Главная / Илм / ГОМЕОСТАЗ

ГОМЕОСТАЗ

gomeostazГОМЕОСТАЗ (аз гомео… ва юн. stasis – холат, бехаракати), дар физиология, холати динамикии нисбатан якхелаи таркибу хосиятхои мухити дохили ва устувории функсияхои асосии физиологии организми одам, хайвонот ва растани. Истилохи «Г.»-ро с. 1929 физиологи америкои У. Кеннон пешниход намуд. Г. чун натичаи муносибатхои мураккаби координатсияви ва танзим, хам дар организми том ва хам дар микёси узв, хучайра ва молекула ба вучуд меояд. Ба туфайли механизмхои мутобикат параметрхои физики ва химияви, ки фаъолияти хаётии организмро муайян мекунанд, зери таъсири тагйироти мухити беруни хеле кам дигаргун мешаванд. Дар хайвоноти дарачаи оли Г. такмил ёфтааст. Г. дар одам вазифаи доими нигох доштани микдори ионхои гидроген, таркиби хун, фишори осмоси, харорати бадан, фишори хун ва г.-ро ичро мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …