Главная / Илм / ГУЛИ МАРВОРИД

ГУЛИ МАРВОРИД

bellis_perennisГУЛИ МАРВОРИД, марворидак (Bellis perennis), як навъ гули маъмул. Пояи кутох (15 – 20 см), барги белчашакл, сабадакгул (гулхои мобайниаш зарду канориаш сафед, сурх ё гулоби), тухми зарду мудаввари майда дорад. Дар маргзор ва алафзори Осиёи Маркази, Крим, Кавказ худруй аст. Барои ороиши хиёбону кучахо навъхои богиашро мепарваранд. Дар нохияхои хавояш гарм хушагулаш майда ва камнур мешавад. Дар шароити Точикистон аз авв. февр. ё март то барфи якум гул мекунад.
Сабадакгули Г. м.-ро хангоми лат хурдан, дунбал, бавосир ва г. тарбанди мекунанд. Чушоби гулашро барои муоличаи иллати узвхои нафаскаши, чигар, обхураву тарбод ва кабзияти меъдаву руда истифода мебаранд. Г. м. дар тибби муосир асосан чун давои иштихоовар, талхарон, тозакунандаи хун, рафъи сулфа кор фармуда мешавад. Онро хамчунин дар мавриди беморихои пуст истифода мекунанд. Агар 2 кошук алафи майдакардаи Г. м.-ро дар як истакон оби чуш 2 – 3 соат нигох дошта, сипас рузе 3 маротиба 1/3-истакони истеъмол намоянд, илтихоби рудаи гафс, газаки гурда ва захми меъдаро даво мебахшад. Бо чушоби ширгарми он тарбанди кардани банду бугум ба беморихои тарбод, артрит, артроз нафъ меорад. Алафи Г. м. (3 кошук)-ро 3 – 4 соат дар як истакон оби сард тар карда, рузе чанд маротиба ба он пусти руйро тарбанди (15 – 20 дак.) кунанд, догхои гуногунро меравонад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …