Главная / Маданият ва санъат / Газали Хазрати Гавсулаъзам Абдулкодири Челони

Газали Хазрати Гавсулаъзам Абдулкодири Челони

Ин газали Хазрати Гавсулаъзам Абдулкодири Челони (рах)-ро ба чихати осонии мушкилот дар холати сахти понздах бор бихонад:

gazal

То абад, ё Раб, зи Ту ман лутфхо дорам умед,
Аз Ту гар уммед буррам, аз кучо дорам умед.
Зистам умре басе чун душманон, душман магир,
Бевафои кардаам, аз Ту вафо дорам умед.
Хам гарибам, хам факирам, бекасу бемору зор,
Як кадах з-он шарбати дорушшифо дорам умед.
Ноумедам аз худу аз чумлаи халки чахон,
Аз хама навмедам, аммо аз Ту медорам умед.
Мунтахои кори Ту доим, ки омурзидан аст,
З-он, ки ман аз рахмати бемунтахо дорам умед.
Хар касе уммед дорад аз Худову чуз Худо,
Лек умре шуд, ки аз Ту ман Туро дорам умед.
Хам Ту диди ман чихо кардам, Ту пушиди зи лутф,
Хам Ту медони, ки ман аз Ту чихо дорам умед.
Зарра-зарра чун Худо гардонадам хоки лахад,
Бахри хар зарра зи Ту фазли чудо дорам умед.
Хам бадам, бад гуфтаам, бад мондаам, бад кардаам,
Бо вучуди ин хатохо ман ато дорам умед.
Равшании чашми ман аз гиря кам шуд, эй хабиб,
Ин замон аз хоки куят тутиё дорам умед.
Мухйи мегуяд, ки: «Хуни ман хабиби ман бирехт»,
Баъд аз ин куштан ман аз у лутфхо дорам умед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …