Главная / Илм / ГУНЧИШК ПАРАНДАИ ШИФОДОР АСТ

ГУНЧИШК ПАРАНДАИ ШИФОДОР АСТ

gunjishk-660x330ГУНЧИШК (Чумчук) парандаест машхур ба зебои ва хушранг бо андак калонтар аз ахли ва нулаш борику дарозтар аст. Бехтарини навъхои он фарбехи даштиаш мебошад, ки дар фасли зимистон гирифта шуда бошад. Вале хонагиаш агарчи фарбех хам, ки бошад, барои давои бисёр заиф аст, хатто намешояд.

Мизочи гунчишки ахли дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизочи даштиаш дар хушки зиёдтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: гунчишкро пухта бихуранд, баданро гарм ва фарбех мекунад, барои одамони тармизоче, ки дар бадани онхо бодхо пайдо мешуда бошанд, мувофик аст ва бохи онхоро ба харакат меоварад, маниро зиёда менамояд ва олати мардиро ба харакат меоварад.

Гушти  гунчишкро бихуранд, дарунро мулоим мегардонад, вале кисмхои дигараш дарунро мебандад. Кавлхо зикр шудаанд, ки гунчишк аз парандаи сара аст барои иллатхои гуногун: фолич, кач шудани руй, сусту нотавон гаштани аъзо, карахти, сустии чигар, истиско (водянка), зардпарвин, сустии гурда ва бох, инчунин монанди инхо дору мешавад; бехтарин давоест барои одамони хунукмизоч ва тармизоч, инчунин барои касе, ки аз бисёрии боди шиками худ шикоят намояд, дору мебошад.

Магзи сари нари онро дар вакти хаячони буданаш гирифта, дар равгани бодоми ширин бирён карда, бо хуришхои хушбуйи таоми пуркувват бихуранд, багоят бохро меангезад ва маниро зиёда мекунад, инчунин олоти мардиро ба чунбиш меоварад. Бачаи он барои харакат додани бох ва шиддати ба чунбиш овардани закар кавитар аст, хусусан аз чизхои дарунашу пархояш пок карда, бо зардии тухми мург ва равгани зайтун бирён кунанду бихуранд, низ тухми гунчишк дар ин бобат кави мебошад.

Ин дар бех кардани бадан давои бемисл аст. Майнаашро бо зардии тухми мург бихуранд, бохро бармеангезад ва агар бо шароб бихуранд, низ хамин хосиятро дорад. Майнаашро занони назоянда аз таг бардоранд, боиси зуд хомила шудани онхо мегардад.

Вале хурдани гунчишк ба касони гарммнзоч зарар дорад. Давояш анор, гураи ангур ва сиканчабини турш ошомидан аст. Бехтар мешавад агар гушти онро оби анор ё гура пошида, бихуранд, то ки зудхазм гардад, зеро ки гушти он сахт ва гарммизоч аст.

Чун гунчишкро сар бурида, хуни онро дар орди наск бичаконанд ва хамирашро кулула созанду хушк намуда, дар вакти мубошарат як кулулаи онро бо асал соида, ба закар бимоланд ва пойро ба замин нагузошта, мубошарат намоянд, бохро бармеангезад. Хуни гунчишкро дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро пок менамояд.

Саргини он бисёр гарм ва хушк аст, гули чашмро пок мекунад, доги кунчидакро дафъ менамояд, инчунин догхои дигари дар рухсора пайдошударо нест мекунад. Саргинашро бо оби дахан сиришта бимоланд, озахро хушк карда мерезонад ва догхои кунчидакро бархам медихад.

Устухонашро соида бихуранд, меъдаро кави мегардонад ва исхолро банд мекунад. Агар онро бихоянд, ба узвхои даруни шикам ва рудахо багоят зарар дорад. Балки аз хоидан ё соида хурдани устухони он худдори кардан бехтар аст, зеро сурхруда ва рудахои шикамро мехарошад.

Хокистари пари онро бимоланд, варамхоро тахлил медихад. Чун гунчишки зиндаро ба гайр аз сараш пархояшро бикананду дар ошёнаи занбури асал биёвезанд, то аз газидани занбурон бимирад, баъд онро дар равган бичушонанду он равганро бимоланд, сустии олати мардиро дафъ мекунад, бохро кави мегардонад ва олати мардиро ба чунбиш меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …