Главная / Илм / Гази калони кухи дар Канзи Шифо (Китоб)

Гази калони кухи дар Канзи Шифо (Китоб)

ozero_bolshoy_aloudin-3-660x330Гази калони кухи (ба русс. Тамариск) — Ин дарахт дар кухистонхо меруяд, баландиаш зиёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершох мебошад. Баргаш монанди баргхои гази одди ва арча аст, бе гул мебошад; самараш ба андозаи нахуде, сабзи зардтоб. Таъми баргаш хам, самараш хам ба тунчи моил ва каме талхи низ дорад. Самараш аз гиреххои шохи он пайдо мешавад, дар фасли тобистон расида мегардад, даруни он тухмхои резаи ба хам часпида дорад.

Мизочи шоху баргхояш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале мизочи самараш дар дарачаи дувум сард ва дар севум хушк мебошад.

Хислатхои шифобахши он: барг ва навдахои онро бихуранд, дарунро аз чизхои бегона ва нодаркор пок мекунад, гиреххои дар сипурз пайдошударо мекушояд, чигарро кави мегардонад ва варами онро тахлил медихад; барои иллати махав ва сиёх кардани муйи сафедшуда нафъ дорад. Агар онро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Онро сухта, ба дудаш ва дар об чушонида, ба бухораш бидоранд, кач шудани руйро ислох мекунад.

Реша, шоху навдахо ва барги онро дар об чушонида, он обро бинушанд, гиреххои сипурзро мекушояд ва варами ин узвро тахлил медихад, муйи сафедшударо сиёх менамояд, барои иллати махав дору мешавад. Агар онро дар сирко ё дар шароб чушонида, он сирко ё шаробро бинушанд, чигарро кувват мебахшад ва варами онро мегардонад. Ва агар инро куфта, аз ру гузошта банданд, варами чигарро тахлил медихад.

Онро сухта, ба дудаш то хафт дафъа бидоранд, кач шудани руйро ба ибро меоварад, донахои дамидаи иллати нагзакро мерезонад; бавосир ва чушишхои майдаи пустро, ки зардоб аз онхо таровиш кунад, шифо мебахшад.

Хокистарашро ё оберо, ки хар як кисми гази калони кухи чушонида шуда бошад, бимоланд, макъади баромада (кутани беруномадаро) ба чояш мебарад, муйро кувватнок мекунад. Хокистарашро ба чое, ки хун рафтан дошта бошад, бипошанд, хунро зуд манъ мекунад.

Микдори як бор хурдан аз обе, ки дар он гази калон чушонида шуда бошад, дар як руз 250 грамм аст. Агар оби баргашро нушидани бошанд, 130 грамм ошомидан кофист. Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаро заиф мегардонад. Дар ин холат шилми бодомхоро бихуранд, зиёнаш ислох меёбад. Агар гази калони кухиро ёфтан душвор гардад, ба чойи ин самари сарвро истифода баранд, раво мебошад.

Самари ин газ назар ба махсулоти дигари дарахташ бештар давоги дорад. Онро бихуранд, моддахои зарарноки аз чохои дигари бадан ба узв рехташавандаро рад мекунад; милки дандон, чашм, меъда, чигар ва сипурзро кави мегардонад; рафтани хунро аз хар чойи аъзо, ки бошад, инчунин хун кай карданро манъ мекунад, намегузорад, ки назла аз сар ба поён фурояд, исхолхои сафрови ва рутубиро банд менамояд, зардпарвинро дафъ мекунад, рутубати бечо равоншавандаи бачадонро хушк мегардонад.

gazi_kalon-218x300Самари Гази калони кухиро як шабонаруз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро соф намуда, дар чашм чаконанд, моддахои ба чашм фурояндаро пас мегардонад, ба пилкхои чашм кувват медихад, инчунин чашмро тез мекунад. Ва агар онро дар об чуш дода, он обро дар дахан гардонанд ва ё худашро батакрор бихоянд, милки  дандонро мустахкам месозад, дандонро аз хурда шудан нигох медорад ва агар он чунбонак бошад, сахт менамояд. Агар инро бихуранд, барои хун кай кардан, иллатхои дамкутахи, бевакт равон шудани хайз ва хуни бавосир даво мешавад: хунравиро аз хар узв, ки бошад, манъ мекунад; намегузорад, ки назлахо аз боло ба поини бадан рехта шаванд, инчунин исхолхои сафрови ва рутубиро манъ мекунад. 25 граммашро дар об чуш дода ё дар оби гарм як шабонаруз тар карда, он обро бо шакар ширин карда бинушанд, зардпарвинро дафъ мекунад; куввати захри гундаро мешиканад, агар газида бошад; кутури тарро сихат мебахшад, рутубати бемаврид ва бисёри равоншавандаи бачадонро хушк мекунад ва дар мизочи тифлон барои дафъи рутубати гализи бадбуйи онхо доруи хубест; ранги руйро пок, неку ва тару тоза мегардонад; бадани беморони силро фарбех месозад ва баъд аз он хафт руз ё зиёда дар дуг катиро хал карда, бо 25 грамм самари ин дарахт пай дар хам биёшоманд ва аз болояш нони тунуки аз орди махини гандум тайёркардаро куфта бихуранд, бисёр фарбех мегардонад, инчунин ранги руйро пок, неку ва баравнак месозад.

Хулласи калом ин аст, ки чун касеро дар баданаш рутубати мурдор бошад, инро бихурад, баданро аз он пок месозад ва меъдаро кави мегардонад. Касеро, ки меъда ва баданаш аз моддахои бегона пок бошад, агар бихурад, онро кувват мебахшад, фарбех мекунад; исхол, пешобравии беироди, инчунин бемаврид равон шудани хайзро манъ мекунад. Агар инро дар зарфе битафсонанд, то он ки буяш барояд, онро бо 35 грамм гулнор хардуро якчо куфта бихуранд ва ду-се хафта хамин микдор истеъмол намоянд, исхолро манъ мекунад ва равон шудани хунро бозмедорад. Агар асабхо нотавон гашта бошанд, инро куфта гузошта банданд, ба ибро меоварад. Агар инро дар об ё дар сирко чуш дода, баъд куфта аз ру гузошта банданд, варами сипурзро мегардонад. Ва онро дар об чуш дода, бо он об бишуянд, кутури тарро шифо мебахшад, ранги руйро неку мегардонад, шапушхоро нест мекунад. Агар инро куфта бипошанд, хуни чарохатхоро аз рафтан манъ месозад, гушти зоиди онхоро мехурад. Ва агар куфтаи онро занхо аз таг бардоранд, рутубати бечо, равони андоми шарм ва бачадонро нест менамояд.

Чуби гази калонро сухта, ба дудаш бидоранд, барои одамоне, ки руяшон кач шуда бошад, нафъ мекунад. Аммо хурдани гази кухи ва самари он ба сар зарар дорад. Дар ин маврид тухми сабзии сахроиро бихуранд, зиёнашро ислох мекунад.

Микдори як бор хурдан аз самари он дар як руз аз 7 то 15 грамм аст. Агар самари гази калони кухи ёфт нашавад, ба хамон вазн мозу чойи онро гирифта метавонад. Агар мозу хам дастрас нагардад, кисми даруни анорро ба гайр аз донахояш ба чойи ин истеъмол намоянд, раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …