Главная / Илм / Гиёхи шура дар Канзи Шифо (Китоб)

Гиёхи шура дар Канзи Шифо (Китоб)

shura-640x330Гиёхи шура — Ин гиёх бештар дар он чохое, ки чуфт намерасад, яъне шудгор карда намешаванд, меруяд. Алафаш сабз, пушти баргхояш чун шура дамидахои тунуке дорад. Дар мавсими бахор нашъунамо мекунад. Онро мардум бо усулхои гуногун мехуранд. Ин растаниро ба забони руси лебеда меноманд.

Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст.Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, оругро хушбуй мегардонад, он чи дар шикам бошад, хазм мекунад, гизоияташ кам аст ва часпандаги дорад. Хуллас, хар он чи дар шикам бошад, ба воситаи исхол хорич мекунад. Агар оби гиёхи тару тозаи онро биёшоманд, зардобро ба воситаи исхол дафъ мекунад.

Аз 25 то 150 грамми онро бо обе, ки дар он як шабонаруз мавизи ангур тар карда шуда бошад, бо шакари сурх биёшоманд, логари, сустии меъда, дарди камар, дарди пушт ва дарди суринро, агар таб набошад, шифо мебахшад. Вале дар меъда гарони ходис мекунад бинобар часпандаги доштанаш. Бояд ки оби онро начушонида биёшоманд ва агар бичушонанд, кувваташ бархам мехурад.

shura-2-300x225Баъзехо 300 грамм оби онро бо 35 грамм шакари сурх меошоманд, кувват ва таъсираш зиёда зохир мегардад. Тару тозаи ин гиёхро бихуранд, пешоб ва ширро равон мекунад, маниро зиёда мегардонад, бохро ба харакат меоварад. Вале баъзехо мегуянд, ки маниро хушк, хатто катъ мекардааст. Тухмаш барои дафъ кардани зардоб ба воситаи исхол кавитар аз гиёхаш мебошад.

Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушки шурагиёх дар як руз то 10,5 грамм ва аз оби гиёхи тару тозаи он то 200 грамм аст, ба шарте ки бо 35 грамм шакари сурх биёшоманд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …