Главная / Биология / Гигиенаи системаи асаб

Гигиенаи системаи асаб

Речаи руз. Тавре ки зикр карда будем, системаи асаб хамаи холатхои физиологиро ба тартиб меандозад, алокаи организмро бо мухит таъмин менамояд. Вайроншавии фаъолияти системаи

асаб боиси хар хел беморихо мегардад. Пешгири кардани он нихоят зарур аст. Яке аз мухимтарин чорабини ба речаи руз риоя намудан мебошад. Бо навбат иваз шудани кор, истирохат ва хоб рефлексхои шартии ба хам алокамандро ба вучуд меорад.

asab

Мехнат. Хам мехнати фикри ва хам чисмони ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Вале кор бояд ба таври муайян, ба тартиб ба рох монда шавад. Меъёрхои кори одами калонсол аз 8 соат набояд зиёд бошад. Талабагон вобаста аз синну солашон бояд аз 4 то 8 соат кор кунанд. Дар байни кор барои дамгири ва хурокхури танаффус кардан зарур аст.

Истирохат. Истирохат дар вакти аз мехнати касби ё тахсил озод будан гузаронида мешавад. Истирохатро хамчун оромии пурра ё бекори тасаввур кардан нашояд. Сайру гашт шакли бехтарини истирохат аст. Дар як руз барои истирохати талабагон 3-4 соат вакт чудо карда мешавад.

Хоб. Аз руи таълимоти И.П.Павлов хоб як намуди боздори буда, организмро аз мондашавии зиёд нигох медорад ва хоби барохат барои баркароршавии кори магзи сар ёри мерасонад.

Хобро кори доимо якхела (монотони) тез ба амал меорад. Меъёри хоб аз синну сол вобаста аст. Мактаббачагони 10-15-сола бояд на камтар аз 9 соат хоб кунанд. Барои одамони калон 8 соат хоб кардан кифоя аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …