Главная / Илм / ГУРЗА

ГУРЗА

gurzaГУРЗА (Vipera lebetina), як навъ мори захрнок. Дарозиаш то 1,7 м, гафсу кутохдум. Хокистарранг ё кахваранги сурхтоб; дар ду пахлуи тахтапушташ холхои сиёх мавчуданд. Сараш калони секунча. Чоги болояш дандонхои калон дорад. Дар Африкаи Шимоли, Осиёи Чанубу Гарби, Закавказия (гайр аз Абхозистон) ва чануби чумхурихои Осиёи Маркази пахн шудааст.
Дар Точикистон V. 1. turanica дар хамворию доманакух, куххо, горхо (дар баландии то 2400 м аз с. б.), сохили дарё ва наистонхо вомехурад. Парранда ва калтакалосхоро мехурад. Захри Г. кушанда аст, онро дар тиб кор мефармоянд. Аз захри Г. мархами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») тахия месозанд, ки давои пуртаъсир аст. Онро ба пуст рузе 1 – 2 маротиба 5 – 10 гироми мемоланд. Дар саночакхо (15; 25; 40 ва 50 г) истехсол карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …