Главная / Илм / Гигиенаи бонувон

Гигиенаи бонувон

gigienai-bonuvonГигиенаи бонувон. Духтар бояд то синни навраси оид ба коидахои умумии Г. ш. тасаввуроти пурра дошта бошад, ба худ нигохубин карда тавонад. Модар, кормандони тиббии мактаб ё муаллима бояд ба духтар оид ба хусусиятхои анатомию физиологии организми зан маълумот дода, фахмонанд, ки хайз ходисаи табии буда, минбаъд мунтазам такрор мешавад. Агар духтар аз ин бехабар бошад, пас якбора пайдо шудани хун метавонад ба у зарбаи рухи расонад, давраи хайз халал ёбад. Хангоми дар давраи хайз бисёр рафтани хун, духтарчаро хатман ба духтури гинеколог нишон додан лозим аст.
Дар вакти хайз бинобар бекувват шудани организм таъсири микробхои сирояти ба узвхои таносул меафзояд. Аз ин ру, дар рузхои хайз аз паи тозагии сарулибос ва бадан шудан хеле мухим аст. Ба духтарон коидахоеро, ки дар вакти хайз риоя кардани онхо шарт аст, бояд омузонд. Дар аснои муътадил чараён гирифтани хайз тарзи зисту зиндаги набояд тагйир ёбад. Метавон бо варзиши чисмони машгул шуд, аммо чахиш, ичрои машкхои вазнин, велосипедрони, шиновари, иштирок дар мусобикахо мумкин нест. Тан, хусусан пой ва кисми поёни шикамро аз хунуки эхтиёт кардан лозим. Шустани бадан дар зери душ бехтар аст. Кабули ванна хам мумкин, аммо об бояд муътадил бошад. Рузе ду маротиба аввал даст ва баъд узвхои таносулро бо оби гарму собун мешуянд (аввал аъзои таносул, сипас рону макъад). Бевосита дар тагора шустани узвхои таносул норавост.
Хангоми хайз аз тахгиракхои махсуси гигиени истифода мебаранд. Тахгиракро дар як шаборуз чанд маротиба иваз мекунанд, то ки хуни дар он шахшуда чатанро захмдор накунад. Гайр аз ин, чанд трусии махсуси пахтагин ё трикотажи доштан лозим; трусихоро баъди шустан, дарзмол бояд кард. Дар синни навраси ба масъалаи тарбияи чинсии духтарон диккат дода, ба онхо мафхуми «шарафу номуси духтари», «шаъну эътибори зан»-ро фахмондан зарур аст.
Гигиенаи занхо низ хамин коидахоро дарбар мегирад. Духтарон дар бораи хаёти чинси бояд чунин тавсияхои бехдоштиро донанд: Чунончи, баъди алокаи чинсии аввалин муддати 2 – 3 руз аз мучомаат худдори кардан лозим аст (то ки пардаи кафидаи бакорат газак нагирад); дар рузхои хайз ба алокаи чинси набояд рох дод, зеро микробхо ба рохи таносул афтода, хунрави пуршиддат шавад; дар давраи хайз гасли махбал манъ аст; мучомаат бояд дар муддати 2 – 3 мохи аввали хомилаги махдуд ва 2 мохи охири пеш аз таваллуд комилан катъ гардад; алокаи чинси дар муддати 6 – 8 хафтаи баъди таваллуд низ манъ аст. Агар зан бо ягон сабаб кудакдор шудан нахохад, пас оид ба тадбирхои пешгирии хамл бояд аз духтур маслихат пурсад (дар ин сурат бо искот хочат намемонад).
Дар давраи климакс гайр аз тадбирхои умуи ва нигохубини узвхои таносул, хар руз бо сачоки тар пок кардани бадан, варзиши чисмони, сайругашт дар хавои тоза, гизои хушсифат тавсия мешавад. Бонувони аз хайз мондаро лозим аст, ки соле ду маротиба, хусусан хангоми пайдо шудани тарашшухи узвхои таносул, ба духтури гинеколог мурочиат кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …