Главная / Илм / ГОИБОВ Абдулло

ГОИБОВ Абдулло

no-photoГОИБОВ Абдулло (тав. 10. 01. 1922, дехаи Калъаи Хочии нох. Гончии вил. Сугд), доктори илмхои тиб (1974), проф. (1975), духтури тахассуси дарачаи оли (1992), Аълочии тандурустии ИЧШС. Баъди хатми Омузишгохи педагогии нох. Орчоникидзеобод (холо ш. Вахдат; 1941) с-хои 1941 – 42 муаллими синфхои ибтидоии мактаби дехаи Шулмаки нох. Гарм (холо Рашт) буд. С. 1942 ба фронт даъват шуд. С. 1944 дар набардхои шадиди чабхаи Белоруссия мачрух шуда, аз чанг баргашт. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1951). Эксперти тибби судии байнинохиявии ш. уротеппа (1951 – 54). Ординатори клиники ва аспиранти кафедраи анатомияи эътилоли (1954 – 62), ассистент ва дотсенти кафедраи тибби суди (1962 – 65), чонишини декани факултаи педиатри (1965 – 67), мудири кафедраи тибби суди (1967 – 75), декани факултахои педиатри ва стоматологии ДДТТ (1975 – 81). Аз с. 1976 сарэксперти тибби судии Вазорати тандурустии ЧТ ва хамзамон мушовири кафедраи тибби судии ДДТТ. Бори аввал нишонахои морфологии пайдоиши захмхои кухнаро дар кисмати муйдори сар, ки аз таъсири чисми сахти кунд ба амал омадаанд, муайян намуда, тарзи дакики ошкорсозии захмхои кухнаи кисмати муйдори сарро пешниход кардааст. Тадкикоти Г. барои фаъолияти хамарузаи экспертхои тибби суди ахамияти калон доранд. Муаллифи зиёда аз 120 асару маколахои илми, аз чумла 2 китоб, 12 тавсияхои методи ва амали, 3 навовари. Дар бисёр симпозиумхои байналхалки иштирок ва маъруза кардааст. Г. аз с. 1988 узви Шурои илми оид ба тибби судии АИТ ИЧШС буд. Узви Шурои собикадорони ЧБВ ДДТТ ва кумитаи ветеранхои нох. Исмоили Сомони, раёсати Кумитаи чумхуриявии ветеранхои чанг, раиси Чамъияти илмии тибби судии Точикистон, раиси комиссияи методии Маркази чумхуриявии экспертизаи тибби судии Вазорати тандурустии Точикистон.
Бо ордени Чанги ватани (дарачаи I), медали «Барои шучоат», медалхои чашни (11 адад), ордени Байраки Сурхи Мехнат, Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии ЧШС Точ. сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: О производстве судебно-медицинских экспертиз в Республике Таджикистан, Д., 1978; Квалификационные тесты для студентов и судебно-медицинских экспертов (китоби дарси), Д., 2006.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …