Главная / Биология / Гандум дар Точикистон ва мухимияти он

Гандум дар Точикистон ва мухимияти он

Гандум  не ин зироати галладонагии бисёр кадима буда, кариб дар хамаи мамлакатхои дунё парвариш карда мешавад. Дар Миср, Ирок, Эрон, Туркиё 6 хазор сол пеш аз милод гандум маълум буд. Кишти гандум дар Осиёи Маркази низ таърихи кадима дошта, дар Бохтар дар асри 4 пеш аз милод огоз шудааст. Сайёхи машхури итолиёи Марко Поло ба Точикистон низ омада будааст ва бисёр будани майдонхои кишти гандумро дар Помир кайд кардааст. Олими рус Н. И. Вавилов Точикистонро маркази пайдоиши навъхои гуногуни гандум медонад.

Гандум дар хоб

Гандум зироати пуркимату мухими озукавори мебошад. Аз руи сафеданоки, микдори охар, хушхазмшави ва кобилияти зиёди гизои доштанаш аз дигар зироатхои галладонаги бартари дорад. Сабуси ордаш, хаспоя ва баргу пояи сабзаш хуроки хубу сергизои чорво ба хисоб меравад. Аз ин чост, ки талабот нисбати гандум дар микёси чахон хеле зиёд аст. Дар карорхои кабулкардаи Хукумати чумхуриамон низ босуръат ва собиткадамона баланд бардоштани хосилнокии зироатхои галладонаги, аз он чумла гандум, боисрор таъкид карда мешавад. Хусусан, барои афзун гардонидани хосил ва сифати дони навъхои пуркимати гандум, ки аз онхо нони аълосифат, макарон, ярма ва гайрахо ба даст оварда мешаванд, инчунин ба кам талафёбии галладона дар давраи чамъоварии хосил ва нигохдории он дар анборхо диккати чидди дода мешавад.

Дар айни замон, дар чахон 20 намуди гандум аник карда шудааст. Дар Точикистон 4 намуди гандум дучор мешавад. Аз инхо асо- сан гандуми сахт ва мулоимро мекоранд. Хар яки ин намудхо дар навбати худ, навъхои зиёде доранд.

Гандум чун дигар галладонагихо ба синфи якпаллагихо тааллук дошта, дорои аломатхои хосу умумии ин синф мебошад. Чун хушадорон гандум патакреша ва хаспоя дорад. Дар хаспояи гандум бандхо (бугумхо) инкишоф ёфтаанд, ки онхо ба поя устувори мебах- шанд. Аз хар як растании гандум аз минтакаи панчазани (ки дар зери хок пинхон аст) аз 2 то 12- то ва аз он зиёдтар поя ба боло кад мекашад. Барги гандум аз пахнак ва гилофак иборат аст. Пах- наки барг дароз буда, рагрониаш мутавози аст. Дар гандум хуша- гули мураккаб месабзад, ки аз хушачахо иборат аст. Дар тири хар кадом хушача ду пулакчаи хушаги хаст ва дар паси онхо аз 2 то 7 гул чойгир аст. Дар хар гули гандум дуто пулакча дида мешавад, ки дар байни онхо узвхои афзоиши гул, яъне 3 гардбарг ва тухмдон чойгир шудааст. Гули гандум худгардолудшаванда буда, ин ходиса то шукуфтани гул амали мегардад. Меваи гандумро дон ё дона мегуянд.

Гандуми сахт ва мулоим хеле пурарзиш мебошанд. Гандуми сахт ва мулоим аз руи сохти эндоспермашон фарк мекунанд. Эндоспер- ми дони гандуми сахт зичии зиёд дорад. Агар дони онро бурем, чун шиша чило медихад. Дар таркиби дони гандуми сахт микдори сафеда зиёд аст. Бинобар он, дони гандуми сахтро дар нонпази, истехсоли макарон, риштаугро, печени ва дигар махёулоти аз орд тайёршаванда истифода мебаранд.

Дар таркиби эндосперми нисбатан ковоки гандуми мулоим са- феда камтар буда, микдори охар хеле зиёд аст. Аз орди ин гандум асосан нон мепазанд.

Дар аксари холатхо кишти гандуми сахтро дар аввали фасли ба- хор гузаронида, гандуми мулоимро дар фасли тирамох мекоранд. Барои кишти тирамохии гандуми мулоим бе/птар навъхои Навруз, Сете Серрос-66, Красноводск-25 ва гандуми навъи Бесуки-1-ро ис- тифода мебаранд. Ин навъхо ба хунукй тобовар буда, пояашон устувор аст.

Тухми гандуми тирамохиро нисбат ба гандуми бахори чукуртар кишт мекунанд, то ки аз хунукихо осеб набинад. Мухлати кишташ- ро бошад, тавре муайян мекунанд, ки то сар шудани хунукихо майсахо нагз инкишоф ёфта аз 3 то 5-то папча зананд. Панчазании майсахои гандуми дар бахор кишт кардашуда суст аст. Бинобар он, онро зичтар мекоранд. Агар дар заминхои лалми меъёри коштани тухми дар як гектар 120-160 кг бошад, дар заминхои оби ин меъёр 200-250 кг-ро ташкил медихад.

Гандуми тирамохи назар ба бахори аз боришоти тирамоху зи- мистон бештар бахра мебарад ва то фаро расидани гармои сузону, хушк шудани кабати хок (фасли тобистон) пухта мерасад.

Барои руёнидани хосили баланди гандум истифода ва риоя кардани коидахои кишоварзи (агротехники) ахамияти калон дорад. Яке аз шартхои асоси коштани тухми хушсифату яккачини навъхои серхосилу ба касалихо тобовари гандум мебошад. Шарти дигар он аст, ки онхо ба шароити иклими макони кишт бояд мувофик бошанд ва замин аз нурихои маъдани таъмин шуда бошад. Инчунин, босифат гузаронидани шудгор, аз алафхои бегона тоза кардани замин, сари вакт бурдани мубориза бар зидди хашароти зараррасон ба хосили дон хосил зам мекунад. Дар заминхои обёришаван- да ба танзим даровардани мухлату меъёри обёри низ аз фоида холи нест.

Барои осон кардани захмати дехконон дар гузаронидани корхои кишоварзи (аз шудгор то чамъоварии хосил) воситахои гуногуни техники ба вучуд оварда шудаанд.

Дар катори растанихои мухими галладонаги ба чуз гандум, инчу- нин чав, чавдор, чуворимакка, шоли, марчумак, арзан, тритикале ва гайрахоро метавон номбар кард.

  1. Чаро гандумро ба оилаи хушадорхо дохил мекунанд?
  2. Хушаи гандум чи гуна аст?
  3. Аз гандум чи хел махсулоти ордй тайёр мекунанд?
  4. Гандуми мулоим аз сахт бо чи фарк мекунад?
  5. Барои хосили фаровони гандум ичрои кадом корхо шарт аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …