Главная / Илм / ГУСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГУСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

gusfand-660x330ГУСФАНД (Гуспанд) — ин хайвони алафхури серпашм аст. Бехтарини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбех бошад. Сесола ва зиёди он ба ин дарача нест, зеро гушташ сахт ва душворхазм мебошад ва аз хурдани гушти кухансоли он моддахои бадфиол ва мурдор дар бадан пайдо мегардад. Бехтарин чойи гушташ барои истеъмол гушти гардан, китф ва наздики он чохост.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва тар аст. Хислатхои шифобахши он: гушти гусфанд зуд хазм мешавад, гизоияташ бисёр, хуни устувор аз он пайдо мешавад, кувват мебахшад, баданро фарбех мегардонад ва ин аз гуштхои мувофиктарин барои бадани инсон хисоб меёбад.

Дил, чигар ва гурдаашро бихуранд, дил, чигар ва гурдаро кави мегардонад. Агар магзи сарашро бо мудовамат бихуранд, касро ахмак мекунад ва фаромушхотир месозад. Гушташро бо лубиё ва нахуд мухарро пухта, бо сирко ва асал бихуранд ва мудовамат бар он намоянд, багоят баданро кави мегардонад, иллати бехушшавиро манъ мекунад, дилтапак (дилбози) ва логарии баданро дафъ месозад.

Равганашро хангоми куштан гармогарм фуру баранд, хамчунин гудохта нимгарм бихуранд, барои сурфа, дарди узвхон даруни сина, зик-ун-нафас (бронхиальная астма), сузиши пешоб (сузок) давои бисёр судбахш мебошад.

Гушти гармогарми онро дар вакти куштан гирифта, ба чойи зарбарасида ва латхурда, ки нав бошад, гузошта банданд ва чун хунук шавад, гушти нав бибанданд, дардашро ба зуди хомуш месозад ва намегузорад, ки варам кунад ё захм шавад. Инчунин пусташро гармогарм ба он мавзеъ печонанд хам, хамин асар дорад.

Гушташро сухта, гузошта банданд, бар зидди газидани морхо, каждумхои чаррора (каттолтарин) даво мебошад; агар онро бо шароб даромехта гузошта банданд, газидани саги девонаро шифо мебахшад. Хокистари гушти онро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад; агар онро бо сирко сиришта бимоланд, барои доги сафеди пуст фоида дорад.

Мизочи захрааш гарм ва хушк аст ва поккунандаи догхост. Агар инро танхо ба чашм бикашанд, гули чашмро пок мекунад. Захраи онро бо асал даромехта бимоланд, хамаи навъхои шукуфаи пустро шифо мебахшад. Бо захраи он сарро бишуянд (хусусан бо асал сиришта) сабусаки сарро дафъ мекунад. Хунашро гармогарм бимоланд, хориш, кутури пуст ва аъзои сухтагиро хамон дам сихат мегардонад.

Мизочи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бимоланд ва ё гузошта банданд, варамхо ва истискоро тахлил медихад ва захмхоро ба хам оварда шифо мебахшад. Саргинашро бо мумравган, ки аз равгани гули сурх ва муми занбури асал тайёр карда бошанд, гузошта банданд, сухтагии оташро шифо мебахшад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, шаро (аллергия), озаххои гуногун ва гушти зиёдатии руи пустомадаро дафъ мекунад, сухтагии оташ ва милкаки нохунро шифо мебахшад.

Саргини онро дар гулоб тар карда, баъд гузошта банданд, пучак ва чиртакхоро мекафонад. Хокистари суми онро бимоланд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад. Сумашро сухта, шуста бихуранд, исхолро манъ мекунад. Истеъмоли гушти гусфанд дар айёми вабо ва тоун чоиз нест, зеро хуни бисёр ва устувор аз он хосил мешавад — ин зарарнок аст.

Агар гушти гусфандро зудхазм ва сабук гардонидани шаванд, бо сирко ва обкома бихуранд, ки гаронии онро дафъ мекунанд. Инчунин бо чакка, курут ва татум бихуранд, хазмаш сабук мегардад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …