Главная / Биология / Гадудхои тарашшухи дохили

Гадудхои тарашшухи дохили

Системаи эндокрини. Мафхум дар бораи гадудхои тарашшухи (секретсияи) беруни, дохили ва омехта. Гадуд гуфта бофтахоеро меноманд, ки кобилияти аз худ чудо намудани ин ё он моддаро доранд. Аз чихати ихрочи махсули худ гадудхо се хел мешаванд: 

  1. Гадудхои тарашшухи беруни (экзокрини), ки махсули худро ба ковокии бадан ва ба мухити атроф ихроч мекунанд. Ба ин гадудхои луоби дахон, гадудхои чудокунии шираи меъда ва руда, талха, аракчудокуни, чарби, ширчудокуни ва гайрахо дохил мешаванд.
  1. Гадудхои тарашшухи дохили (эндокрини) мачрои махсули онхо факат ба системаи сарбаста хун кушода мешавад, яъне рохи муайяни худро надорад. Ба ин гадудхо хипофиз, эпифиз, гадуди сипаршакл, назди сипаршакл душоха, болои гурда дохил мешаванд. Гадудхои тарашшухи дохили аз худ моддахои махсуси биологи чудо мекунанд, ки онхоро «хормон» (аз калимаи лотини «hormо» ба хаячоноранда) мебошад. Хормон бо хун ба тамоми организм рафта ба кори бисёр системаи узвхо ва умуман ба фаъолияти хаётии организм таъсир мерасонад. Онхо чараёни мубодилаи моддахо, сабзиш ва инкишофи организмро танзим менамоянд.
  1. Гадудхои омехта хосияти экзокрини ва эндокрини доранд. Мачрои ин гадудхо ба хун ва ба ковокии бадан чори мешаванд. Ба ин асосан — гадуди зери меъда ва гадудхои чинси дохил мешаванд.

Ба системаи додашуда факат гадудхои тарашшухи дохили ва омехта мансубанд. Накши гормонхо дар мубодилаи моддахо, афзоиш ва инкишофи организм. Афзоиш ва инкишофи организмро якчанд гадудхои тарашшухи дохили таъмин мекунад. Масалан, гипофиз гормони сабзишро хосил мекунад. Ин гадуд бо магзи cap алокаманд буда, дар кисми поёнии зертеппа (гипоталамус) таркиби магзи мобайни чойгир шудааст. Гормони соматотропини вай ба рибосомаи хучайра таъсир намуда.

gadudho

Таксимшавии онро таъмин мекунад, ки инкишофи муътадили организм ба рох монда мешавад. Муайян карда шудааст, ки аз давраи кудаки агар микдори гормони сабзиш кам хосил шавад организм аз инкишоф боз монда кади кудак паст мешавад.

Гадуди сипаршакл ва назди сипаршакл. Дигар гадуде, ки гормони вай метавонад ба мубодилаи моддахо таъсир расонад ин гадуди сипаршакл мебошад, ки дар кисми пеши нойи нафаси кисми гардан чойгир шудааст, ки хангоми нофаъол шудани ин гадуд гормон кам хосил мешавад, дар натича кори дил суст гашта, харорати бадан паст мешавад. Ин имконияти пурра бо харакат даровардани хунро кать гардонида, хун дар муйрагхо ва рагхои варид чамъ мешавад, ки ин ба варами гулу оварда мерасонад, онро бемории чогар (зоб) меноманд. Дар кудакон бошад, нарасидани ин гормон ба суст инкишофёбии скелет хусусан сабзиши устухонхо ва камакли оварда мерасонад. Ин бемориро «кретенизм» меноманд.

Хангоми аз меъёр зиёд хосилшавии гормонхои ин гадуд неруи зиёд ихроч мешавад, ки организмро харобу логар мегардонад, асабхо суст гашта себаки чашм аз косааш мебарояд, ки ин бемориро чашмкалони ё бемории, «базед» меноманд. Гадудхои назди сипаршакл узви чуфт буда дар кисми акиби кабати болои ва поёнии гадуди сипаршакл чойгир шудаанд.

Хучайрахои ин гадуд аз худ паратгормон, паратин ё, ки паратироиди чудо мекунанд. Ин гормонхо дар чараёни мубодилаи калсий иштирок мекунад. Бо таъсири паратгормон фаъолгардии витамини дар гурда ва чигар мушохида мегардад. Хангоми кам шудани ин гормон кашишхурии мушакхои скелети, хусусан мушакхои руй ва акиби сар мушохида карда мешавад. Зиёдшавии ин гормон ба камшавии моддахои минералии устухонхо оварда мерасонад, ки ин бемориро остеопороз меноманд. Инчунин микдори намаки калсий афзуда, пайдошавии сангро дар гурдахо ва талхадон таъмин мекунад.

Гадуди зери меъда. Аз худ гормони инсулин ихроч мекунад, ки дар чараёни мубодилаи моддахо хусусан карбогидратхо накши марказиро мебозад. Инсулин аз b-хучайрахои ин гадуд хосил мешавад, дар баробаркунии микдори канд дар хун фаъолона иштирок мекунад, ки дар вакти оксидшавии он организм неруи даркориро мегирад. Хангоми кам хосил шудани инсулин ба чойи инсулин (канд) дигар моддахо оксид шуда, мубодилаи карбогидратхоро вайрон мекунад, ки дар натича пайдошавии бемории диабети канд ба вучуд меояд.

Гадуди болои гурда дар навбати худ аз кабати кишри ва магзи иборат буда хар яки он махсус гормонхоро чудо мекунанд. Масалан, кабати кишри гормонхои кортизон, гидрокортизон хосил мекунанд, ки дар мубодилаи моддахо иштирок намояд.

Аз кабати магзи бошад гормонхои адреналин ва норадреналин хосил мешаванд, ки дар фаъолгардонии кори дилу рагхо барои ичрокунии ин ё он кор иштирок мекунанд. Инчунин гормонхои гадуди болои гурда расиши узвхои чинсиро таъмин мекунанд.

Саволхо

  1. Барои чи гадудхои тарашшухи дохили мегуянд?
  2. Чанд гадудхои тарашшухи дохилиро медонед?
  3. Гадудхои тарашшухи дохили аз беруни чи фарк доранд?
  4. Кадом гадудхоро омехта меноманд?
  5. Кадом гормонхо дар расиши кади одам иштирок мекунанд?
  6. Гормони гадуди сипаршакл ба кадом органоидхои хучайра таъсир мерасонад?
  7. Сабабхои пайдошавии бемории диабети канд чист?
  8. Кадом гадудхо расиши узвхои чинсиро таъмин мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …