Главная / Гуногун / Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Халаф

Магир номам, эй Барах. Ва бидон,

Ки он рузи мудхиш бо падар баргаштем ба Аштархон,

Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Ва, либоси дехконон ба тан,

Падару модару ман

Руй овардем ба фирор.

Аз одамон шуда пинхон,

Дар куху биёбон

Дидем, эй Барах, чи азобхо,

Худ медонему Худо!

Боре афтодем ба дасти рохзанхо

Ва ашки зори начотамон дод танхо.

Гушнагиву ташнаги буд ёри рохамон,

Хамнафас – танхо охамон.

Рахбарах гох падари пирам буд бар душ,

Гох модари баргаштабахти мадхуш.

Борхо падарро аз худкуши боздоштам

Ва, беш аз он, модарро,

Ки аз бемадориву хасрат хар дам мерафт аз хуш,

Боз ба рохи зиндаги бигзоштам.

Бад-ин тарик

Расидем ба шахри Яик.

Он чо, назди дари масчид

Нолидаву шармида, талбандаги кардам,

Аз хиёбонхову дуконхо нони хушк чамъ оварда,

Падару модари пирамро парастандаги кардам.

Вале бадбахтие нав аз пас омад:

Султони бадазми Хоразм,

Наёфта моро байни часадхои курбониён

Ва бовар накарда ба овозахо дар бораи маргамон,

Барои сархоямон

Мукофотхои чолиб кард эълон.

Ба хокимони кудратманд

Номахо фиристод, ки моро бичуянд.

Нишонахоямонро хам ба эшон

Намуд аён.

Медони худ, ки чи сон хама аз у метарсанд.

Хокимони ба давлаташон афтода газанд

Аз гадо бадтаранд.

Рузе фахмидам нохост,

Ки шохи Яик пайи ёфтани мост,

Шитофтам хамоно суи волидон,

Зори намудам, ки шаванд пинхон.

Менолид падарам,

Менолид модар,

Мегуфтанд, ки аз ин зиндаги мурдан бехтар.

Осон нест, дусти мехрубон,

Бо зикри бешумори казои Яздон

Ва зориву таваллои дахчандон

Тасалло додани навмедон.

Ва окибат фирор кардем боз

Суи навин азобхо, дардхо, хасратхои чонгудоз…

 

Барах (гирён)

Кофист, хочаи мехрубон!

Аз наклатон шуд дилам хунчакон!

Чи рузи бад,

Ки шох Темур бо хамсару нури басараш мебинад!

Хонадоне чунин муътабар,

Бузургдилу окилу диловар

Гаштааст дарбадар!

Бигу вале, ки хастанд дар чи хол

Шохи бемислу маликаи бемисол?

 

Халаф

Зиндаанд, Барах, зинда,

Бидон, ки метавонад бишавад чунон пурандух

Кисмати ононе, ки буданд зодаи шахомату шукух.

Иродаи оханин

Бояд тоб биёрад ба ин.

Бояд бидонад он,

Ки дар пеши Яздон

Ночизанд шохон.

Ва танхо бо иродаи шоён

Ва ичрои амри Яздон бузург аст инсон.

Инак, расидем мо ба Хуросон,

Ки Хакобод буд хокими он.

Ночизтарин ходими даргохаш шудам ман,

То кути лоямут биёбам барои се тан.

Одилмох – духтари шох

Инсоне буд дилогох,

Дидаи рахм ба ман медухт,

Балки аз рахм бештар буд он эхсос,

Ки чону диламро меафрухт.

Гуё нигохаш медид аён,

Ки асли ман беш аз онест,

Ки зохирам медихад нишон.

Баногох падари у бо шохи Чин чанг сар кард.

Мардум хар чиз мегуфт дар бораи он набард.

Асли хол ин буд лекин,

Ки Хакобод маглуб шуд аз шохи Чин,

Кир карда шуд хонадонаш саропо

Ва духтараш Одилмох гарк карда шуд дар дарё.

Мо низ, аз тарси чангу вахшатхои он

Фирор намудем аз мулки Хуросон.

Пои урёну Тани белибос

Бо сад азоб расидем ба Барлос.

Инак, мешавад соли чахор,

Ки хаммолам

Ва бо ин пешаи душвор

Мекунам парастории волидайни хору зор.

 

Барах

Кофист, шохзода, кофист!..

Мебинам, ки либосатон шохона аст,

Бало ба паси бадбахтихо,

Бигуед, ки чи гуна барор додатон даст?

 

Халаф

Боре

Гум шуд шохини шикории шохи Барлос Алингвир,

Ман онро кардам дастгир,

Шох аз аслу насабам шуд пурсон,

Ман, аз асрори худ харосон,

Гуфтам, ки бо падару модари пирам факиру бадхолам,

Зери бори гаронам умре – хаммолам.

Шох хамоно

Волидонамро дар хонаи гадоён кард чо

Ва фармуд ба ходимон,

Ки бошандашон неку нигахбон.

(Мегиряд.)

Ана, дар кучоянд шоху маликаат, Барах…

Аз тарси он ки мешаванд ошкор

Ва ба чазо гирифтор,

Он макон аст барояшон дузах.

 

Барах

(гирён)

Чи харфест, ки мешунавам, Худоё!

 

Халаф

Алингвир – шохи он чохо

Дод ба ман хамёне пурдинор,

(хамёнро аз багал мебарорад)

Аспе рохвор

Ва либоси сазовор.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …