Главная / Илм / ГУВВОСИ ГуШ

ГУВВОСИ ГуШ

guvvosi-gushГУВВОСИ ГуШ, танин, чег задани гуш. Дар вазъияти хомушии том низ гуши одами тамоман солим гуввос мезанад; ба ин харакати хун дар хунрагхои хурди гуши даруни сабаб мешавад (ба ном садои физиологи). Гуввоси дарднок (патологи)-и гуш аз нобарор чори шудани хун дар асабияи сомеа ё ангезиши он аз беморихои гуши мобайни ё дохили, захролудии музмин аз сурб, арсен (маргимуш), симоб, машруботи спирти, никотин, хангоми бемории галаёни хун, гипотония (фишорпасти) ва г. ба вукуъ меояд. Одатан, Г. г. боиси бад шудани шунавои мегардад. Гуввос хар кадар баланд бошад шунавои хамон кадар паст мешавад. Хангоми кари, одатан, Г. г. нест мешавад. Афзудан (ё пайдоиш)-и Г. г. аз зуд-зуд тагйир ёфтани фишори артерия, аз хаячони барзиёди рухи, иштидоди чисмони, хастаги ба вучуд меояд. Баъзан хангоми хомилаги ва дар давраи катъи хайз низ гуш гуввос мезанад. Хангоми пайдоиши Г. г. ба духтур мурочиат бояд намуд, зеро он бисёр вакт метавонад нишонаи аввалин ва ягонаи иллати гуш ва дилу рагхо бошад. Занони хомила бояд аз Г. г. хатман духтури мушоварагохи занонаро огох намоянд, зеро он метавонад аз ноустувории фишори шараён гувохи дода, аломати аввалаи токсикози хомилаги бошад.
Г. г.-ро духтури мутахассис муолича мекунад. Табобат асосан ба рафъ намудани бемории асоси нигаронида шудааст. Барои муоличаи Г. г. электрофарез, магнитотерапия, гармишифои, масх, психотерапия, баъзан чаррохи самари дилхох меорад.
Ад.: Лихачев А.Г., Справочник по оториноларингологии, М., 1984; Пальчун В.Т., Вознесенский Н.Л., Болезни уха, горла и носа, М., 1986; Французов Б.Л., Французова С.Б., Лекарственная терапия заболеваний уха, горла и носа, Киев, 1988; Исхоки Ю. Б., Бемории гушу гулую бини, Д., 2010.

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …