Главная / Илм / ГРИПП

ГРИПП

ГРИПП (Grippus), бемории сироятии вирусие, ки бо захролудии умумии организм (баланд шудани харорати бадан, бехоли, дарди сар, дилбехузури, баъзан кайкуни) ва илтихоби луобпардаи рохи нафас чараён мегирад. Ангезандаи Г. вирусхои типи А, В, С мебошанд.
Ангезахои грипп ба оилаи ортомиксовирусхо (Orthomyxoviridae) мансубанд. Ба ин оила се чинс – вирусхои гриппи А, вирусхои гриппи В, хамчунин вирусхои гриппи С тааллук дорад. Заррача (вирион)-хои вируси гриппи А мудаввар, ришташакл, нокшакл ва кирмшакл мебошанд. Хусусан заррачахои мудаввари он бисёранд (диаметрашон 80 – 120 нм). Вирионхои мазкур дорои КРН, сафеда, ангиштоб, липидхо, хамчунин гемагглютинин ва нейраминидаза мебошанд; серотипи онхо хангоми ишора кардани штаммхои вируси А нишон дода мешавад. Мувофики Фехристи байналмилали штаммхои вируси А аз руи накшаи стандарти тавсиф меёбанд. Вирусхои навъи А вобаста ба хосиятхои антигении гликопротеидхои пардаи беруни – гемагглютинин (Н) ва нейраминидаза (N) ба зертипхо чудо карда мешаванд.
Вирусхои Г. ба таъсири харорати паст пурбардошт буда, хангоми гарм кардан ва чушондан, зуд махв мешаванд. Вирусхои Г. хусусан ба афканишоти ултрабунафш ва таъсири васоити гандзудо (дезинфексияви) хассосияти баланд доранд.
Манбаи сироят шахси бемор, хамчунин ашхосе, ки Г. дар онхо ба таври нихони сурат гирифтааст, ба шумор мераванд. Мариз барои атрофиён хусусан дар давраи огози бемори хавфнок аст. Вирусхо то рузхои 4 – 7 маризи дар вакти гуфтугу, сурфидан ва атса задан хорич карда мешаванд (хангоми рух намудани пневмония – 10 – 12 руз). Сироят дар натичаи тавассути хаво ба рохи нафас афтодани ангезахо ба вукуъ мепайвандад. Г. чун эпидемия пайдо мешавад. Вай ногахон сар шуда, зуд пахн мегардад ва хатто мумкин аст ба пандемия табдил ёбад. Дар давраи эпидемия гирифтори ба Г. ва амрози зукомии дигар 10 – 12 маротиба меафзояд. Дар ин давра роли тагйирпазирии сохтори антигении вируси Г. калон аст. Баъди пандемия вируси нав бидуни тагйирот боз 2 – 3 соли дигар фаъолият менамояд. Ба пахн гаштани Г. омилхои мазкур мусоидат менамоянд: тавассути хаво зуд интикол ёфтани ангезахо; тагйирпазирии сохтори антигении вирус; кутох будани давраи нихони (инкубатсияви). Авчи бемори ба фаслхои зимистону бахор рост меояд.
Ангезандаи Г. хангоми нафаскаши, гуфтугу, сулфа, атса задан, тавассути чакрахои оби дахон, луоби бини ва балгам ба хаво гузашта, ба атрофиён сироят менамояд. Бозичахо, пистонак, косаву табак, сачок ва г. низ метавонад воситаи сироят аз ангезандаи Г. шаванд. Дар аснои сабук чараён доштан, Г. барои атрофиён хеле хатарнок аст. Чунки беморон ба духтур нарафта, бистари намешавад ва бо хамин рох вирусхои Г.-ро пахн мекунанд.
Ба Г. одамони синну солашон гуногун дар хама фасли сол (бештар тирамоху зимистон) гирифтор мешаванд. Дар муддати 11 – 18 сол навъхои дигари вирусхо ба вучуд меоянд, бинобар ин бемори кисми зиёди ахолии ин ё он мамлакатро ба доми худ мекашад (эпидемия), баъзан ба тамоми чахон пахн мешавад (пандемия).
Вирусхо баъди сироят намудан ба организм, кисман нобуд шуда, моддаи захрнок (эндотоксин) чудо мекунанд. Рузхои аввали бемори табларза, бехоли, дарди банду бугум ва мушакхо, таб (то 37,1 – 37,20С) ба мушохида мерасад.
Бемори ногахон сар мезанад: одами солим дар як муддати кутох касали вазнин мешавад. Зимни захролудии организм (аз эндотоксини Г.) табларза, харорати баланд (38 – 390С), сарчархзани, дарди сар (асосан дар пешони, чаккаи сар, чашмхона), бехоли, дарди банду бугумхо ва мушак, дилбехузури, кай ва вучуд меоянд; руи бемор сурх мешавад. Аксаран аз аввали бемори ё рузи дигар аломатхои назла (нафасгирии душвор, зуком, хориши гулу, сулфаи хушк, дарди гулу хангоми фурубари) падид меоянд. Баъзан оби чашм рафта, бемор ба рушнои нигариста наметавонад. Агар бемори окибати бад наорад, харорат баъди 2 – 4 руз муътадил мешавад. Аломати назла тадричан нест шавад хам, бемор чанд руз худро бемадор хис мекунад.
Чараёни бемори метавонад сабук ё мубхам (дар ин холатхо бемор худро андак бад хис мекунад) бошад. Бо вучуди ин агар режими бистарию тавсияхои духтур риоя нашаванд, оризахои ногувор (мас., газаки шуш, гайморит), газаки чавфхои иловагии бини, отит (газаки гуш), иллати дил, илтихоби пардахои магзи сар ва г. ба амал омаданашон мумкин аст. Оризаи нисбатан маъмули Г. пневмония аст. Дар давраи огози бемори осеби вирусии шуш дар хунрави (хеморагия) ва варам падид меояд, ки бидуни тагйири илтихоби аст. Ин асос бар он нест, ки гуё пневмонияи сирф вируси пайдо шуда бошад. Иллатхои илтихоби дар шуш хангоми асари такрории бактерияхо ба вучуд меоянд. Он мумкин аст бинобар сирояти экзогени (бештар сирояти пневмококкхо) ё дар натичаи фаъол гаштани микрофлораи эндогени (стафилококкхо, стрептококки хемолизи ва г.) рух намояд. Пайдоиши пневмонияро хангоми Г. факат ба бактерияхо вобаста кардан хатост. Дар мавриди хелхои оризаноки Г. бо кумаки усули иммунофлюоресенти дар организм то 10 – 14 руз вучуд доштани вирусхои Г.-ро мукаррар кардан мумкин аст (хини Г.-и беориза вирус аз организм дар рузхои 4 – 5 маризи нест мешавад). Хамин тавр, хангоми Г. пайдоиши пневмонияро метавон вирусию бактерияви номид. Онро дар вакти андешидани тадбирхои муоличави ва зидди эпидемияви ба эътибор гирифтан шарт аст.
Дар аснои Г. аз оризахои дигари бактерияви хамчунин фронтит, гайморит, отит, мастоидит, бронхиолит дучор меоянд. Осеби захрии миокард (миокардити гриппи) дар калон шудани дил, тахикардия ва бесуботии набз ба назар мерасад. Гохо дардхои стенокарди ва ихтилоли низоми кори калб мушохида хоханд шуд. Дигаргунии мушакхои дил дар ЭКГ низ дида мешавад. Оризахои аз чониби асабияи маркази рухнамуда натичаи токсикоз мебошанд ва ба тагйироти илтихоби вобаста нестанд. Дар бобати сарсом ё энсефалити гриппи низ фикр рондан беасос аст. Ангезиши захрии (токсикии) пардаи магзи сар боиси дигаргунихои илтихобии моеи хароммагз намешавад. Ва дуруст мебуд, ки чунин оризаро менингизм биномем. Хангоми Г. осебхои вазнин ва хавфноки майна (энсефалопатия) ба вучуд меоянд, ки сабаби онхо хуншории магзи сар ва варами майна мебошад. Аз чихати аломатхои сарири онхо ба энсефалит шабохат доранд.
Дар мавриди аз сар гузаронидани Г. хамчунин мумкин аст беморихои музмини пешина (сил, тарбод, тонзиллити кухан, холесистохолангит, пиелит ва г.) авч гиранд. Масъалаи ба беморхона хобондани беморро духтур хал мекунад.
Яке аз шаклхои вазнини Г., ки боиси фавти одамон мешавад, Г.-и мургон аст. Онро вируси H5N1 меангезад. Вирус с. 1997 дар Сянган (Гонконг) ошкор карда шуд. Он бевосита аз паррандахо ба одам сироят мекунад. С. 1997 онро якбора дар 30 мамлакати дунё ба кайд гирифтанд. Холатхои аз одам ба одам гузаштани вируси Г.-и мургон мукаррар нашудааст. Аломатхои Г.-и мургон аз Г.-и мукаррари фарк надоранд. Оризахои он (пневмония, осеби гурдаю чигар, узвхои хунофар ва г.) хавфнок мебошанд. Манбаи вирус мургу мургоби, гоз, ку, кабутар, мурги марчон ва диг. паррандагон махсуб мешаванд.
Солхои охир дар бисёр мамлакатхои дунё навъи дигари Г., ба истилох Г.-и хукон, ба кайд гирифта шудааст. Г.-и хуконро штаммхои вируси А/H1N1, A/H1N2, A/H3N2 меангезанд. Онхо дар байни хукхо пахн шуда, ба одамон ва парандагон низ сироят мекунанд. Ангезандаи Г.-и хукон, ки с. 2009 дар бисёр мамолики Амрико, Аврупо ва Осиё густариш ёфт, штамми вируси H1N1 буд. Аломатхои Г.-и хукон ба мисли дигар шаклхои Г. аст. Бештар дар ашхоси гирифтори беморихои музмини дил, шуш, гурда, чигар, диабети канд, омосхои гуногун, одамони фарбех, солхурда, занхои хомила, кудакон, кормандони хифзи тандурусти ва г. дучор меояд.
Хангоми дар хона табобат кардани бемор, барои пахн нашудани сироят, маризро ба хонаи алохида хобондан ё чойхоби уро бо парда чудо кардан лозим аст. Бемор бояд дар вакти гуфтугу, сулфа ва атса задан, дахону биниашро бо руймолча пушонад. Парастори бемор бояд ба дахону бини никоб ё бандинаи докаги (4 – 6 кабат) дошта бошад. Докаро шуста дарзмол мекунанд. Хам дар давоми таб (давраи варача), хам чанд руз баъди он, бемор бояд бистари бошад. Бемори харораташ баланд ва табларза гирифтаро ба чойгахи гарм хобонда, ба пояш гармкунак (400С) мегузоранд, лимучойи гарм медиханд. Харорати хона бояд 18 – 200С бошад; хавои хонаро зуд-зуд тоза, чилди болишт ва чойпушро хар руз иваз намудан зарур аст. Бисёр нушидани чой (бо киёми настаран), оби сабзи, афшураи сабзавоту мева, лимучой ва мураббо (аз тамашк ва марминчон) нафъ дорад. Азбаски бемор беиштихост ба у дар як шаборуз 6 – 7 маротиба кам-кам хурок медиханд. Дар таркиби хурок сафедахои зудхазм бояд зиёд бошанд (гуштоб, котлети гуштин ва мохигини дампухт творог ва г.). Баъди истеъмоли гизо дахонро бо махлули содаи хурдани чайконда (ба 1 истакон об 1/4 кошукча сода), дандонхоро рузе ду маротиба тоза кардан лозим.
Барои табобати Г. доруи махсус нест. Аз ин ру худмуолича зарар дорад. Косаву табаки беморро чудо карда, онро дар махлули содаи 1% (ба 1 л об 2 кошукча содаи хурдани) ё дар махлули охаки хлорноки 0,5%-и софкоришуда (ба 1 л об 1 кошуки чойхури) 5 дак. чушондан лозим. Ба хуроки пасмонда об андохта, 5 дак. мечушонанд ва сипас ба канализатсия мерезанд. Либосхои таги беморро бояд 15 дак. чушонд. Фарш ва чихози хонаи уро хар руз 2 маротиба ба латтаи тар (махлули 0,5%-и охаки хлорнок) пок кардан шарт аст.
Дар вакти эпидемияи Г. ба беморхона ва профилакторияхо даромадани одамони солим манъ мебошад; барои кабули беморони Г. дар поликлиникахо хонаи дари даромад ва баромадаш алохидаро чудо мекунанд.
Барои пешгирии Г. обутоби организм, варзиши чисмони ва спорт, муоличаи иллати узвхои нафас ахамияти калон дорад. Гайр аз ин, давои махсус – ваксинаи зидди Г.-ро истифода мебаранд. Моягузарони хама вакт Г.-ро пешгири намекунад, аммо бемори сабук чараён мегирад.
Ад: Камардинов Х.К. (ва диг.), Беморихои сирояти, Д., 2000; Шувалова Е.П., Инфекционные болезни, М., 1999; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

Ш.А. Тошева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …