Главная / Биология / Гардиши хун дар организм

Гардиши хун дар организм

Узви гардиши хун. Ахамияти гардиши хун. Системаи узви гардиши хуни одам дил ва рагхои хунгардро дар бар мегирад. Дил хамчун узви маркази, чун насос кор карда, кашиш мехурад ва хунро ба воситаи рагхои хунгард ба тамоми сатхи бадан мебарад. Дил харакати доимии хунро таъмин мекунад.
Дар холати аз кор мондани дил марг зуд ба амал меояд, зеро махз бо кашишхурии дил хун ба хамаи бофтахо дохил шуда, ба онхо оксиген ва моддахои гизои мебарад. Харакати хунро дар рагхои хунгард гардиши хун меноманд.

gardishi-xun-768x424

Сохти дил. Дил дар кисми чапи ковокии кафаси сина чойгир аст. Дили одам ба хисоби миёна 250- 300 г мебошад. Дил дар халтаи дил, ки аз бофтахои пайвасткунанда сохта шудааст, чойгир аст.

Халтаи дил се вазифаро ичро мекунад:
1) доимо намнокии дилро нигох медорад;
2) молишхурии дилро аз кабургахо кам мекунад;
3) ба дил гизо медихад.

Дил аз се кабат иборат аст: кабати берунии пушонанда, кабати мобайнии мушаки, кабати даруни. Дили одам ба монанди дили хайвонхои ширхур ба чор кисм таксим мешавад: дахлези рост, дахлези чап, меъдачаи рост, меъдачаи чап.

Кабати деворхои дахлезхо назар ба меъдачахо тунуктар мебошад. Хун аввал ба дахлезхо, баъдан ба меъдачахо дохил мегардад. Меъдачахо кори хеле мухимро ичро мекунанд. Онхо
кашиш хурда, хунро ба рагхои хунгард тела медиханд. Девори мушаки меъдачаи чапи дил назар ба меъдачаи рости дил гафстар аст. Дар сархади байни дахлезхо ба меъдачахо даричахои (клапанхо) седара ва дудара мавчуд буда, дар байни меъдачаи рост раги шарёни ба шуш раванда ва дар байни меъдачаи чап шохраг даричахои хилолшакл мавчуданд.
Вазифаи асосии даричахо (клапанхо) ба як самт равона кардани хун мебошад. Хангоми кашишхурии дахлезхои дил даричахо ба тарафи меъдачахо кушода шуда, хун ба меъдачахо мерезад. Дар вакти кашишхурии меъдачахо даричахо махкам мешаванд ва намегузоранд, ки хун ба дахлезхо баргардад.

Рагхои хунгард. Рагхои хунгард ба тамоми бадани мо пахн шудаанд. Сохт, шакл, хачм ва дарозии рагхои хунгард гуногунанд (расми 45). Чор намуди рагхои хунгардро фарк кардан мумкин аст: шохраг, раги шарён, муйраг, раги варид. Шохраг раги калонтарин ва кутохтарин ба хисоб меравад. Шохраг ва рагхои шарён рагхое мебошанд, ки ба воситаи онхо хун аз дил харакат мекунад. Онхо деворхои мустахкам ва чандир доранд, ки таркибашон аз мушакхои суфта сохта шудаанд .

xun-00-768x291

Дил кашиш хурда фишори баланди хунро ба шохраг ва рагхои шарён тела медихад. Рагхои шарён ба туфайли мустахкаму чандир будани деворхояшон ба ин фишор тобоваранд ва хурду калон мешаванд. Рагхои шарёни калон ба кадри аз дил дур шуданашон ба рагчахои шарён (артериолахо) таксим мешаванд.

Рагчахои шарён бошанд, ба муйрагхо (капиллярхо) мубаддал мегарданд, ки онхо девори тунук дошта, аз як кабат хучайрахои эпителии нозук таркиб ёфтаанд (расми 46). Онхо имкон медиханд, ки моддахои дар плазмахои хун халшуда аз сурохии девори муйрагхо ба моеъи бофта ва аз ончо ба хучайра гузаранд. Махсули фаъолияти хаётии хучайрахо аз моеъи бофта ба воситаи девори муйрагхо ба хун мегузарад. Организми одам
тахминан 150 млрд. муйраг дорад.
Агар муйрагхоро бо хам пайваст кунем, бо онхо гирди экватори кураи заминро 2,5 маротиба печонидан мумкин аст. Хун дар рагхои варид – рагхое, ки тавассути онхо хун ба дил меравад, чамъ мешавад. Фишори хун дар рагхои варид баланд нест, девори онхо назар ба рагхои шарён тунуктаранд. Фарк дар он аст, ки дар дохили девори рагхои варид муякчахо ва клапанхо мавчуданд ва онхо ба як тараф харакат кардани хунро таъмин
менамоянд.

gardish-248x300Хун дар организм бо ду системаи сарбастаи рагхо харакат мекунад: 1) системаи калони гардиши хун; 2) системаи хурди гардиши хун. Даври хурди гардиши хун. Хангоми ба дахлези рости дил дохил шудани хуни камоксиген, меъдачаи рости дил кашиш хурда, хунро ба раги шарёни тела медихад. Раги шарёни ба 2-шоха таксим шуда, хам ба шуши рост ва хам ба шуши чап меравад. Дар шуш рагхои шарён ба рагчахои шарён ва муйрагхо табдил меёбанд ва хубобчахои хаво шушро печонида мегиранд.

Вакте ки аз муйрагхои шуш хун чори мешаванд, ба он оксиген дохил мегардад. Дар баробари ин гази карбонат, ки шуш аз он пур шудааст, аз хун ба хавои шуш мегузарад, яъне дар муйрагхои шуш хуни вариди ба хуни шарёни табдил меёбад. Баъд хун дар муйрагхо чамъ мешавад. Онхо бо хамдигар як шуда, чор раги вариди шушро ташкил мекунанд, ки ба дахлези чапи дил дохил мешаванд. Хамин тавр, гардиши хурди хун аз меъдачаи рости дил сар шуда, то ба шуш рафта баъд дар дахлези чапи дил ба охир мерасад.

Даври калони гардиши хун. Хангоми кашиш хурдан меъдачаи чапи дил хунро ба воситаи шохраг ба раги шарёни калонтарини бадан мефиристад. Аз он рагхои шарён чудо шуда, тамоми узвхо, аз чумла дилро бо хун таъмин менамоянд. Дар хар як узв рагхои шарён ба шохахо чудо шуда, ба шабакаи зичи рагчахои шарён ва муйрагхо табдил меёбанд. Тавассути муйрагхо даври калони гардиши хун ба тамоми бофтахои бадан оксиген ва моддахои гизои дохил шуда, аз хучайрахо ба муйрагхои гази карбонат мегузарад. Дар айни хол, хуни рагхои шарёни ба хуни вариди табдил меёбад. Муйрагхо аввалан ба рагхои вариди хурд ва сипас ба рагхои вариди нисбатан калон пайваст мешаванд. Аз онхо тамоми хун дар ду рагхои вариди холии калон чамъ мегардад.

Рагхои вариди холии боло аз сару гардан ва дастхо, рагхои вариди поён бошанд, аз хамаи узвхои бокимондаи бадан хунро ба дил мебаранд. Харду раги вариди холи ба дахлези рости дил дохил мешаванд. Хамин тавр, гардиши калони хун аз меъдачаи чапи дил сар шуда тамоми сатхи баданро бо хун таъмин намуда, дар дахлези рости дил ба охир мерасад. Вакти харакати хун дар организм чунин аст: хун бо даври калон дар 20-30 сония ва бо
даври хурд дар 4-6 сония харакат мекунад.

Саволхо
1. Гардиши хун чист ва чи ахамият дорад?
2. Дил кадом вазифаро ичро мекунад?
3. Дил чанд дарича (клапан) дорад ва онхо дар кучои дил чойгиранд?
4. Даричахо кадом вазифаро ичро мекунанд?
5. Кадом хусусиятхо барои рагхои шарён, варид ва муйрагхо хос мебошанд?
6. Тафовути таркиби хун дар гардиши хурд ва калон дар чист?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

xun-gardish

Харакати хун дар рагхо

Фишори хун. Фишори хун дар деворхои рагхо бо кувваи кашишхурихои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор …