Главная / Илм / ГУЛИ ХАЙРи

ГУЛИ ХАЙРи

althaea_officinalisГУЛИ ХАЙРи (Althaea officinalis), гулхайри, хайри, гиёхест бисёрсола. Аз 60 то 150 см кад мекашад. Пояаш росту сершох, баргаш дилшакл, гулаш гулобии паст, сурхчатоб, баъзан сафед. Г. х. дар нимаи дуюми тобистон шукуфта, ботадрич тухм мебандад. Дар бог, канори чуй, сохили дарё, маргзори намнок меруяд. Дар мавзеъхои Зарафшон ва Точикистони Чануби вомехурад.
Г. х. растании доруи ва асаловар аст. Бо максади табобати реша, баъзан гул ва барги растани истифода мешавад. Решаи онро тирамох ё аввали бахор мегундоранд. Онро реза (10 – 20 см) карда, дархол мехушконанд. Хосияти давоии Г. х. аз замонхои кадим маълум аст. Абуали ибни Сино чушоби решаи онро барои илочи сузиши масона, руда ва омоси макъад тавсия додааст. Ба акидаи у барги Г. х. низ хамин хосиятро дорост; онро хангоми исхоли шадид истифода мебаранд. Чушоби тухми Г. х. тарашшухоти баъди зоишро тоза карда, кабзияти пешобу сулфаро рафъ, санги масонаро хал ва хунпартоиро пешгири менамояд. Барги Г. х. дар мавриди омосхои синаи занон ва илтихоби шуш муфид аст.
Г. х.-ро дар тибби мардуми хангоми беморихои меъдаю руда хамчун давои таскинбахш васеъ истифода мебаранд. Хокаи решаашро хини муоличаи илтихоби узвхои нафаскаши ва дарунрави рузе ду маротиба баъди хурок (1 – 2 г) ба кудакон медиханд. Бо чушоби реша ва баргу пояи Г. х. гулуро обгардон мекунанд ва чашмро мешуянд. Чушоби тухми Г. х. хунро тоза менамояд. Гулу барги онро хангоми назлаи (катари) роххои нафас ва пешоб истеъсол мекунанд. Дар баъзе нохияхои Точикистон бо киём ё чушоби баргу пояи Г. х. сарро мешуянд (муйро дароз мекунад). Афшураи Г. х.-и тару тозаро хамчун давои исхоловар якчоя бо каймок ба кудакон медиханд. Мархами аз гули Г. х. ва орди гандум тахиякардаро дар холати гарми ба захм, омосхо ва думбал мемоланд.
Ба акидаи табибони халки барги Г. х.-ро куфта ба захмхо гузошта банданд, дахани онхоро ба хам оварда сихат мекунад; барои ханозир шифо мебахшад; пучак ва хамчунин решхои римдорро мепазонад ва мекафонад; варамхои пистон ва макъадро зуд тахлил медихад. Тухми хушкашро куфта бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро мерезонад. Агар 10,5 г решаи Г. х .-ро дар об чушонда, он обро бинушанд, исхолро мебандад, иллати кулинчро шифо мебахшад, сузиши пешоб ва варами рудахоро дафъ мекунад; агар онро дар об чушонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандхои шахшударо нарм месозад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …