Главная / Гуногун / ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

Ид буд он руз!

Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё!

Пирамард аз харруза барвакттар хеста, як сабад гулдаста тайёр кард. Руз акнун сафед шуда меомад, куллахо бошад, кайхо гарки нури офтоб гашта, нофармону норинчи метофтанд. Пирамард чашмонашро нимкоф карда, ба осмон менигарад. Хаво басо дилкаш буду дилкушо. Бо рагбат хавои абиромезро ба димог мекашаду кафо мегардад. Шоду масрур, табъаш меболид, калбаш месуруд. Вай бори дигар ба гулдастахои сабад менигарад. Бо мехр, бо хавас менигарад. Чун падар ба фарзанд менигарад. Баъд зери лаб мегуяд:

– Чи хушруед.

bihishtБале, гулхо багоят зебову кашанг ва чозибу дилрабо буданд. Ба хона буи хуши бахорро мебехтанд. Рангхои хаячонбахши гулхо гуё тамоми вучудашро нарм-нарм сила мекарданд. Дилаш аз фишори эхсоси ачибе ба изтироб меояд. Ва у боэхтиёт сабадро мебардорад. Гуё он кудак бошад. Руи хавли мебарояд. Руз гарм мешуд. Осмон каб-кабуд. Хуршеди оламтоб дурахшон. Хаво фарахфизо. У хам хурсанд. Чаро хурсанд набошад? Гулдастахои бо араки чабин парваридаи у ба одамон хурсанди, шодмони хоханд овард. Ва шояд – ки медонад! – бахт хам ато кунанд! Печони хамин эхсосот ва бо калби саршор аз сурур суи бозор мерафт. Оё у бори аввал ба бозор мерафт? Албатта не! Ба бозор бисёр рафтааст. Лекин ин дафъа дигар хел. Доим у хамчун харидор мерафт. Имруз бошад, хамчун фурушанда. Гулфуруши. Пирамард хеч гох нияти гулфуруши надошт. Панч сол пеш ба нафака баромада, давлати пири меронд…

Рузе писари шахриаш меояд. Аз ин суву он су гап мезанад. Ва баъд аз девор тароша афтодаги барин амр мекунад:

– Дар хавли гул бикор!

Падар бо аломати хайрат, суоломез ба писараш менигарад:

– Гулро чи кор мекунам?

Писар писхандомез табассум менамояд:

– Гул ба ту не, ба ман лозим.

Тааччуби падар бештар мегардад:

– Ту онро чи кор мекуни?

– Гул! – ангушти ишоратиашро боло мебардорад писар. – Пул!

Тааччуби падар дучанд мегардад:

– Пул?

– Ха, пул! Пули калон! Ана, бачаи чулоки Бурия бин. Биниша пок карда наметавонист. Падараш гул корид. Дар як сол сохиби хона, мошин шуд.

– Хм-м, – гуён, падар ба андеша меравад.

Ха, гапаш рост. Бачаи чулоки Бури аз паси гул бою бадавлат шуд. Хавасаш рафтааст. Орзую хавас зиён надорад. Вале он худ аз худ чомаи амал намепушад. Захмат кашидан лозим меояд. Араки чабин рехтан лозим меояд. О, то ранч накаши, ганч аз кучо?!

Чанд лахза хар ду хомуш мемонанд.

– Чи гуфти, дада? – нихоят яхи хомуширо мешиканад писар. – Чи, мо аз онхо кам-ми?!

Падар норохат шуда, мечунбад. Чашмаш ба чашмони писар бармехурад. Мефахмад, ки ба сари писараш савдои пул задааст.

– Рост, мо кам не, – андешаманд мегуяд падар. – Вале пули калон ба ту чи лозим? Ба будаш шукр кун. Нимта нон рохати чон. Ба васвасаи шайтон фирефта нашав.

– Нимта нон гуфта, ба кучо расиди?! – якбора мешурад писар. – На мошин дориву на хонаву дари халол. Одам барин зиндаги кардан лозим. Барои ин пул даркор. Пулдор кабоб мехураду бепул дуди кабоб.

Падар норозиёна ба у нигариста, хомуш мемонад. Хаёле ба андеша меравад. Мехохад сухани сахте гуфта, ин хавою хавасро аз сари у дур андозад, аммо аз раъяш мегардад.

“ – Хубу ганда фарзанд аст. Мурги орзуву хавасашро куштан хуб нест“, – мегуяд тахи дил ва сипас ру ба писараш меорад:

– Хайр, ман гулро мекорам, парвариш мекунам, ки онро мефурушад?

– Ман! – сари синаашро дамонда, бо дабдаба мегуяд писар. – Ба Маскав як дипломат гул мебараму як дипломат пул меорам.

– Барои чи ба Маскав?

– Аввалан, ки ин чо айб, сониян, ин ки он чо гул киммат.

Падар рози мешавад. Ба ними хавли гул мекорад. Парвариш мекунад. Гулзоре мешавад ногуфтани.

– Эха, дастат сабз будааст! – хурсанд шуда, бо завк мегуяд писараш.

Ва худи хамон сол писараш як дипломати калонро пури гул намуда, ба Маскав мепарад. Хаво салкину серун. Халоватбахш. Рух гирифта, нируе дармеёбад. Ва бардам кадам гузошта, суи бозор меравад.

Вале ин дам…

duxtaroni-tojik-75Бале, ин дам мебинад, ки ду кас аз пасаш. Ба кавли худаш «дум». Саросемаву безобита мегардад. Лахзае дасту по гум мекунад.

“ – Тамом! – бо тарс мегуяд тахи дил. – Ба даст афтодам. Мешинонанд. Шарманда, русиёх мешавам».

Тамоми вучудашро араки сард пахш мекунад. Дилаш гуп-гуп ба задан медарояд. Ба тарсу харос ин су – он су чашм медавонад.

“ – Кандан даркор!” – карор мекунад тахи дил.

Ва якбора рохи мешавад. Гуё пой бар замин намегузошт. Парвоз мекард. Чанд куча чапгалат медихад. Не, «Дум» канда намегардад. Мондаву шалпар, дамгир мешавад. Хак-хакаш ба осмон мепечад, вале намеистад. Пеш меравад. Ба кучаи калоне мебарояд. Куча калон хам бошад, камодам. «Гум» шудан амри махол. Чи кор карданашро надониста, лолу хайрон мемонад. Ногох чашмаш ба хайкале меафтад. Ба чашмаш гарму шинос менамояд хайкал. Дурустар зехн мемонад. Мешиносад: хайкали Ленин. Ким-чи хел ачоиб холате ба у руй медихад. Гуё гирехи сандуки синааш якбора кушода мешавад. Кариб монда буд, ки: «Урра!» – гуён, дод бизанад. Беихтиёр чониби хайкал рахсипор мегардад. Бошитоб, дав-давон меравад. Гуё саге таъкибаш менамуд. Чун ба хайкал мерасад, дипломатро ба замин мегузорад. Тез онро мекушояд. Саросема гулхоро бароварда ба пояи хайкал мегузорад. Ва каме нафасашро рост мекунад. Баъд аз чо хеста, бо сари хам як дакика хомуш меистад. Сипас ба гулдастахо дида медузад. Дилаш чигги мекунад.

“ – Хеч гап не, – дар дил худро тасалло медихад. – Пагохи омада мегирам”.

Дипломаташро гирифта, кафо мегардад. Мебинад, ки хамон ду нафар дуртар аз у истодаанд. Акнун онхо дасту по гум карда буданд.

“ – Бобатон кардам!” – писханомез ба онхо нигариста, дар дил табли шоди мезанад. Ва бо овози баланд:

– Ленин: бародар – рахнамо! – гуён, аз барашон гузашта меравад.

Тамоми шаб мижа тах карда наметавонад. Субх надамида, ба назди хайкал меояд. Меояду чун хайкал шах шуда мемонад. Аз гулхо на пай буду на хайдар.

– Ленин – бародар, кани гулхо? – бо дарду алам мегуяд у ба хайкал.

– Бурданд! – гуё мегуяд ба у хайкал.

Дилаш таги дег барин сип–сиёх мешавад. Боз ба хайкали Ленин менигарад. Дасти ба боло бардоштаи Ленин гуё ба у: “Гум шав!” – мегуфт.

Ба хона баргашта, аз бахри гулфуруши мегузарад.

– Нест кун! – бо газабу нафрат амр мекунад ба падараш.

Вале дили муйсафед намешавад. Гулзорро нобуд намекунад. Парвариш менамояд. Боре писараш омада, падарашро байни гулхо мебинад. Писхандомез мегуяд:

– Ха, гулпарвар?!

Падар хам паст наомада, бо хамон оханг мегуяд:

– Ха, гулфуруш?!

Писар гулбоз набуд, пулбоз буд! Чилои пул чашмони уро кур карда, хусни чахонорои гулхоро намедид.

– Гулбоз шуди-ку!

– Гулбоз аз пулбоз хазор бор бех!

Бале, гулбози ба падар писанд меафтад. Ва ин шугли асосиаш мегардад. Вай акнун аз субх то шом бо гулхо буд. Бо нигохубини онхо рузашро кур мекард. Аз ин халоват мебурд. Рух мегирифт. Кувваю дармон меёфт. Имсол хам гулзораш гул мекунад. Гулхои бисёр. Хар навъу хар намуд. Зебову дилрабо. Ва намедонад, ки бо онхо чи кор кунад. Менишинаду ба андеша меравад. Ин дам ба наздаш Асои муаллим меояд.

– Чаро хафа менамоед?..

– Хафа? Не, ман хафа не. Хамту каме ба фикр рафтам.

– Фикри чи? – кунчкови мекунад Асо.

– Фикри гулхоро, – чавоб медихад пирамард. – Намедонам, ки бо онхо чи кор кунам.

– Бурда фурушед, – бидуни андеша мегуяд Асо.

– Фурушам? – пирамард духтарча барин суп-сурх мешавад. – Магар айб нест?

– Чаро айб будааст, – Асо суи у чашми хайрат медузад. – Мехнати халоли худатон.

Пирамард боз ба андеша меравад. Рост, мехнати халоли худаш. Вале дудила мешавад: ба бозор барад ё не? Як рузи дароз «равам, наравам» карда, нихоят ба хулосае меояд, ки махсули мехнати халоли худро фурухтан ягон бадие надорад.

*       *       *

Пирамард ба бозор мерасад. Дар назди даромадгох холо нафасашро рост накарда буд, ки чанд кас пеши рохашро мегирад. Яке мегуфт, ки ман мехарам, дигаре мегуфт, ки не ман мехарам.

– Аз дасти ту руз нест. Ба хар бор пашша мешави.

– Худат чи, нафси бадат бетаг, мурдахур!

– Худат мурдахур!

Чанчоле мешавад ачоибу гароиб. Пирамард гиребонашро дошта зери лаб: “Ё навзанбиллох, тавба кардам, Худоё!” – мегуяд. Ва мефахмад, ки инхо чаллобхоянд. Аз у гулхоро яклухт бо нархи арзон мехаранду баъд киммат мефурушанд. Нафраташ чуш мезанаду чидди мегуяд:

– Ба хеч кадомат намедихам!

Ба растаи гулфурушхо меравад. Гулфуруш бешумор. Онхо ба у менигаристанд. Нигоххои ачибе. Тахдор. Тамасхур. Нафрат. Кин. Газаб. Боз ким-чи…

Як чои холи меёбад. Мехохад ба он чо гузарад. Зани хомфарбехе ба у нигох накарда, бо зардаву дагалона мегуяд:

– Ин чой банд!

Пирамард хайрон мешавад. Чаро ин зан, ки бо гул сару кор дорад, ин кадар дагал аст? Боз чой мекобад. Меёбад. Бо тарсу ларз наздик мешавад. Хайрият, ки ин дафъа касе: «Банд!» – нагуфт. Одами бисёре аз назди онхо гузашта мерафтанд. Баъзеашон дар назди у таваккуф мекарданд. Нархи гулро мепурсиданд ва калла чунбонида, рохи худро давом медоданд. Одам бисёр, гулхар кам. Аз ин пирамард ба тааччуб меомад.

Зане ба у наздик мешавад. Занро дидан замон дилаш гум мезанад. Ин зан ба завчааш монанд буд. Гуё у аз гур хеста, бахри тамошои муйсафедаш омадааст. Рабти нафаскашии пирамард вайрон мешавад. Кариб монда буд, ки: «Зебочон!» – гуфта фарёд бизанад. То ба худ меояд, ки зан дар ру ба руяш карор мегирад. Зане буд ситорагарм, зебову озода. Дили пирамард чун гулхояш мешукуфад. Ин лахза дар лавхи хотираш накши гесувони мушкбези парешон, чашмони сиёхи фаттон, чуши хандахои акикинлабони Зебо ба чилва меоянд. Ва у зеботарин гулдастаро гирифта, суи зан дароз мекунад.

– Хамшира, хамин гулдаста ба шумо тухфа!

– Тухфа?

– Ха, ха, тухфа. Аз ман ба шумо тухфа. Гиред.

Чехраи зан гулгун мегардад.

– Не, не, – мегуяд ва зуд аз у дур мешавад.

Бадани пирамард тасфида, руяш тоби гулгун мегирад. Аз карда сад пушаймон мегардад. Зери бори хичолат мемонад.

– Тир хок хурд-ку?!

Ин гуфта ба гушаш чун тир мерасад. Сохиби овоз марди хамшафаташ буд.

– Чи хел тир? – намефахмад пирамард.

Мард кох-кох механдад.

– Эъ, о, ин ришу фаша дар осиёб сафед карди?! Хи-хи-хи! Эх, содда! Хом! Хи-хи-хи!

Пирамард нав лаб ба сухан во кардани буд, ки чавони пахлавончуссае, ки дар байни халк ин кабилхоро «Букка» меномиданд, дар ру ба руяш карор мегирад. Ва бо зарда мепурсад:

– Гул чанд?!

Дар як он дар лабони пирамард табассум медамад.

– Се сомони.

Чавон гуё хайрон мешавад.

– Киммат-ку?!

– Наход?! – пирамард ба ришаш панча мезанад. – О, дигарон панч сомони мефурушанд-ку.

– Худата дон! – дуг мезанад чавон. – Ба дигарон корат чи?!

Пирамард китф дар хам мекашад.

– Як сомони медихам. Мешавад?!

Пирамард бо лабханд мегуяд:

– Аз афташ ошики, писарам. Гир, хамту, бепул.

Кошу кавоки чавон якбора гирех мезанад.

– Чи?! Хамту?! Бепул?!

– Ха, аз ман ба ту тухфа, хадя.

– Хадя?! Чи, ман ба ту духтарам, ки хадя мекуни?! А?!

– Не, чаро…

– Ха, ёфтам, харч агар аз кисаи мардум бувад, Хотами Той шудан осон бувад.

Пирамард хайрон шуда, музтар мемонад.

– Гулхоят муфт.

– Муфт? Чи хел муфт?

– Аз гулгашти давлати дуздиди!

Гуё ба синаи пирамард тир расида бошад, пайкараш таконе мехурад. Ва чи гуфтану чи карданашро надониста, бо чашмони пур аз тааччубу тахассури рахшон ба руи чавон менигарад. Башараи хунук ва чашмони беруху бенури чавон уро безобита мекунанд.

– Кани пеш даро! – мегуяд чавон ва бо як даст сабади гулро ва бо дасти дигар аз китфи муйсафед гирифта, кашола мекунад. Касе ба имдоди муйсафед намерасад. Чавон муйсафедро чун халта кашолакунон ба паси девор мебарад. Ва муште ба бехи гарданаш мефурорад. Пирамард меафтад.

– Ачалат расидааст! Кани пул-мулатро барор!

Пирамард сахт метарсад. Дилаш дар кафаси сина бози мекунад. Ранг аз руяш мепарад, забон дар комаш мечаспад. Бисёр мехост, ки ягон чиз бигуяд. Чавонро ба инсоф биёрад. Вале чизе гуфта наметавонад. Чавон гулу пулхояшро гирифта меравад. Пирамард даст ба кафаси сина мегузорад. Гуё дили аз колаб баромадаашро мехост боз ба чояш бигзорад. Хориаш меояду дуд аз танури дилаш фаввора мезанад. Лаб мегазаду ашк аз чашмонаш фуру меборад…

– Ба шумо чи шуд? – чавоне аз китфи у медорад. Вай ба чашмони чавон дида медузад. Дар он эхтиром, мехрубони ва ташвишу изтиробро мехонад.

– Хеч чиз не. Хамту… мегузарад, – мегуяд пирамард ва дилаш вайрон мешавад. «Писари ман дар кучохо саёк-саёк гашта бошад?! – тахи дил мегуяд. – Оё ягон кор ва сарпанохе ёфта бошад? Эх, нодон, аз пасти пули калон шуда, сарсону саргардон дар мусофират нагашта, дар пахлуям мебуди, куввати дилам мешуди…»

– Духтур чег занам?

– Не, не, лозим не.

Чавон ба неву нестони у нигох накарда, вайро бурда, ба руи хараке мешинонад. Пирамард гиребонашро дошта: «Шукр, хазор бор шукр!» – мегуяд. Гуё бори вазнине аз душаш рахо меёбад. Охи сабуке мекашад. Ба ришаш панча мезанад. Сипас ба чавон ру меорад:

– Писарам, падару модар дори?

– Ха, дорам, падар.

– Бар падарат хазор рахмат, писарам.

Рухи пирамард сабуки меёбад. Ба осмон дида медузад. Фазо софу бегубор. Хаво фораму дилкаш. Он кадар, ки у намехост бархезад. Вале куввае уро мебардорад.

“ – Ох, кариб гулчаллоб, чалоди гулхо шуда будам”, – мегуяд дар дил ва ба рохрав мебарояд. Осори куфтагиро хис намекард. Тезтар рафтан даркор. Охир, уро гулзор интизор! Не, дигар у гулхоро намечинад. Бигузор зеби хота, зеби чаман бошанд. О, шоире чи хуб гуфта:

                                   Чон дар бадан хуш аст,

                                   Гул дар чаман хуш аст.

Ид буд он руз!

Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё!

 8 августи соли 1994

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …