ГОР

gorГОР (Laurus nobilis), дарахти гор, дахмушт, дарахтест хамешасабз. То 19 м кад мекашад. Баргаш чармгун, дарозруя ё нештаршакл; гулаш майдаи сафед; мевааш яктухма, сиёхи кабудтоб. Дар чангалхои кухсори кишвархои Бахри Миёназамин худруй аст. Дар Юнони Кадим голибони мусобика, кахрамонон, шоирон ва г.-ро бо чанбари Г. (лавр) сарфароз мекарданд (калимаи «лауреат» аз номи лотинии Г., яъне Laurus бармеояд). Г.-ро дар бисёр мамлакатхо мепарваранд. Дар сох. Бахри Сиёх, Озарбойчон ва Крим низ парвариш карда мешавад. Барги Г. равгани эфир, меваю тухмаш равган дорад (дар тиб ва атриёт истифода мешавад). Барги Г.-ро аз кадимулайём чун хушбуи истифода мебаранд (таомро хуштаъм мегардонад). Дар таббохи хусусан баргхои сабзи хушбуй ва талхмаззаи он пуркиматанд. Онро ба шурбо, карамшурбо, таомхои аз гушти гову гусфанд дампазшуда ва г. меандозанд. Барги Г., одатан, ба таомхои якум 5 дак. пеш аз пухтан, ба таомхои дуюм 10 дак. пеш аз тайёр шудан андохта мешавад; дар сурати барвакт андохтан, таъми гизо талх мегардад.
Дар тибби кадим ба сифати дору барг, реша, пустлох, мева, донак ва равгани Г. истифода мешуд. Хусусияти давоии онро Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино кайд кардаанд. Абуалии Сино хама кисмхои Г.-ро воситаи гармиовар ва хушксозанда хисобида, бо он иллати шуш, хафакон, заъфияти асаб, фалач, кулинч, омосхои чигару сипурз, дарди гуш, бугумдард ва г.-ро табобат мекард. Равганашро чун давои иллати чигар ва чушоби пустлохашро барои об кардани санги гурда истифода мебурд. Пустлох, донак ва равгани Г. воситаи кайовар аст. Обзани барги Г. хангоми беморихои пешобдон ва бачадон муфид мебошад. Табибони кадим бо киёми Г. захри каждумро безарар мекарданд.
Дар тибби халки равгани Г. барои муоличаи тарбод, фалач ва хоришак кор фармуда мешавад. Онро барои табобати холесистити музмин ва рафъи дарди санги гурда низ истифода мебаранд. Бо оби барги он бемории диабети кандро даво мебахшанд. Самари Г.-ро куфта ба бини бирезанд, дарди нимсара ва кач шудани руйро шифо мебахшад. Онро дар равгани гули сурх ва сирко ё дар шароби кухна махин ос карда бичаконанд, дарди гушро таскин медихад, садо додани гуш ва гаронии онро ба ибро меоварад. Барги Г.-ро дар об чушонида он обро дар дахон гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Барг ё самари Г.-ро махин куфта, бо асал хамир карда, лесида бихуранд, барои аксари беморихои аз хунуки содиршуда дору мешавад. Истеъмоли равгани Г. дилро бехузур мекунад, кай меоварад, пешоб ва хайзро равон месозад. Барги онро чушонида, он обро бинушанд, беморихои хичак ва бачадонро шифо мебахшад; дар он даромада нишинанд, беморихои гурда, хичак ва бачадонро даво аст. Самари Г.- ро батакрор бихуранд, сангхои гурда ва пешобронро майда карда мерезонад.
Дар тибби муосир мархами равгани Г.-ро барои муоличаи тарбод истифода мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л. В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Н у р а л и е в Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …