Главная / Илм / ГОЗ (КОЗ) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГОЗ (КОЗ) дар Канзи Шифо (Китоб)

qoz-goz-660x330ГОЗ ё худ онро низ КОЗ меноманд. Ин аз чинси мургоби, вале калонтар аз он аст, ки ба хама маълум мебошад. Ин ахли ва вахши дорад. Ахлиаш парвоз намекунад, вале вахшии он парвоз мекунад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм аст. Хислатхои шифобахши он: гушти ин дар гизоият дерхазм, вале чун хазм ёбад, баданро фарбех мегардонад ва бохро ба харакат меоварад. Хубтар мешавад агар онро бо хуришхои гарммизочи таомхо, монанди: зира, занчабил, мурч ва гайра бипазанд. Агар хазмаш вазнини оварад, дар он холат оби анор биёшоманд, ислох меёбад. Хурдани гушти гоз барои чигархои сардмизоч ва дарди онхо, ки аз сарди бошад, бисёр мувофик аст, зеро ки гушташ дар мизоч бисёр гарм аст. Барои ислох кардани ин хислати бадаш баъд аз куштан се-чор соат дар замин гур кунанду баъд бароварда, тоза намуда бипазанд, таъми захматовараш кам мегардад.

Агар гушти инро мухарро пухта бихуранд, чарбии гурдаро зиёда мегардонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, чойи даридаи пардахои ишкамро дар беморихои чурра (дабба) ба хам меоварад ва инчунин аз ру гузошта банданд хам, чойи даридаи шикамро ба хам меоварад. Сангдони он барои хурдан лазиз, вале дерхазм аст, вале агар хазм ёбад, гизоияташ бисёр мебошад.

Чигараш лазизтар аз чигари ин кабил мургон аст, хамчун гизо хам аз онхо бехтар ва зуд аз меъда поён фуруд меояд. Бозухояш хушхазм ва гизои хуб мебошанд. Магзи сарашро бимоланд, варамхои макъадро (махрачгохро) тахлил медихад. Агар равганашро бимоланд, тарангу бехаракат гаштани узвхоро ба ибро меоварад, кузозро (столбняк) сихат мебахшад; чингак шудани узвхои баданро, ки сабабаш зиёд шудани балгам бошад, шифо мебахшад; варамхои сардро тахлил медихад; сахтии макъадро мулоим мекунад; иллати пустпартоиро сихат мебахшад, инчунин, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад. Барои чингак шудани узвхои бадан бихуранд хам, нафъ дорад. Агар ба даруни гуш об рафта бошад ва бо хеч як тадбир берун наояд, равганашро чаконанд, обро берун меоварад.

Орди бокилоро бо равгани гоз хамир карда, гузошта банданд, варами пистонро тахлил медихад. Зардии тухмашро нимпухта бихуранд, аклро афзун мегардонад, куввати хофизаро мустахкам мекунад, нисён (фаромушхотири)-ро дафъ месозад ва сурфаи хушкро таскин медихад. Тухмашро нимгарм карда, бо равгани зайтун даромехта, занхо ба даруни фарчи худ чаконанд, хайзи бандгаштаи онхоро мекушояд. Думболаашро бо об ва намак пухта бихуранд, дарди хичакро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Пусти тухми онро махин куфта бихуранд, барои исхоли хунин давои хубест. Саргинашро бихуранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …