Главная / Гуногун / ГУЛЧИНЕ A3 КИТОБИ «ШАРХИ АВРОДИ ФАТХИЯ»

ГУЛЧИНЕ A3 КИТОБИ «ШАРХИ АВРОДИ ФАТХИЯ»

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Хар ки бо зикри Худо унс бигирад шабу руз,

Гар бувад мурдаи садсола, ки рухаш бахшад,

Хар ки дар фотихаи руз ба фатхия шитофт,

Хеч шак нест, ки Фаттох футухаш бахшад.

Дар «Сахехи Муслим» омадааст: Нест, ки бинишинанд кавме, ки ёд кунанд Худойро субхонаху магар ин, ки ихота кунад эшонро малоика ва фуру гирад эшонро рахмат ва фуруд ояд бар эшон сакина, яъне суботу карори дил. Ва ёд кунад эшонро Хак субхонаху ва таоло дар чамоате, ки назди Парвардгоранд.

Ва низ дар «Сахехи  Муслим» омадааст, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Худойро субхонаху фариштагонанд сайркунанда, ки фозилони малоикаанд. Металабанд мачлисхои зикрро, пас хар гох ки ёфтанд мачлисе, ки дар вай зикр аст, менишинанд бо эшон ва мепечанд ба болхои худ, то нур месозанд миёни худ ва миёни осмони дунёро. Ва хар гох ки парешон шаванд ахли зикр аз ин мачлис уруч кунанд[1] малоика ва бароянд ба осмон. Кайфият пурсад Хак субхонаху ва таоло аз эшон ва хол он, ки у донотар аст:

  • Аз кучо омадед?

Гуянд:

  • Аз пеши бандагони Ту, ки дар заминанд, тасбех мегуянд туро ва такбир мегуянд ва «Ло илоха иллаллох» мегуянд ва аз Ту чизе металабанд.

Гуяд:

  • Чи металабанд аз Ман?

Гуянд:

  • Металабанд аз Ту бихиштро.

Гуяд:

  • Оё дидаанд бихишти Маро?

Гуянд:

  • Не, эй Парвардгори мо.

Гуяд ба тарики тааччуб, ки:

  • Чун бошад, агар бинанд бихиштро?

Гуянд:

  • Амон металабанд аз Ту.

Гуяд:

  • Аз чи амон металабанд аз Ман?

Гуянд:

  • Аз дузахи Ту.

Гуяд:

  • Оё онхо дидаанд дузахро?

Гуянд:

-Не.

Гуяд:

  • Оё чун бошад, агар бубинанд дузахи Маро?

Гуянд малоика, ки:                                                                                                   ,

  • Омурзиш мехоханд аз Ту.

Гуяд, ки:

  • Омурзидаам эшонро ва бидодам он чи металабанд ва амон додам эшонро аз он чи мехоханд.

Пас гуянд малоика, ки:

– Эй Парвардгори мо, дар миёни ин зокирон, ки омурзидаи, фалон банда бисёр гунохгор аст, ки мегузашт ин чо, пас бинишаст бо эшон. Гуяд Парвардгор, ки:

  • Омурзидам, яъне вайро низ бахшидам. Ва ин низ кавмеанд, ки бадбахт намебошад ба сабаби эшон уммати эшон.

Байт:

Нори хандон богро хандон кунад,

Сухбати мардонат аз мардон кунад.

Гар ту санги хорову мармар шави,

Чун ба сохибдил раси гавхар шави.

Хар махол аз холи эшон хол шуд,

Нахс он чо рафту некуфол шуд.

Байт:

Рузе падарам хикояте кард,

К-аз хайли мухаккикон яке мард.

Аз дарди фирок худ барошуфт,

Дар холати сукр бо Худо гуфт:

Кори дилу дида нурам аз Ту,

Охир ба чи чурм дурам аз Ту?

Гуфтанд: Туи хичоб кас нест,

Ин зистан хичоб бас нест.

Хай-хай ба худ ой хамчунин аст,

Он чо гунахи кабир ин аст.

Ин турфа касе бидид харгиз,

В-ин кисса касе шунид харгиз.

Девона шавад хазор окил,

Осуда касе, ки хаст гофил.

[1] Уруч кунанд – боло раванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …