Главная / Илм / ГУЛКАРАМ

ГУЛКАРАМ

gulkaramГУЛКАРАМ (Brassica cauliflora), сабзавотест яксола; ба сифати хуроквори истифода мешавад. Пояаш гафс; 15 – 20 барги дарозруяи нештаршакл ё нисбатан пахни тухмшакл дорад. Гултудааш сабзи баста, баъзан чилодор. Баргхои поёниаш думчаи кутох дошта, ба бехи поя часпидаанд. То чукурии 60, баъзан 100 – 120 см реша (тирреша) меронад. Решахои пахлуияш то 50 – 60 см пахн мешаванд. Баъди пурра шакл гирифтан, тудагулаш 5 – 6 навда меронад; навдахо зуд сабз шуда, шоха мебароранд, гул карда, хосил мебанданд. Тухми Г. майдаи чигари буда, кобилияти сабзишашро 3 – 4 сол нигох медорад.
Сараки Г. махсулоти хуби хурокист. Дар натичаи дуруст парвариш кардан, то 1,5 – 2 кг (баъзан бештар) мешавад. Г. сабзавоти пархезист. Онро чушонда, бирён карда ва дам дода истеъмол мекунанд. Нисбат ба диг. анвои карам зудхазм аст ва луобпардаи меъдаро намеангезад. Г. хоса дар мавриди беморихои рохи меъдаю рудахо ва чун гизои атфол нафъовар мебошад. Хангоми суст будани тарашшухоти меъда истеъмоли таомхои обчуше, ки аз Г. тахия шудаанд, ахамияти калон дорад. Онро дар аснои захми меъда ва рудаи дувоздаха, беморихои чигар ва талхадон низ тавсия медиханд (истеъмоли каллакарам чоиз нест). Барои одамони гирифтори никрис (подагра) зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …