Главная / Илм / Гофат дар Канзи Шифо (Китоб)

Гофат дар Канзи Шифо (Китоб)

gofat-486x330Гофат  — ин гиёхро гофис хам меноманд ва ба руси репейник аст, вале харгиз мушхор нест. Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва пашмакдор аст. Аз миёначойи баргхои он шохи миёнхолии дагал меруяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъми тамоми кисмхои гиёхи он бисёр талх, хатто аз сабир хам талхтар аст, тунчи ва каме гирандаги дорад, гармие чандон надорад. Дар тиб гулаш ва усораи он истеъмол мешавад.

Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Вале муаллифи «Иршод» гарм ва хушк дар дарачаи дувум бо каме гирандаги донистааст.

Хислатхои шифобахши Гофат: хусусиятхои нарм ва ракиккунандагии ахлоти гафс дорад, моддахои часпакро аз чояшон канда берун мекунад, мачрохои баданро аз олоишхо пок мегардонад, гиреххои чигар ва сипурзро мекушояд ва мачрохои ин хар ду узвро пок месозад, барои табхои мураккаб даво мешавад, моддахои сухтаи зарарнокро бо исхол дафъ мекунад; пешоб, шир ва хайзро равон мегардонад.

Агар гиёхи хушк ё усораи Гофатро биёшоманд, дарди чигарро таскин медихад, гиреххои чигар ва сипурзро мекушояд; чигарро кувват  мебахшад ва варами онро тахлил медихад, хамаи навъхои варами сипурзро мегардонад, инчунин, сахтии сипурз ва сахтии меъдаро ба ибро меоварад; суулкиняро, ки сустии чигар аст ва аз он дасту похо варам меоваранд, дафъ мекунад; барои истиско (водянка) даво мебошад, пешоб ва хайзро меронад. Агар инро бо шароб бихуранд, захми рудахоро дафъ менамояд. Занхое, ки аз дидани хайз махрум гашта бошанд, ин растаниро аз таг бардоранд, хайзашон равон мегардад.

2,25 грамм гиёхи хушки Гофатро куфта, бо оби шохитара биёшоманд ва инчунин гул ва усораашро бо ин чизхо ва сиканчабин бихуранд ё гиёхи онро куфта, бо равгани кухнаи хук ё хайвоноти дигар сиришта гузошта банданд, решхои бехношавро ба хам оварда сихат мебахшад.

Усораи Гофат, яъне оби гиёхи тари онро дар офтоб гафс гардонида бимоланд, кутур ва хоришро дармон мешавад. Усораашро хушконида, куфта бипошанд, захм ва решхоро ба ибро меоварад.

Барои табхои кухна ва мураккаб, ки аз афзудани савдо ва сафро мегирифта бошанд ва тарсончак бошанд, усораи ин растаниро бо усораи талхшувок даромехта бихуранд, давои хубест. Инчунин ба гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Вале хурдани гофат ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид бодёни ситорашакл бихуранд, зарараш ислох меёбад. Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушки он дар як руз то10,5 грамм аст ва агар инро дар об чушонидани бошанд, 24 граммашро андозанд.

gofat-2-300x251Ба чойи гофат баробари ним вазни он талхшувокро истифода баранд, раво мебошад. Тарики гирифтани усораи гофат ба таври мушаххас чунин аст. Оби гиёхи тару тозаи онро гирифта, то гафс гаштан дар офтоб бигузоранд. Баъд курсхо сохта хушк намоянд.

Мизочи усорааш сард ва хушк аст ва сабуктар аз гиёхаш мебошад хамчун даво, яъне латифтар. Хислатхои шифобахши он: ин низ хусусиятхои нармкунандаги ва канандагии моддахои гафс ва часпаки нодаркор дорад, кутур ва хоришхоро дафъ мекунад, табхои кухна ва дарди чигарро шифо мебахшад, агар бо оби шохитара ва сиканчабин бихуранд, хубтар аст.

Микдори як бор хурдан аз ин усора дар як руз аз 2,25 то 4,5 грамм аст. Вале ошомидани ин ба хояхо зарар мерасонад. Ба чойи ин се вазни он гофат ва ба кавле се вазни он татумрю истеъмол намоянд, равост. Тухми ин гиёхро чун бо шароб биёшоманд, захмхои сатхи даруни рудахо ва барои дафъ кардани захри чонварон аз бадан фоида дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …