Главная / Илм / Гелос

Гелос

gelos-660x330Гелос ва олуболу — Ин мевахои маълум. Меваи гелоси пухтаги калонтар аз олуболу, рангаш ба сурхи моил мебошад, навъи зардаш хам вучуд дорад. Вале олуболу бошад, сурхи кабудтоб мегардад, хатто ба ранги хун аст. Мизочи самари олуболуи пухтаги дар дарачаи дувум сард ва тар аст; вале мизочи гелоси пухтаги дар дарачаи якум гарм ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: агар гелосро бихуранд, бинобар рутубати часпак доштанаш аз меъда зуд мефурояд: барои дагалии халк ва шуш даво мешавад, агар аз болои таом бихуранд, бадхазми меоварад ва меъдаро заиф мегардонад, инчунин агар аз болои таом бихуранд, хар моддае, ки дар меъда бисёр бошад, ин низ ба мизочи хамон табдил меёбад. Дар вакти руй додани ин гуна хол чизхои хазмкунандаи таоми гарммизочи кувватбахш бояд хурда шавад; инчунин ин дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан бо донакаш хурда шавад, вале дар айни хол бахаракатоварандаи олати марди низ мебошад. Агар хушкашро бихуранд, дарунро мебандад.

Олуболуро бихуранд, ташнагиро мешиканад, тези ва чушиши сафро ва фишори баланди хунро паст мекунад; бехузур (бечо) шудани дил, кайи сафрови ва исхолро дафъ мекунад, меъда ва чигари гармро кувват мебахшад. Куввати бандкунандагии он дар хушки он зиёда аз тари он мебошад. Аз донакаш шира кашида, бо дахяк хиссаи он арпабодиён бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, захми рохи пешоб, яъне сузокро шифо мебахшад, хайзи бандгаштаро чори мекунад.

 gelos-1

Чун магзи тухми онро бо пахтакухна якчо куфта, фатилахои борик сохта, дар сурохи закар гузоранд, захми рохи пешобро сихат мекунад ва он захмро аз олоишхо пок мегардонад, дар пешоб рим омадан ва сузиши пешобро шифо мебахшад.

Мизочи шилми хардуи ин дарахт гарм ва хушк аст ва дар хислат монанди шилми олу мебошад. Хусусияти поккунандаги дорад, часпак аст, ахлоти часпакро меканад. Инак, барои дагалии касабаи шуш, яъне рохи нафас, неку гардондани ранги рухсор ва барангехтани иштихо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар дагалии узвхои даруни сина аз хушки бошад, бо часпандагии худ шифо мебахшад ва балгами часпакро аз он меканад, пок мегардонад ва барои сурфаи кухна даво мебошад, шарташ хамин, ки инро бояд бо оби хунук биёшоманд.

Микдори як бор хурдан аз шилми хар дуи ин дарахт дар як руз 4,5 грамм аст. Ин шилмро махин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад ва кутури онро дафъ месозад. Агар ин шилмро дар об хал карда бимоланд, башараро пок мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …