Главная / Илм / ГОМЕОПАТИЯ

ГОМЕОПАТИЯ

gomeopatiyaГОМЕОПАТИЯ (Homeopathia; аз юн. homoios – шабех, монанд ва pathos – бемори), тарзи муоличаест, ки ба конунияти «шабехро бо шабехаш табобат мекунанд» («конуни шабохат») асос ёфтааст. Мувофики ин коида хангоми муолича вояи андаки он дорухоеро, ки дар сурати истеъмоли вояи зиёд боиси пайдоиши аломатхои ба бемори монанд мешаванд, истифода мебаранд.
Аз «конуни шабохат» конуни дуюми Г. – зарурати тадкики таъсири вояи гайримуоличавии моддахо дар одамони солим (бо максади аник кардани «патогенези» дорухо) бармеояд. Аз коидаи сеюми Г. маълум мегардад, ки гуё микдори нихоят ками модда дар махлул ё дар соидааш бо канди шир, дорои таъсири афзун ва «кувваи нихони»-и махсус аст; аз ин ру барои табобат бояд аз вояи нихоят хурди васоити доруи истифода шавад («конуни вояи хурд»).
Г.-ро с. 1796 духтури немис Ганеманн бидуни хеч далели шифобахши вояи дорухое, ки худи у тавсия карда буд, пешниход намуд. у дар китоби «Органони санъати тиб» (1810) акидахои пурихтилофи худро инкишоф дода, чизхои шубханокро чун далели боэътимод овардааст. Ганеманн бемориро ихтилоли «кувваи хаёти»-е мепиндошт, ки ба он таъсир расонидан, гайриимкон аст. Бинобар ин у чонибдори муоличаи факат аломатхои алохидаи бемори буд. Ганеманн ба кадамхои аввалини илми, ки дорушиносиро дар зинаи химия ва физиология мегузошт, мукобил баромад.
Барои дар бисёр мамлакатхо густариш ёфтани Г. тараккиёти сусти илми тиб дар а. 18 ва авв. а. 19 мусоидат намуд. Дар ибтидои мавчудияти худ Г. андаке ахамият низ дошт. Зеро услуби табобати хамонвактаро, ки аз хунгирии такрор ба такрор, истифодаи шуллук, хукна, догмони ва истеъмоли барзиёди дорухои кайовару мусхил беморон бехолат мешуданд, сахт танкид мекард. Ба пайдоиши Г. «бухрони хоси терапия»-и хамонвакта низ то дарачае кумак расонд. Ба таргиботи Г. фаъолияти руирости Ганеманн, ки маколахо навишта, усулхои табобати тибби замонавиро нах мезад, мусоидат намуд.
Ганеманн принсипи асосии Г. («шабехро бо шабех бояд муолича кард») – ро ба хама усулхои анъанавии муолича, ки аз руи акидаи у ба принсипи «табобат бо мукобил» асос ёфтааст, зид гузошт. Принсипи дуюминро у баръакси Г. аллопатия номид.
Дар Россия Г. аз ох. с-хои 20 – 30 а. 19 шухрат ёфт. Ба чамъияти гомеопатхо шахсони аз тиб бехабар дохил мешуданд. Намояндагони пешкадами тибби рус, аз чумла Пирогов Н.И. оид ба Г. назари манфи доштанд. Тачрибаи гании тибби илмию амали «конуни шабехро» тасдик накард.
Дар тули садхо сол Г. ва догмахои он дигаргун нашуданд. Г. дастовардхои бузурги фармакологияи тачрибавию клиникиро рад карда, мисли пештара услубхои нокиси тадкикоти васоити доруиро таргиб менамояд. Чунончи, Г. хангоми тавсияи дорухои минерали баъзе маълумотро аз химия, токсикология ва тибби илмию клиники истифода мебарад, аммо тарзи таъсири маводи доруи дар он вояе, ки Г. пешниход мекунад, хануз тадкик ва исбот карда нашудааст.
Гомеопатхо зарурати истифодаи химиотерапия, мас., дорухои сулфаниламиди ва антибиотикхоро хангоми газаки шуш, уфунат ва г. эътироф мекунанд ва бовар доранд, ки муштарак ба кор бурдани химиотерапия ва гомеотерапия чараёни бемориро бехтар мегардонад. Гайр аз ин, гомеопатхо чонибдори онанд, ки агар табобати гомеопати дар аснои баъзе беморихои вазнин (амрози дилу рагхо, зики нафас ва г.) бенатича бошад, пас бояд аз васоити тибби илми вояи маъмулии дорухо истифода бурда шаванд. Шояд сабаби дар баъзе мамлакатхо то холо маъмул будани Г. дар хамин бошад. Баъзе духтурон муътакиданд, ки Г. «магзи ратсионали» дорад; духтурони дигар, онро ба манфиати худ кор мефармоянд. Бино ба акидаи духтури маъруфи шурави Б.Е. Вотчал нодида гирифтани таъсири рухнавози Г. нодуруст аст. у барои тасдики акида чунин мисолхо овардааст: хангоми стенокардия истеъмоли ягон моддаи безараре, ки зохиран ба дору монанд буда, вале таъсири онро надорад, баъзан хисси дардро бартараф мекунад; дарди сахти баъди чаррохи аз истифодаи ягон воситаи тамоман беасар рафъ мешавад ва г.
Баъзе холатхои аз доруи гомеопатхо шифо ёфтан, маризро водор месозад, ки ба Г. ихлос пайдо кунад. Мутаассифона чунин рафтори онхо таваччухи одамони гирифтори бемории чиддиро аз табобати саривакти дур карда, боиси вазнин шудани маризи, баъзан холати барои хаёт хатарнок мегардад.
Усулхои гомеопатии муолича дар беморхонахои Англия ва Франсия борхо аз санчиш гузаштаанд. Маълумоти гирдоварда факат як чиз – таъсирбахш набудани Г.-ро нишон медоданд. Мувофики акидаи бисёр олимон дорухои гомеопати бештар таъсири рухи мерасонанд. Бо максади пешгирии окибати ногувори баъзе беморихо (мас., сил, беморихои сирояти, саратон ва г.) духтурони гомеопат бояд ба муоличаи онхо даст назананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …