Главная / Маданият ва санъат / Гизои халол бихуред,

Гизои халол бихуред,

Худованд дуохоро мепазирад

Ё айюха-н-носу кулу ми-м-мо фи-л-арзи халолан тайибан ва ло таттабиъу хутувоти-ш-шайтони, иннаху лакум адувву- м-мубин.[1]

Тарчума: Эй мардум, аз хар чизи халол бар руи замин бихуред ва бар рохи шайтон наравед, зеро вай душмани зохири шумост.

Расулуллох (с) дар ривояте аз «Сахех»-и Муслим мефармояд: «Худованд мефармояд: «Он моле, ки ба бандам додаам, онро барояш халол гардонидаам, бандагонамро муваххид халк намудам, аммо шайтон бинобар дасисахояш онхоро гумрох намуда ва чизхои халолро бар онхо харом гардонид».

halol

Вакте ин оят дар махзари Расулуллох, (с) тиловат карда шуд, Хазрати Саъд ибни Абуваккос (раз) бархост ва арз намуд:

  • Ё Расулаллох (с), дуо бифармо, ки Худованд дуохои маро ичобат намояд.

Расулуллох (с) фармуд:

  • Эй Саъд, чизхои пок ва лукмахои халол бихур, Худованд дуохои туро хохад пазируфт. Савганд ба он зоте, ки нафси Мухаммад (с) дар ихтиёраш аст, хар лукмаи харомеро, ки инсон дар шикамаш карор медихад, бар асари нахсияташ то чихил руз ибодатхояш пазируфта намешаванд ва хар он китъаи гуште, ки аз харом тавлид мегардад, чаханнами хохад буд.

Бисёре аз хонандагони ин китоби дуохо арз менамоянд, ки: «Домулло, мо ин дуохоро аз руи нишондоди шумо мехонем, аммо дуохоямон ба ичобат намерасанду пазируфта намешаванд». Хонандагони азиз, агар шумо аз руйи ин хадис амал намуда лукмахои худро халол намоед ва намози панчвактаро бо чамоат (барои мардон) бихонеду рузаи мохи шарифи рамазонро бидоред ва закоти молатонро бидихеду амалхои некро анчом дихед, Худо хохад ба максадатон хохед расид.

Байт:

Аз он зи домани максуд кутах афтодаст,

Ки пеши халк дароз аст дасти хочати мо.

[1] Сураи Бакара, ояти 168.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …