Главная / Чамъият / Гирифтани молу мулк ва хуччатхо

Гирифтани молу мулк ва хуччатхо

Моддаи 69-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Гирифтани  молу мулк ва хуччатхо 

  1. Молу мулк ва хуччатхое, ки бевосита олот ё ашёи  хукуквайронкунии маъмури буда, хангоми дастгиркуни ё азназаргузаронии шахси ё азназаргузаронии молу мулк ошкор гардидаанд, танхо бо максади таъмини баррасии хаматарафаи парванда ва ичрои чазои маъмури бо рохи мусодира ё бо подош гирифтани ашёи хукуквайронкунии маъмури танхо дар асоси санади суди гирифта мешаванд.
  2. Молу мулке, ки олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури мебошанд ва хуччатхои барои парвандаи хукуквайронкунии маъмури хамчун далел ахамиятдошта, ки зимни азназаргузаронии биною худудхои ба шахсони хукуки тааллукдошта ва молу воситаи наклиёт ё дигар молу мулки дар онхо вучуддошта, инчунин хуччатхои тааллукдоштаи онхо ошкор гардидаанд, аз чониби шахсони мансабдори ваколатдор, ки Кодекси мазкур пешбини мекунад, дар хузури ду нафар шахсони холис гирифта шуда, дар чойхои махсусгардонидашуда, ки макомоти ваколатдори давлати мукаррар намудаанд то мохиятан барраси гардидани парванда нигох дошта мешаванд. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
  3. Молу мулк ва ашёи гирифташуда, ки мухлати нигохдориашон махдуд ва ашёхои муомилоти гражданиашон махдуд, инчунин зудвайроншаванда, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои фуруш, коркард ё нигохдори ба ташкилотхои дахлдор супорида мешаванд ва агар нигох доштанашон гайриимкон бошанд, нобуд карда мешаванд.
  4. Суд дар вакти кабули карори махрум кардан аз хукуки махсус хамзамон дар бораи гирифтани шаходатнома оид ба хукуки махсус ва ба макоми дахлдор супоридани он таъинот кабул менамояд.
  5. Дар сурати кабули карори махрум кардан аз хукуки идора кардани воситаи наклиёти намуди муайян ва эътибори конуни пайдо кардани карор, шаходатномаи ронандаги баргардонида намешавад, инчунин талони кайди вайронкунии замимаи он ва ичозати муваккатии хукуки идоракунии воситаи наклиёти намуди муайян, гирифта мешаванд.
  6. Дар сурати кабули карори таъини чарима ва эътибори конуни пайдо кардани карор шаходатномаи ронандаги барои хукуки идора кардани воситаи наклиёти намуди муайян ва талони кайди вайронкунии замимаи он баъди пардохти чарима баргардонида мешаванд.
  7. Дар бораи гирифтани  молу мулк  ва хуччатхо протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи овардан ё дар протоколи дастгиркунии маъмури кайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи хукуквайронкунии маъмури дар бораи гирифтани   шаходатномаи ронандаги, шаходатномаи тракторчи-машинист, шаходатномаи киштирон ё шаходатномаи хавонавард сабти зарури  карда мешавад.
  8. Дар протоколи гирифтани  молу мулк  ва хуччатхо дар бораи намуд ва нишонахои хуччатхои гирифташаванда, намуд, микдор ва дигар аломатхои хаммонандсозии молу мулки гирифташуда, аз чумла дар бораи намуд, тамга, модел, кутр, силсила, ракам ва дигар аломатхои хаммонандсозии силох, намуд ва микдори тир маълумот сабт карда мешавад.
  9. Дар холатхои зарури хангоми гирифтани молу мулк ва хуччатхо суратгири ва навори кино, сабти аудио, видео ва дигар усулхои мукарраршудаи кайди далелхои шайъи татбик мегарданд.
  10. Ба протоколи гирифтани молу мулк ва хуччатхо шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд ва шахсони холис имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд, дар он кайди дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол ба шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд ё ба намояндаи конунии вай бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
  11. Дар холатхои зарури молу мулк ва хуччатхои гирифташуда дар чойи гирифтан борпеч ва мухр карда мешаванд. Молу мулк ва хуччатхои гирифташуда то баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар чойхои муайяннамудаи шахси мансабдор, ки молу мулк ва хуччатхоро гирифтааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд.
  12. Силохи оташфишон ва тирхои он, инчунин дигар намуди силоху лавозимоти чангии гирифташуда бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд. Нисбат ба шахсе, ки хукуквайронкунии маъмуриро зимни ичрои вазифахои хизматиаш содир намудааст, ин чорахо танхо дар холатхои таъхирнопазир татбик карда мешаванд.
  13. Воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхои гирифташуда, инчунин спирти этили ва машрубот, ки чавобгуйи талаботи хатмии стандартхо, коидахои санитари ва меъёрию гигиени нестанд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои коркард  ё нобуд кардан фиристонида мешаванд. Намунахои воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхо, спирти этили ва машруботе, ки бояд нобуд карда шаванд, то эътибори конуни пайдо кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нигох дошта мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …