ГОЗИЧОЙ (Helichrysum maracandicum), гули гози, растаниест бисёрсола. Аз 15 то 75 см кад мекашад. Пояаш чуякдори буртоб, баргаш сабз, сабзи хокистарранг ё бури зардча, гулаш зард, тухмаш дорчинии сиёхтоб. Моххои май – июл гул карда, июл – окт. тухм мебандад.
Г. дар минтакахои бешазори дарахтони пахнбарг, арчазор ва даштхои мавзеъи Курама, Туркистон, Хисору Дарвоз ва Точикистони Чануби вомехурад. Дар нишебихои санглох ва регхок меруяд.
Хушагули Г.-ро дар огози гулшукуфт чамъовари намуда, дар чойхои торик, сард ва шамолрас хушк мекунанд. Мухлати нигохдориаш то 3 сол аст.
Сабадаки гулдори Г.-ро чой карда, хангоми беморихои чигар, зардпарвин, дарди санги талхадон ва санги гурда, обхура (истиско), сили шуш ва хамчун доруи хунбанд (хангоми хуншории бавосир), киччарон, пешоброн ва зидди зуком менушанд.
Дар тибби илми чушоб ё накеъи гули Г. чун давои талхарон хангоми беморихои чигар, холесистит ва гепатохолесистит истифода мегардад. Чушоби он нимистакони рузе 2 – 3 маротиба пеш аз хурок таъин карда мешавад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …