Главная / Илм / ГУЛИ ГОВАК

ГУЛИ ГОВАК

centaurea_cyanus_blue_diadem_01ГУЛИ ГОВАК (Centaurea cyanus), осмонгулак, талхагулак, чашми гов, гусолачашмак, гиёхест яксола. Пояаш рости сершох; 30 – 100 см кад мекашад. Баргаш нештаршакл, яклухт ё сепарра. Тухмаш хокистарранг, дарозруяи холдор. Май – авг. гул мекунад. Г. г. хамчун алафи бегона дар киштзори гандум, чав, чавдор, загир, юнучка, инчунин полизу богот меруяд. Дар баъзе нохияхои вил. Сугд онро кишт хам мекунанд. Дар амалияи тиб сабадгулакхои растани кор фармуда мешаванд. Сабадакро чамъ оварда, гулбаргхои канори онро мечинанд ва дар чои торик мехушконанд (дар рушнои ранги гул нест мешавад); буй надорад, таъми он талх аст.
Табибони мардуми накеъ ва чушоби гули онро хангоми табларза, заъфарма, дарди санги гурда, ташаннучи мушак, гулузиндонак, сулфа, заъфи узвхои хозима истифода мебаранд. Бо чушоби он иллати чашм (шабкури, илтихоби луобпардаи чашм)-ро табобат мекунанд.
Чушоб ва накеъи гули Г. г. дар тиб чун доруи пешобу зардарон тавсия шудааст. Бо накеъи он кори узвхои хозимаро таквият мебахшанд (2 кошукча гули онро дар як истакон оби чуш тар карда, ошомидан лозим).
Дар тибби илми гулбаргхои канории Г. г. чун давои сабуки пешоброн ва талхарон истифода мешавад. Як кошуки онро дар як истакон об чой карда, рузе 3 маротиба яккошуки меошоманд.
Г. г. растании асаловар аст. Асали он зарди сабзранг буда, буи бодомро дорад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …