Главная / Илм / ГУРУСНАГи

ГУРУСНАГи

gurusnagiГУРУСНАГи чун ходисаи ичтимои аз сабаби муддати дуру дароз нарасидани гизо ба миён меояд. Г. ошкоро ва нихони (нимгуруснаги ё нарасидани моддахои хаётан зарур дар таркиби хурок) мешавад.
Г.-и ошкоро хамкадами садамахои табии ва ичтимоист (хушксоли, чанг, заминчунби, обхези ва г.), ки боиси якбора кам шудани микдори хуроквори (асосан галла), ему хошоки чорво, гушт, равгани хайвонот ва г. мегардад. Сабаби Г.-и нихони асосан таксими нобаробари неъматхои модди аст. Аз ин ру дар олам гуруххои одамие хастанд, ки чанг ва офатхои табии руй надода бошанд хам, аз хуроки хушсифат махруманд.
Г. окибати вазнини ичтимои дошта, ба афзоиши чинояткори, фохишаги, бепарастори ва беназоратии бачагон, беморихои сирояти, сил, витаминкохи, нарасидани сафедахо, афзудани фавт, кам шудани зоиш ва шумораи ахоли мусоидат мекунад. Окибати Г. чун сабабхои пайдоиши он, асосан ба дарачаи тараккиёти иктисоди ва мадании мамлакат вобаста аст. Чунончи, дар мамлакатхои аграри ва саноаташон суст офати табии – хушксоли, боронгари, сармои сахт ва г. боиси пайдоиши Г. мегардад. Дар мамлакате, ки аз чихати иктисоди таракки кардааст, ин гуна омилхо чандон хатарнок нестанд. Бад гаштани вазъияти байналхалки ва бухрони иктисодии дохили низ сабабгори Г. шуда метавонанд.
Г. чун зухуроти физиологи. Г. хисси махсусе аст, ки эхтиёчоти физиологии организмро ба гизо ифода менамояд; ба хамаи хайвонот ва одам хос аст. Ахамияти биологии Г. дар он мебошад, ки одам ва хайвонотро ба чустучуи хурок ва истеъмоли он водор месозад. Дар магзи сар хам маркази Г. ва хам маркази сери вучуд дорад. Бо чараёни барк ангехтани маркази Г. чонварони серро мачбур кард, ки гизо чуянд; ангезиши маркази серии хайвоноти гурусна бошад, хисси сериро ба вучуд овард. Хисси сери хангоми ихтилоли фаъолияти маркази Г. низ пайдо мешавад. Дар ин сурат хайвон, катъи назар аз он ки дар наздаш хурок хаст, аз Г. метавонад ба халокат расад. Хисси Г. бо сузиш, тазйик, хатто дарди сари дил, баъзан дилбехузури, чарх задан ва дард кардани сар зохир мегардад.
Дар аснои Г. тонуси мушакхои меъдаю руда афзуда, перисталтикаи Г. (баъди хар 1,5 – 2 соат 15 – 20 дак. кашиш хурдани меъдаю руда) руй медихад. Хангоми Г. микдори моддахои гизоии хун кохиш меёбад, ки онро «хуни гурусна» хам мегуянд.
Г. чун холати физиологи бо сери алокаманд аст. Одатан, конеъ гардондани хисси Г. дар мархилаи аввали сер гаштан ба вукуъ меояд, яъне хамон вакте ки гизо ба кисми аввали рохи хозима таъсир расонида, ретсепторхои онро меангезад ва маркази сери «бохабар» мешавад. Баъди 1,5 – 2 соати истеъмоли хурок, моддахои гизои чаббиш ёфта, хисси серии хакики ба вучуд меояд. Зеро хун барои таъмини фаъолияти хаётии организм микдори кофии моддахои гизои мегирад.
Дар танзими холати Г. ва минбаъд сер шудан депо (захира)-и моддахои гизоии организм ахамияти калон дорад. Депо дар шароити муътадил кабл аз сарф гаштани хамаи захираи моддахои гизои «баста» мешавад. Депо яке аз василахои мухофизат ва мутобикати организм буда, одам ва хайвонотро аз логари эмин медорад, онхоро водор месозад, ки пеш аз итмоми захира ба чустучуи гизо шуруъ намоянд.
Ихтилоли таносуби Г. ва сери боиси фарбехи ё логарии организм мегардад. Агар депои моддахои гизои «баста» ва «кушода» нашавад, логари фаро мерасад; агар он бармахал (яъне хангоми бисёр будани захира) «баста» шавад, микдори моддахои гизоии организм зиёд шуда, фарбехи инкишоф меёбад. Аз депо ба хун гузаштани моддахои гизоиро силсилаи асаби маркази ва гадудхои усораи дохили танзим мекунанд. Агар тасаккуни маркази Г. суст шавад ё тамоман боздошта нашавад, кас сериро хис намекунад ва аз меъёр зиёд хурок мехурад. Баръакс, агар истеъмоли хурок Г.-ро тез бартараф созад, микдори хуроки истеъмолкарда эхтиёчоти физиологии организмро конеъ намегардонад.
Риояи режими тагзия ва истирохат (эхсоси Г. бештар хангоми хастаги, асабоният ва г. бартараф мешавад) шарти асосии пешгири кардани ихтилоли танзими Г. ва сери аст. Ин, хусусан, ба кудакон дахл дорад, чунки тарзи танзими фаъолияти асаби онхо номукаммал мебошад.
Дар сурати беиштихои ё баръакс, аз хад зиёд будани он ба духтур мурочиат кардан лозим аст. Дар мавриди зарурат духтур режими мувофики тановул ва баъзан дору таъин мекунад.
Махдудияти тагзияро чун усули пархезшифои мутобики нишондоди катъии тибби баъди ташхиси хаматарафа истифода мебаранд ва зери назорати духтур ба амал меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …