Главная / Илм / ГОНИТ

ГОНИТ

gonitГОНИТ (Gonitis; аз юн. gony – зону), илтихоби банди зону. Ангезахои бемори ба чавфи банд аз чойхои осебёфтаи он, хамчунин ба воситаи хун ва лимфа ворид мешаванд.
Вобаста ба падидахои болини (клиники) Г.-и шадид ва музмин, аз руи тарзи рашха (экссудат) бошад, Г.-и зардоби, зардобию фасоди ва фасодиро фарк мекунанд. Дар мавриди Г.-и шадид бандхо хатман калон, ва дардманд шуда, пусти руи онхо метасфад; бемор пои дардмандашро нимкат карда меистад. Дар чавфи банд рашха чамъ мешавад. Хангоми Г.-и фасоди пусти болои банди иллати варам карда сурх мешавад; бинобар харакат додани узв дарди сахт ба вучуд меояд. Дар ин маврид холати мариз вазнин ва харор. бадан то 39° баланд мешавад; у табларза мекунад, мумкин уфунат (сепсис) рух намояд. Дар аснои Г.-и музмин падидахои маризи (дарди банд, харорати баланд, варам, ихтилоли фаъолияти узв) камтар ба мушохида мерасанд.
Г.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Шарти асосии табобати босамари он гачбанди кардани узв аст. Пунксияи банди зону барои тадкики ситологи ва бактериологии рашха мухим мебошад. Хангоми Г.-и фасоди аз усули артротомия истифода карда, дар мавриди вайрон шудани устухони банд бошад, банди зонуро катъ менамоянд. Барои муоличаи Г. антибиотикхо, витаминхо, физиотерапия низ кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …