Главная / Илм / ГУНДИШОПУР

ГУНДИШОПУР

akademiyaГУНДИШОПУР (муаррабаш Чундишобур; маънои лафзияш «шахри Шопур бехтар аз Антокия»), шахрест, ки Шопури аввал (241 – 271) ба дасти асирони руми дар минтакаи Хузистон дар шим. гарби Шуштари хозира бино карда буд. Г. маркази илму дониш ва донишмандону табибон махсуб мешуд. Дар он чо китобхои юнониро ба забони пахлави тарчима ва нигохдори мекарданд. Дар шахр бемористон ва донишгохе низ сохта шуд, ки то а. 3 хичри фаъолият дошт (ниг. Академияи Гундишопур). Г. махсусан дар замони Анушервон (531 – 579) равнаки бештар ёфта, ба махалли таълими тибби юнони ва омезиши он бо тибби эронию хинди табдил ёфт. Дар он чо донишмандони сурёнизабони эрони ва уламои хиндиву зардушти машгули кор буданд. Онхо асосан ба тиб таваччух зохир карда, бемористони Г.-ро дар охирхои ахди сосони ба баландтарин мархилаи пешрафту шухрати худ расонданд. Дар ин мадраса аз тачрибахои кавмхои мухталиф – тибби эрониён, хиндувон, юнониён, искандарониён, уламои сурёнизабон истифода мешуд. Дар бемористони Г. иддае аз табибони хинди мезистанд, ки ба омухтани тибби хинди машгул буданд. Онхо чанд китоб аз осори тибби хиндиро ба забони пахлави тарчима карданд, ки минбаъд ба забони араби баргардонда шуд ва мавриди истифодаи табибон ва донишмандони исломи карор гирифт. Мадраса ва бемористони Г. дар ахди хулафои аббоси низ чанд муддат фаъолият дошт, вале дар а. 3 хичри макоми собики худро тадричан аз даст дод.
Ад.: Забехуллох Сафо, «Таърихи улуми акли дар тамаддуни исломи», ч. 1, Техрон, 1331 х. ш.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …