Главная / Илм / ГУЛКАНД

ГУЛКАНД

gulkandГУЛКАНД, гулангубин, гулшакар, чуланчубин, доруест ширин ва гуворо. Дар тибби Шарк машхур аст. Аз барги гули садбарги тару тозаи муаттари чойдори тайёр мекунанд. Ду навъ мешавад: шакари (сакари) ва ангубини. Куввати ангубинии он то чахор сол ва шакарии он то ду сол бокист. Тарзи тайёр кардани Г. чунин аст: гулхои навшукуфтаи садбарги чойдориро пеш аз тулуи офтоб чида, аз сархона ва тухм пок карда, дар зарфе мекубанд (ё аз гушткимакунак мегузаронанд), ба андозаи сечанд, нихоят чорчанди вазни он шакар омехта, ба хуби дархам мезананд, дахони зарфро пушида чил руз дар офтоб мегузоранд. Баъзан барои хуштаъм шудани Г. ба он 4 – 5 барг заъфарон хам илова мекунанд. Табибони Шарк Г.-ро мукаввии меъда ва димог, мучаффифи рутубат, хамчунин барои баъзе амрози гурда, сулфа, камкуввати, ибтидои дарди мафосил нофеъ медонанд. Г.-ро дар таркиби дигар давочот низ истифода мекарданд. Мас., бо челон, тухми карафс ва г. чушонда медоданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …