот, шакар ё бо асал ширин карда бинушанд, дагалии узвхои даруни сина ва касабаи шуш, сурфа ва зик-ун- нафасро шифо мебахшад.

7 грамм гули хушки говзабонро бо 3,5 грамм гили армани, 7 грамм шакар даромехта бихуранд, дилтапак (дилбози), дагалии узвхои даруни сина ва сурфаро шифо мебахшад, харорати табиии (модарзодии) бадан ва хамаи кувватхоро баркарор мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, ранги руйро соф месозад.

Говзабонро сухта, дар дахан бипошанд, яъне ба даруни дахан бипошанд, пухтани (чушиши) дахани тифлонро сихат мебахшад, инчунин сузиши даханро дафъ мекунад, рафтани хунро аз милки дандон манъ менамояд.

Хурдан ва ошомидани говзабон ба сипурз зарар дорад — давои ислохи зарараш сандали сафед хурдан аст.

Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушки говзабон дар як руз аз 7 то 17,5 грамм аст. Агар дар об чушонида ё тар карда, он обро нушидани бошанд, аз 17,5 то 35 грамми онро дар об андозанд. Аз оби фишурдаи говзабони тару тоза то 100 грамм нушидан равост.

Ба чойи говзабон абрешими хоми сухтаро истеъмол намоянд, чойиз мебошад. Чун аз оби говзабони тар, оби себ ва оби мавизи ангур шароб тартиб дода, 9 грамм аз он бинушанд, назар ба 300 грамм шароб кавитар фарах мебахшад, вале ин монанди шароб аклро бечо намекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …