Главная / Илм / ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН

ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН

granulyomai-dandonГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН, иллати илтихобие, ки дар периодонт падид омада, шакли кура ё тухмро дорад. Г. д. аз чумлаи периодонтити гранулематози буда, дар натичаи газаки музмин, ки бинобар аз чуйи решаи дандон сироят ёфтани периодонт рух менамояд, пайдо мешавад. Ду навъи Г. д. мавчуд аст: сода ва мураккаб. Хангоми Г. д.-и мураккаб дар бофтаи иллати лифхои пуст месабзанд. Аз чунин гранулёма бисёр вакт кистогранулёма ё кистаи дандон ташаккул меёбад.
Аломатхои болинии Г. д. кам падид меоянд; маризи хангоми тадкики рентгенологи ошкор карда мешавад. Г. д. зери таъсири омилхои гуногун (хунук хурдан, осеб ёфтани периодонт хангоми муолича, беморихои аз сар гузаронида ва г.) фасод пайдо мекунад; фасод баъзан ба бофтахои нарм, бофтахои устухони чог ва пардаи устухон густариш меёбад.
Г. д.-ро бо дору ва усули чаррохи табобат мекунанд. Бемори некфарчом аст.

С.С. Субхонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …