Главная / Илм / Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

gambusaki_sargin-2-660x330Гамбуски саргин -ин чонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — хама сиёх мебошанд. Дар пойи деворхо, хокрубахо ва саргин маком дорад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши Гамбуски саргин: агар ин чонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинушанд, ахлоти меъда, рудахо ва чигарро бо исхол дафъ мекунад, истискоро шифо мебахшад.

Онро пачак карда, ба чойи каждумгазида гузошта банданд, захри онро дафъ мекунад. Кисми дунболаи онро канда, баъд онро бифишоранд, аз он рутубат зохир мешавад, Ин рутубатро ба чашм кашанд, чашмро кави мегардонад, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Табиб Юнус гуфтааст, ки гамбуски саргин, ки дар хокистари гиёхи тугмачагул пайдо шавад, онро куфта, ба чашм кашанд, дарди чашмро шифо мебахшад; ва боз гуфтааст, ки чун пардаи акиби сари онро бардоранд, рутубате, ки зохир шавад монанди афюн, ба кадри 14 грамм дар садафе бигиранд ва онро фатилаи борики лоики сурохи закар сохта, он фатиларо ба он рутубат олонда, дар сурохи закар гузоранд, бокиро ба зери ноф, каши рон, хоя ва атрофи он бимоланд, хамон дам пешоби бастаро мекушояд. Ин рутубатро ба чашм кашанд, пардаи торикиовари чашмро дафъ мекунад ва торикии чашмро шифо мебахшад.

gambusaki_sargin-300x134
Гамбусаки Саргин

Гамбуски саргинро куфта гузошта банданд, захм ва реши соки пойро дафъ мекунад. Равгани зайтунеро, ки дар он гамбуски саргин чушонида шуда бошад, нимгарм дар гуш чаконанд, дарди онро хамон соат таскин медихад; агар ин равганро бимоланд, ханозер ва бавосирро тахлил медихад.

Ин гамбускро дар найча андохта, ба рони зан бибанданд, душвории зоиданро осон мекунад. Чун ин чонварро дар гули сурх гузоранд, гул пажмурда мегардад ва худаш мемирад ва онро дар саргин дафн кунанд, аз нав зинда мешавад. Агар сари Гамбуски саргинро дар бурчи кабутарон гузоранд, кабутарон ба он чо чамъ мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …