Главная / Илм / ГОФИКи

ГОФИКи

braginskiyГОФИКи, Абучаъфар Ахмад ибни Мухаммад ибни Ахмад ибни ас-Сайид ал-Гофики ал-Магриби (с. тав. номаълум – ваф. 1165), гиёхшинос, табиб ва дорушиноси номии Андалус (Испанияи исломи). Дар Гофик ном шахраке дар наздикии Куртуба ба дунё омадааст. Илми тиб ва дорушиносиро бисёр хуб ва амик омухта, дар маърифати куввахо, манофеъ, хосиятхо ва номхои дорухои сода бар хамаи хамзамононаш пеши дошт. Г. табиби бисёр ботакво буд, аз хизмати хокимону амирони замона дури мечуст, ба тарзи бисёр хоксоронаву бетакаллуф зиндаги мекард. Касе ёд надорад, ки у аз ватанаш – Андалус берун рафта бошад. Китобхои зерин аз таълифоти уст: «Ал-Адвияту-л-муфрада», «Рисола фи-л-хуммайёт ва-л-авром», «Рисола фи вазъи-л-мазорри-л-куллияти ли-л-абдони-л-инсония». Китоби «Ал-Адвияту-л-муфрада» дар Шарку Гарб маъруф аст ва то имруз яке аз сарчашмахои мухими дорушиноси ва тиб ба шумор меравад.
Ад.: Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …