Главная / Гуногун / ГОЯВУ ПЕРОЯИ ОСОРИ РУДАКИ

ГОЯВУ ПЕРОЯИ ОСОРИ РУДАКИ

Дар фаслхои боби гузашта мо саъй намудем, ки анвоъ, мухтавиёт ва мундаричаву вижагихои ашъору абёти бокимондаи Устод Абуабдуллохи Рудакиро барраси намоем. Дар ин боб кушише ба харч дода мешавад, ки боз хам каме дар боби мазмуни гояви ва санъатхои шеъри, хамчунин ба забони ашъори Устод мулохизае чанд баён гардад.

Ба хамин тарик, чизе ки пеш аз хама ба назар мерасад, он аст, ки Устод Абуабдулохи Рудаки дар ашъору абёти бокимондаи худ ба тавсифи Бухоро, азамату шукухи он мепардозад ва аз он меболад, ки Бухорои у дар бузургиву ободи бо шахри маркази хилофат Багдод дар мусобика буда, чун манбаъи тарвичи улуму адабиёт бар он бартари дорад:

Имруз, ба хар холе, Багдод Бухорост,

Кучо мири Хуросон аст, пирузи он чост!

Кабл аз хама, Рудаки мундаричаи шеърро бо мазмун ва мавзуъхои ичтимои, фалсафа ва хикмат, масоили зиндаги, ахлок, ишку мухаббат, охангхои хаётдусти ва панду насихат гани гардонд. Башардусти ва механпарасти дар адабиёти мо аз бехтарин анъанахои бунёдниходаи Устод Рудакист, ки дар давоми беш аз хазор соли баъдина хеле рушду камол ёфт. Ба тарзи дигар гуем, Рудаки устоде буд, ки дар огози назми форсии точики гояхои халки ва мазмунхои инсондустиро устувор намуда, адабиётро ба инсоншиноси табдил дод. Мактаби эчодии Рудакиро хамаи адибони минбаъда пазируфтанд ва он то имруз ва то човидон бокист. Ба ашъори у садхо сухансароёни асрхои X—XX бевосита пайрави кардаанд. Афкори хакимонаи Устод Рудаки бо мазмуни бузурги башардустии худ акнун ба чузъи таркибии хаёти маънавии халки мо табдил гардидааст, зеро у дар мавкеъи халки мехнати истода, хатто дар касидахои мадехавияш бо самимият ва эътикод масоили адолатпарвари, мазлумнавози, инсондусти ва мухаббат доштан ба ватанро талкин менамояд. Шоъир Бухороро бо чону дил дуст медорад. Онро аз пойтахти хилофати Багдод боло мегузорад. Насими уро аз мушки Хутан афзалтар мешуморад. Хангоми дури аз Бухоро Рудаки мегуяд: «Ай Бухоро, шод бошу дер зи» ва боз иброз медорад:

Хар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд,

Бо буйи гулу мушку насими суман ояд.

Бар хар зану хар мард кучо барвазад он бод?!

Гуйи, магар он бод хаме аз Хутан ояд!

Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад хеч,

К-он бод хаме аз бари маъшуки ман ояд!

Васфи Бухоро ва тасвирхои лаззатбахши обу замиии кишвар як тарзи ифодаи гояи баланди ватандустии Устод Рудакист. Бале, у чун фарзанди фарзонаи халк хеч гох зиндагии бади халк, бенавои ва гаму кулфатхои бечорагонро аз ёд намебарорад. Баръакс, дар як рубоъияш эътироф менамояд, ки хама ситамхо ва нохушихои зиндаги насиби гурухе мешавад, ки худи у низ аз он гурух аст:

Дар манзили гам фиканда мафраш моем

В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.

Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,

Дасти хуши рузгори нох(в)аш моем!

Зиндаги дар назари Рудаки якнавохт нест. У конуни диалектикаи огозу анчоми умрро дарк намуда, аз он доир ба мохияти чахони модди ва сиришти инсон хулосахои пандомез мебарорад.

Устод Абуабдуллохи Рудаки чун шоъири дилогох мояи зиндаги ва ширинии умри одамро дар партави кутох будани кисмат ва хатми будани марг ба калам медихад. Аз руйи акидаи у, модом ки шахс наметавонад чисман зиндагии човидони ёбад, уро зарур аст, ки бо амали писандида ва корхои шоиста номи нек ба даст орад. Хамин номи нек барои инсон умри абад аст. Азбаски шодиву хурсандихои чахон пойдор нест, инсон бояд аз лахзахои гуворо дуруст бахра гирад, бо тинати пок, ахлоки нек, корхои хуб, хизмат ба халк ва хуш гузаронидани умр зиндагии худашро пурмазмун гардонад. Тамоми фикрхои пандомезу ахлокии Рудаки аз хамин акидаи у сарчашма мегиранд.

Дар панду хикматхои Рудаки, ки яке аз зухуроти халкияти эчодиёти устанд, мазмунхои умумиинсони, аз кабили таргиби илму дониш, рафокату дусти ва кушишу кор чойи асосиро мегирад. Шоъир ба ин рох дар тарбияи инсони комил ва парвардани ахлоки хуб то имруз хисса мегузорад. Вай акида дорад, ки барои дарки хакикати зиндаги кас бояд аклу донишро кор фармояд. Ба вокеъаю ходисахо бо чашми хирад нигариста, кушиш намояд, ки мохияти онро фахмад, ба дидани зохир махдуд нашавад, аз мушохидаи вокеъахо ба хулосахои сода фирефта нагардад. Шоъири бузург аклу донишро ба тарзи шоъирона «чашми дил» меномад ва панд медихад:

Ба чашми дилат дид бояд чахон,

Ки чашми сари ту набинад  нихон!

Бад-он ошкорат    бибин  ошкор,

Нихонитро бар нихони гумор!

Тандурусти, хубкирдори, накуноми ва хирадро Рудаки шартхои мухимтарини зиндагии хуш ва рузгори дур аз гам мешуморад:

Чахор чиз мар озодаро зи гам бихарад:

Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад!

 Хар он, ки Эзидаш ин хар чахор рузи кард,

Сазад, ки шод зияд човидону гам нахурад!

Азбаски Рудаки тачрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва рохбари асосии инсон барои пешрафт ва халли мушкилихо мешуморад, даъват менамояд, ки хар фард бояд аз он бахра бардорад:

Бирав, зи тачрибаи рузгор бахра бигир,

Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд!

Тачрибаи рузгорро факат аз рохи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Бинобар ин, инсон, барои он ки хирадманд шавад, даставвал бояд, ки дониш омузад:

Хеч ганче нест аз фарханг бих,

То тавони, рав тую ин ганч них!

Шоъири инсондуст чун муаллими ахлок тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоки нек, хунар ва дарачаи илму дониш номбардори падару модар, ачдод, миллат ва халку ватани худ бошанд. Набояд ба аслу насаби худ магрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва обруйи падарон ба фарзандон нафъе нест. Баръакс, эътибори баланди падарон фарзандонро вомедорад, ки бо донишу одоб ва рафтору кирдори шоистаи худ сазовори номи падарон бошанд. Ин яке аз гуфтори хеле хакимона ва пурсузи Устод Рудакист, ки асрхои аср вирди забонхост:

Ой дарего, ки хирадмандро

Бошад фарзанду хирадманд не!

В-арчи  адаб дораду  дониш падар,

Хосили  мерос ба фарзанд не!

Баръакс, Устод Рудаки ба шахсони хамадон, ки мисли дарё хамаро аз илми худ шодоб мегардонанд, бо эхтироми фавкулъода нигариста, аз дониши онхо шод мегардад:

Танат яку чон якеву чандин дониш,

Ай ачабо, мардуми ту ё дарёйи?!

Аммо сарчашмаи муваффакиятхои шахсии одам ба кушиши максадноки хамешаги, сабру токат ва солориву бурдбории у вобаста мебошад. Дар «Калилаву Димна» Устод Рудаки ягонагии дониши инсоният, ширкати халкхои гуногуни дунё  дар кори ба вучуд овардани хазинаи маданият, хамеша дар такомул будани илм ва чун нури маърифат дилхоро мунаввар гардонидани онро таъкид менамояд. Ва дар айни замон донишро аз хамаи бадихо чавшани тани одами мешуморад:

То чахон буд аз сари одам фароз,

Кас кабуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар хар замон,

Рози донишро ба хар гуна забон,

Гирд карданду гироми доштанд,

То ба санг – андар хамебингоштанд.

Дониш андар дил чароги равшан аст

Ваз хама бад бар тани ту чавшан аст!

Достони «Калилаву Димна»-и Рудаки дар  бахри рамали мусаддаси максур навишта шуда, бо байти пурхикмати зерин шуруъ мешавад:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,

Хеч н-омузад зи  хеч омузгор!

Ин байт ошкору равшан аз мазмуни ахлокии достони «Калилаву Димна»-и    Рудаки гувохи медихад.

Панду насихату андарзу хикмат дар тамоми ашъори Рудаки, чи касидаву газал, чи маснавию рубоъи ва чи анвоъи дигари шеър, хеле фаровон ба назар мерасад.

Суханвари бузург сулху накукори, дустиву рафокатро барои хаёти одам эхтиёчи табии мешуморад. Вай дусти хакики ва бегаразро меписандад. Одами нек хамеша хохони некию сулх аст, ба чангу фитнаю гавго бо нафрат менигарад (Хама ниюшаи хоча ба некию сулх аст, — Хама ниюшаи нодон ба чангу фитнаву гавгост). Инсони хакики на танхо бо душманонаш муросою мадоро мекунад, балки бо рафтори ибратбахш, муомилаи сулххохона ва суханони нарм уро ба худ дуст мегардонад. Дар хакикат, бо душман дусти чустан мардонагии шоёни тахсин аст. Як душман доштан хам, мегуяд Рудаки, барои одам зиёдатист, чунон ки хазор дуст ками мекунад. Дуст ёру мададгори инсон ва аз бародари у хам бехтар аст. Аз ин чихат, дидори дуст дар олам бузургтарин шодмони ва чудои аз он гами чонкохест. Адиби бузург мефармояд:

Хеч шоди нест андар ин чахон

Бартар аз дидори руйи дустон!

Хеч талхи нест бар дил талхтар

Аз фироки дустони пурхунар!

Хикмати фавк метавонад дар тамоми мавридхои махрамонаю дустона ва расмию ногахони аз халкуми хар фарде садо дихад. Вале дар зиндаги инсон, халк, миллат, давлат ва хукумат бе душман хам намешавад. Чустучуйи дусти ва мусолимат бо душман низ аз гояхои човидонии умумиинсонии Рудакист. Вай таълим медихад: 

Он киро донам, ки уям душман аст,

В-аз равони пок бадхохи ман аст.

Хам ба хар гах дусти чуям-ш ман,

Хам сухан б-охистаги гуям-ш ман.

Панду андарзу насихатхои Рудаки дурдонахои тобноки ганчинаи хикмати халки моро ташкил мекунанд. Онхо аз имтихони таърих гузашта, чун хикмати рузгорон боки монда, барои покии ахлок ва равшан гардондани дилхо хизмат мекунанд. Аз ин чихат, шоиста аст, ки имруз хам аз халкуми миллионхо одамони покниход чун амри дил садо диханд ва ба гуши чахониён бирасанд:

Некбахт он касе, ки доду бихурд,

Шурбахт он ки у на хурду на дод!

*  *   *

Замона аспу ту роиз, барои хешат тоз,

Замона гую ту чавгон, барои хешат боз!

 * *  *

Андар балои сахт падид оранд

Фазлу бузургмардию солори!

* *  *

Ангушт макун ранча ба даркуфтани кас,

То кас накунад ранча ба даркуфтанат мушт!

* *  *

Хар киро рохбар заган бошад

Гузари  у ба маргазан бошад!

Ашъори Рудаки хануз дар замони бархаётии шоъир  бо бадеъияти баланд, зебоию    хушоханги   ва фарахбахшу шодмониовар буданашон писанди хосу ом гардида будаанд. Хануз муосири шоъир Шахиди Балхи сухани Устод Рудакиро  ба китоби мукаддаси мусулмонхо баробар карда, онро «тилви нубо» гуфта буд, ки    тилв монанд ва нубо — Куръон гуфтан аст.

Дар давоми беш аз хазор соли баъди низ бузургони илму адаб хамеша ба устоди кул, тавонотарин шоъир ва некусухану матингуфтор будани Рудаки коил будаанд. Дар хакикат, Устод Рудаки маънихои бузургро дар шаклхои осону сода чой медихад. Ба кавли шоъир, «лафз хама хубу хам ба маъни осон». Ин услуби эчодиест, ки баъдхо сахли мумтанеъ ном гирифт. Аз ин чихат, у дар шеъри точики бунёдгузори ин услуби эчоди мебошад. Бо таъбири шоъир, у аз санги хора байти парниён, яъне шеъри нафис месозад:

Гар шоъирон наванд, манам навгувора,

Як байти парниён кунам аз санги хора!

Устод Рудаки аксаран аз калимахои одди мисраъу байтхои пурмазмун месозад, ки дар холати мукобили хам (зарра-офтоб, арзан-кух, замин-осмон, ханда-гиря) кор фармуда шудан ба маънохои мачози (гиристани абр, хандидани замину лола, чашмаи хуршед) ва мураккаб шудан (катрасахоб, катраборон, пурханда, пурнола) маънои нав касб намудаву ба унсури бадеъи табдил ёфта, ашёи тасвиршаванда, хусусан холати рухонии инсон ва манзарахои дилангези табиатро, хеле барчаста ва аёни тачассум менамоянд. Ахбороти оддии болои барги лола афтидани шабнам, бо доси нав даравида шудани юнучкаи сабзи тарак — курпо ва амсоли онхо низ дар тору пуди шеър ба образ табдил меёбанд:

Пеши теги ту рузи саф душман

Хаст чун пеши доси нав курпо!

Ё:

Ба навбахорон биситой абри гирёнро,

Ки аз гиристани уст ин замин хандон!

Гохе Устод Рудаки матлабро бо суханхои одди ифода намуда (Сапед барф баромад ба кухсори сиёх), дар хамин мавридхо низ гуфтори худро бо таъбирхои халки («Хеш бегона гардад аз пайи суд»), маколхо («Яке олудае бошад, ки шахреро биёлояд, — Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин») ва масалхо («Кор чун баста шавад, бикшояди, — В-аз паси хар гам тараб афзояди») зеб дода, баъзан бо тагйир додани як харф маъниро тамоман дигар мегардонад:

Бо сад хазор мардум танхойи,

Бе сад хазор мардум танхо не!

Рудаки, ки баробари забонхои  араби, сугди, пахлави ва бисёр сохахои илмхои дакик, таърихи Эрони Бостон, Юнону Араб, яхудию турки ва наклу ривоятхои халки худро аъло медонист, дар холатхои гуногун аз тафсироту талмехоти пурмазмуни Зардушт, «Авасто», «Мони», «Аржанг» («Жанг»), Рустам, Исфандиёр, Кисро, Афлотун, Сукрот, Мусо, Имрон, Лукмон, Сулаймон, Чарир, Хассон, Сареъ, Сахбон, Лайли, Мачнун, Шофеъи, Кухи Сиём ва гайрахо фаровон истифода мебарад ва дар хамин сурат низ табиъи будани баёнро нигох медорад:

Он сахни чаман, ки аз дами дай,

Гуфти, дами гург ё паланг аст.

Акнун зи бахори монавитабъ

Пурнакшу нигор хамчу «Жанг» аст.

Бар киштии умр такя кам кун,

К-ин Нил нишемани наханг аст!

Умуман, Устод Рудаки ба воситахои бадеъии мураккаб кордор намешавад. Аз лафзбози, дуруг ва муболигахои махз бархазар аст. Аз руйи сидк сухан мегуяд. Хамаи силсилаи образхои у аз олами вокеъи гирифта шудаанд. Ба кавли устод С. Айни, «зотан, фазилати шеъри Рудаки дар он аст, ки аз муболигахои гайритабии, аз ташбеххои ботакаллуф, аз кинояву истиорахои каснофахм ва, агар кутох карда гуем, аз хама сохтагихову сохтакорихо   дур аст». Вай   ташбеххои назаррасро ба кор мебарад:

Бихандад лола бар сахро ба сони чехраи Лайло,

Багиряд абр бар гардун ба сони дидаи Мачнун.

Зи оби чуй хар соат хаме буйи гулоб ояд,

Дар у шустаст, пиндори, нигори ман рухи гулгун!

Вокеан, Рудаки дар газалу чакома ва таронахои хеш бештар ба образхои дидашаванда таваччух дорад. Вай рангорангии олами хасти ва эхсосоти инсониро ба воситаи талаввуни рангхо ва дарёфти шабохати онхо бо чилвахои табиати зинда ба тасвир оварда, дар ин гуногунии падидахо ягонагии чахони зебои ва конуниятхои инкишофи онро кашф менамояд.

Рудаки ва муосирони у хангоми тасвири хусни инсон  ва таровати  афсунгари  табиат дар  байни ойинхо иртиботи   ошкору   нихони   хайратангезеро   дарк   намуда, барои ифодаи фикри худ аз он мохирона истифода бурдаанд. Ташбеххо,  тазодхо, васфхо ва  истиорахои табии хама аз ин ду манбаъи чахони модди гирифта шудаанд. Дар назми ин давра ташбеххои хаёли, тавсифхои вахми, тасвирхои аз фахм дур ва муболигахои мубхам дида намешавад. Танхо баъзе калимахои онхо имруз кухна шудаанд. Аз чумла, ба ин байт таваччух фармоед:

Сарв аст он ё боло?! Мох аст он ё руй?!

Зулф аст он ё чавгон?! Хол аст он ё гуй?!

Ё, баръакс,

Абр хамегиряд чун ошикон,

Бог  хамехандад  маъшуквор.

Раъд хаменолад монанди ман,

Чунки бинолам ба сахаргох зор!

Яке аз бехтарин нигорахои Рудаки, ки ба тавсифи манзараи пуршукухи табиат ва ягонагии инсону мухити атрофи он бахшида шудааст, ташбиби зерин аст, ки дар он хама тасвирхо эхсоси ва аёни буда, дар байти аввал фаро расидани бахор ба воситаи тавсифхои зебо (бахори хуррам, рангу буйи тибии он, сад хазор нузхат, орриши ачиб) хабар дода шуда, барои инсон натичагири аз он дар байти дувум ба василаи тазоду мукобила (марди пир-чавон, шубоб, яъне чавони машиб, яъне пири) ва таъкиди он ки дар чунин айём конунияти зиндаги низ баръакс сурат мегирад, яъне ба чойи аз чавони ба пири расидан, аз пири ба чавони бармегардад, сурат мепазирад. Байтхои сеюму чахорум хосияти фасли бахорро бо монанд кардани онхо бо афроди лашкару сипох чилва медихад: чархи бузургвор – сипохоро, лашкараш – абри тира, накибаш, яъне фармондехи лашкараш – сабо, наффоташ, яъне машъалафруз ва паронандаи гулулаи нафташ барки равшан, таблазанаш-тундар, яъне раъд. Аз ин чихат, чунин лашкар нихоят хавфовар аст. Шоъир дар нигориши ин манзараи осмонии бахор аз ташбех, истиора, тавсиф ва гайра басо мохирона истифода бурдааст, ки дар якчояги ташбехи мураккабро ташкил мекунанд. Акнун ба    ин чахор байт мулохиза фармоед:

Омад бахори хуррам бо рангу буйи тиб,

Бо сад хазор нузхату ороиши ачиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гах шавад чавон,

Гети бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо накиб!

Наффот барки равшану тундар-ш таблзан,

Дидам хазор хайлу надидам чунин махиб!

Баъди ин Устод Рудаки дар байтхои панчуму шашум ба олами дигар ру меорад. Ходисахои табиатро дигар на ба ашхосу ачзои харби, балки ба холати инсонхои одди ташбех медихад. Ин чо хама ба дарачае равшан аст, ки хочат ба тахлил нест. Факат чанд калимаро шарх додан лозим аст: сугвор-гамгин, каъиб-андухгин, хисори-чононаи чодарпуш, ракиб-посбон:

Он абр, бин, ки гиряд чун марди сугвор

В-он раъд, бин, ки нолад чун ошики каъиб!

Хуршедро зи абр дамад руй гох-гох,

Чунон хисорие, ки гузар дорад аз ракиб!

Сипас шоъир, дар байтхои хафтум-сездахум, факат ба нигориши сирфи айёми бахор пардохта, аз мачоз (дардманд будани чахон, табиб шудани бод, борони мушкбуй, хандаи лола), ташхис, ташбеххои одди ва мураккаб устодона истифода бурда, акнун манзараи заминии бахорро ба тарзи шигифтангезе чун падидаи зеботарини олами машхуд ба калам меорад:

Якчанд рузгор чахон дардманд буд,

Бих шуд, ки ёфт буйи суман бодро табиб.

Борони мушкбуй биборид нав ба нав

В-аз барг баркашид яке хуллаи касиб.

Кунче, ки барф пеш хамедошт, гул гирифт,

Хар чуяке, ки хушк хамебуд, шуд ратиб.

Тунд аз миёни дашт хаме бод бардамад,

Барк аз миёни абр хаме баркашад казиб.

Лола    миёни кишт бихандад хаме зи дур,

Чун панчаи аруси ба ханно шуда хазиб.

Булбул хаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб.

Сулсул ба сарвбун-бар бо нагмае кухан,

Булбул ба шохи гул-бар бо лахнаке гариб!

Хамаи ин лавханигори ва манзарапардозии шоъир барои он аст, ки мехри инсонро ба зиндаги барангезонад, то аз он бештар бахра бигирад. Ба акидаи Устод, аз тамоми зебоихои табиат ва файзи он дидори дуст авлотар аст:

Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб хабиб аз пайи хабиб!

Соки гузину бодаву май хур ба бонги зер,

К-аз кишт сор ноладу аз бог андалиб!

Харчанд навбахори чахон аст ба чашм хуб,

Дидори хоча хубтар-он михтари хасиб!

Ашъори ошиконаи Устод Рудаки дар назми асри X макоми рафеъ дорад. Якин аст, ки у шеъргуйиро дар бачаги аз сурудани ашъори ошиконаи халки, байтхои шухиомез, ки аз вакоеъи зиндагии кухистониён хабар медиханд, абёту сахифахои хаводиси табиат ва амсоли инхо сар карда буд, зеро махз дар чунин ашъор, ки дар колаби газалу рубоъи ва чакомаву таронахо рехта мешаванд, лахзахои хурсандиву хуши, орзуву муроди содда, гаму андуху нокомихо, хасрату талхихои хаёти дехотиёнро ифода мекард. Ин равияи гуфтори устод баъдхо дар газалу рубоъи ва ташбибу тагаззулоти у такомул ёфт. Хусусан, газал чун навъи латифи шеъри ганойи (лирики) дар адабиёти касбии хаттии асри X басе инкишоф ёфта буд. Ин навъи шеър бо мусики алокаи зич дошта, дар мавориди гуногун бо оханг суруда мешуд. Сарвари газалсароёни замон Рудаки буд. Газали Рудакиворро бо танини мазмунхои дилкаш, санъати оли, суханхои чира, нафосат ва оханги гушнавоз хама меписандиданд. Шахиди Балхи, Дакики, Робиъа, Хусравони, Аммора, Мунчик ва дигарон дар пайравии устоди панчрудии худ мазмунхои латифи ошикона, тавсифи бахор, лахзахои хушиву махчури, губори фироку хасрати бенавоиро дар колаби газал рехта, дар ифодаи онхо суханхои нарм, таъбирхои намакин ва санъатхои лафзию маънавии нозукро ба кор меандохтанд.

Баъд аз мавзуъи ватанпарасти ва андарзу хикмат мавзуъи ишку мухаббат дар ашъори Рудаки макоми вижа дорад, ки дар ин рисола дар ин бора зиёд сухан рафт. Мавзуъи аглаби газалхо, маснавихо ва рубоъихои Устод Рудаки аз ишки мукаррари анбошта шудаанд, вале чушу хуруш, самимияту дилангезии онхо бештар дар рубоъиёташ хувайдо мегардад:

Дар ишк чу Рудаки шудам сер аз чон,

Аз гиряи хунин мижаам шуд марчон.

Алкисса, ки аз бими азоби хичрон

Дар оташи рашкам дигар аз дузахиён!

Дар ин бобат хамаи рубоъихои Устод Рудакиро метавон намуна овард. Алхак, Устод Рудаки кабл аз Абусаъиди Абулхайр ва Хаким Умари Хайём навъи рубоъиро ба пояхои хеле баланд бардошта буд ва устодони дигар то имруз, пеш аз хама, суннати устуворкардаи уро давом медиханд. Мулохиза фармоед, Рудаки чи гуна рубоъи меофарад:

Номат шунавам, дил зи фарах зинда шавад,

Холи ман аз икболи ту фархунда шавад!

В-аз гайби ту хар чо сухан ояд ба миён,

Хотир ба хазор гам пароканда шавад!

Танхо шеваи шевои баёни хамин гуна газалу рубоъихо метавонанд аз фасохату латофат, малохату расои, халкияту самимияти махрамонаи гуфтори ошиконаи устод башорат бидиханд. Вале ин чошнии завкро басанда нест. Аз ин сабаб наметавон бо ин иктифо варзид.

Рудаки аз мухаббат тавре сухбат меорояд, ки ишки модди чун сарвати рухони, эхсоси латифи инсон   ба муносибати асили дилбохтагон бо тамоми мадду чазраш замири хассоси шоъирро ба хаячон оварда, бо сузу шур дар чакидахои табъи халлоки у таровиш мегузинад. Ин сон эхсоси начиб чун мояи покиву хуби ва мазхари умеду некноми аз олами мусаффои ишк дар шеъри Рудаки бо  нихояти зебои мавч зада, бо тачаллии хосе ботини чуяндагони васли рушаниву ниходи писандидагони чамоли сафобахшидаи хабибро ба камолоти рухони мерасонад. Чун амвочи тугёни дарёи ишк ба бозувони ошик зур, ба чашмони махбубпарасти у нур ва ба диди мехрангезаш шодмониву сурур ато менамояд. Парвардаи  чунин мухаббат ва  мустагрики  ин гуна дарёи ишк бо имони комилу ихлоси вичдони фармудаи устодро ба забон меорад:

Нест фикре ба гайри ёр маро,

Ишк шуд дар чахон фаёр маро!

Мубталои ишк дар тасвири Рудаки Мачнун нест. Шефтаи фарзонаву шахси ба висоли чонона муштокест, ки бо кушишу фидокорихои хеш аз богистони максуд бо майли хотир гули мурод чида, аз давлати ишк метавонад  бо ёри хучаставу маъшукаи гулчехраи худ бинозад. Занчири хама гуна монеъахои нажодиву мазхаби ва ишкелхои табакотиро гусаста, сарфи назар аз кешу ойини дилбар, уро мустахикки ибодат ва сазовори парастиш мешуморад. Ба ин маъни, аз у нидое ба гуш мерасад:

Аз каъба калисиёнишинам карди,

Охир  дар  куфр  бекаринам  карди!

Баъд аз ду хазор сачда бар даргахи дуст,

Ай ишк, чи бегона зи динам карди!

Хулосаи Рудаки он аст, ки касе аз шавки чонон огахи ёфт, фарди батолеъ аст. Ва хайф бошад, ки боз дар гами худ не, ба ризои атокунандаи саодатмандии хеш рузгор басар барад:

Касе, ки огахи аз завки ишки чонон ёфт,

Зи хеш, хайф бувад, гар даме бувад огах!

Устод Рудаки ба ишки гайривокеъи кордор нест. Дили мухаббатпарвари худро бо мехри мохруёни Бухоройиву турк, душизагони норпистон гарав манда, на танхо аз лахзахои гуворои васлу комситони ва розу ниёз лаззат мегирад, аз карашмаву хироми гулталъатони хиромонрафтор халоват мебарад, балки аз фироки турки камарбаста (Ай турки камарбаста, чунонам зи фирокат — Гуянд: кабои ту маро перахан омад!), сарви кадбаланд (Сарсари хачри ту, ай сарви баланд, — Решаи умри ман аз бех биканд!) ва кахри маъшука (Сипар пеш кашидам хаданги туро — Чу тир бар чигар ояд, сипар чи суд кунад?!) дар изтироб мефитад, изхор медорад, ки маъшукааш аз у мехр мехохаду худаш бемехр аст (Мехр хохи зи ману бемехри  — Худа  хохи зи ману бехудайи!). Бо вучуди ин, шоъиру кахрамони газали у аз номардумихои чонона тагофул   варзида   (Агарчи   номардум   аст  мехру  вафош  —  Нашавад хеч аз  дилам берун!), аз хама    тазоду мехрубониву нозу итоби дилбар натичаи мусбат мегирад (Чу гулшакар дихиям, дарди дил шавад таскин — Чу туршруй шави, ворахони аз сафро!). Аз ин ру, ишке, ки Рудаки ситоиш менамояд, ишки муъчизавиест, ки ошик хатто аз шарбати хачру дарди фирокаш хузур мекунад. Шоъир пайгом медихад:

Бо он ки дилам аз гами хачрат хун аст,

Шоди зи гами туам зи гам афзун аст!

Андеша кунам хар шабу гуям: «Ё раб,

Хичрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!»

Умуман, кобили зикр аст, ки Рудаки дар ашъори ошиконаи худ факат аз сидку вафо, кайфияти дидору висол, дилбариву дилнавози барин лахзахои сурурангези ишк шохбайт намегуяд. Гохо чафокорихои хубони бадмехр занги гаму ошуфтагиро дар хотири у мутавалли гардонида, талхии сабр чун имтихони душвор пайкари уро мегудозад ва баъзан замони васл барои у зудгузар намуда, пиндори чудоии навбати ногузир бунёдашро ба ташвиш мегузорад. Дар чунин маворид гуфтори устод махзун ба гуш мерасад:

Хануз бо маниву аз нихеби рафтани ту

Ба руз вакт шуорам, ба шаб ситора шуморам!

Хар кадар гавхари ишк дар нихонхонаи дил пинхон дошта шавад, хар кадар хадиси ишки мехрварзони покбоз ба дахони бегонаву ошно ва ёру агёр наафтад, чун ганчи арзандатарини дилбару дилбоз арчмандтар мегардад. Аммо ошик он аст, ки наметавонад он сарватро пинхон дорад. Кахрамони газали Рудаки аз ин доира берун нест. Забони у ба замзамаи чунин тарона бидуни ихтиёр гуё мешавад:

Кушам, ки бипушам, санамо, номи ту аз халк,

То номи ту кам дар дахани анчуман ояд!

Бо хар ки сухан гуям,  агар хохаму гар не,

Аввалсуханам номи ту андар дахан ояд!

Майли Устод  Рудаки  дар  сохтмони  ашъори пухта ва устувори ошиконаи худ бештар ба таносуби сухан, ташбеххои тазодомез (Кори буса чу об хурдан шур — Бихури беш, ташнатар гарди), истиора ва талмех (Бибурда наргиси ту оби чодуйи Бобул — Кушода гунчаи ту боби муъчизи Мусо) бештар аст. Вале дар ин гуна ашъораш аз суханбозии латиф, таърифи хачвмонанд (Ба зулф каж, валекин ба кадду боло рост — Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор), хитоб (Шод зи, бо сияхчашмон шод, — Ки чахон нест чуз фасонаву бод!) ва амсоли инхо фаровон истифода мебарад. Дар хама маврид тобиши хикматомези фикрро чавлондиханда, оханги риндонаи хулосакунанда ва аз фарах лабрези сухани устод баркарор мемонад:

Руй ба михроб ниходан чи суд?!

Дил ба Бухорову бутони Тароз!

 Эзиди мо васвасаи ошики

Аз ту пазирад, напазирад намоз!

Забони ашъори ошиконаи Устод Рудаки намунаи бехтарини забони умумихалкии точикист, ки дар давоми хазору сад сол бо дурахши муъчизаосойи худ хонандаву шунавандаро мафтун медорад.

Ба мучиби хамеша дар харакату инкишоф ва тагйиру такомул будан дар забони ашъори Рудаки калимахои чудогонае дучор меоянд, ки баъзан аз истифода баромадаанд ё камистеъмол шудаанд. Калимахои фаёр-шугл, кор; сихойи нома-риштаи номабанди; нихеб-биму хавф; эч-хеч ва амсоли инхо ба хамин гурух ворид мешаванд. Аз хамин сабаб асрори баъзе байтхои хеле олии устод имрузхо барои на хамаи хонандагонаш зуд ифшо мегарданд. Факат дар холати донистани маънихои лайлатулкадр-шаби кадр, чалбиб-рупуш, фараснофа-шаби Навруз, пада-дарахти бесамар, жай-хавзу кул аз байтхои зайл метавон халоват бурд:

Шаби   ошикат    лайлатуркадр   аст,

Чун ту берун куни рух аз чалбиб!

*   *   *

Шаби кадри васлат зи фархундаги

Фарахбахштар аз фараснофа аст!

*   *  *

Ай он, ки ман аз ишки ту андар чигари хеш  

Оташкада дорам саду бар хар мижае жай!

Яке аз хусусиятхои мумтози сурудахои ошиконаи Устод Рудаки он аст, ки дар баробари баландии мазмуну санъати  беназир, бо оханги нишотбахшу тарабафзойи худ дар фазои калби мухлисону хаводорон танинандоз гардида, чун таронаи дил тобишхои рангорангу асрорангези зиндагиро дар назари ошики вораста ва шахси солимзавк тавре тачалли медиханд, ки он мазмун мисли зикри ботинии у дар замираш маъво гирифта, ангезахои нихони уро ба тугён оварда, бо галаёни эхсосот ба тапиши набзи вай суръат медихад. Бар замми ин, табиъи ва самими будани каломи шоъир боки мемонад. Ба ин китъа таваччух фармоед:

Чамани аклро хазони агар,

Гулшани ишкро бахор туйи!

Ишкро гар паямбари, лекин

Хуснро  офаридгор  туйи!

Китъаи дигари ошиконаи Устодро меорем, ки дар он  у дар холати худ шабохатхои аслеро пайдо кардааст, ки дар макоми мансубият ба сохибашон дар холатхои гуногун карор гирифта, гувохи дигари камолоти хунари шоъирии у буда метавонанд:

Ба рухаш зулф ошик аст чу ман,

Лочарам хамчу ман-ш нест карор!

Ману зулфайни у нагунсорем,

У чаро бар гул асту ман бар хор?!

Хамчу чашми тавонгар аст лабаш,

Он ба лаъл, ин ба луълуи шахвор!

Ташбеху тазоди китъаи боло симохои ба чашм намоёнро чилва менамоянд, ки дигарбора кури модарзод будани устоди рушанбинро таъйидан рад мекунад. Чун сухан аз саршор будани шеъри Рудаки аз санъатхои шеъри ба миён омад, ба хотир овардан лозим аст, ки гуфтори Устод Рудаки, баробари намунаи олии сахли мумтанеъ ва саршори панду андарзу хикмат будан, аз санъатхои бадеъи гани буда, баъзе абёти у дорои се, чахор ва зиёда аз ин санъати лафзиву маънави мебошад. Аз хамин чихат, доноёни суханшиноси адабиёти форсу точик, чи дар гузашта ва чи имруз, ашъори Устод Рудакиро барои мавчудияти ин ё он ороиши лафзи ё маънави шохид овардаанд. Касидаи дар мадхи вазир Абутаййиб Тохири Мусъаби офаридаи у низ аслан санои чуду аторо фаро мегирад.

Рудаки дар мадоехи худ беш аз хама ва пеш аз хама ташбехро ба кор мебарад. Алхак, Саъид Нафиси дуруст мефармояд: «Хар шоъир, ки дар ташбех забардасттар, чахонгиртар аст». Устод Рудаки дар ин шева махорати беназир дорад. У аглаб чандин ташбеху тазодхоро дар якчояги истифода карда (Чу хомун душманонат паст боданд, —Чу гардун дустон воло хама сол), гохе ба онхо калимахоеро дар колаби хамвазн ва кофияи гуногун ба кор мебарад, ки сачъи мутавозинро ташкил мекунад (Аз чуд кабо дори, пушида мушаххар, —В-аз мачд бино дори, барбурда мушайяд). Дар абёти мутафаррикаи мадехавии Устод Рудаки мадхи муваччахи духура, ки зохиран сарзаниш карда, дар асл мадх аст (Туйи, ки чавру бахили ба ту гирифт нишеб, —Чунон ки доду саховат ба ту гирифт фароз) ва, баръакс, порахое дучор меоянд, ки бо истифодаи ихому тазод, таносуби мачоз зохиран мусбат намоянд хам, ботинан зидди он маъниро доранд:

Чокаронат ба гахи разм чу хайётонанд,

Гарчи хайёт наянд, ай малики кишваргир!

Ба гази найза кади хасми ту мепаймоянд,

То бибурранд ба шамшеру бидузанд ба тир!

«Таносуб дар ин чо: хайёт-дарздуз ва тарзи оромонаи либосдузии уст. Ихом ва таззод — дар тахти харакати оромона тасвири чангу чидоли кахрамонона ва хашмгинонаро додан аст» (Расул Ходизода). Байти зерин низ дорои чунин санъат мебошад:

Онон ки гирифтор шуданд аз сипари ту,

Аз банд ба шамшери ту ёбанд рахойи!

Эхтишом, тантана ва бурузи санъатхои баланди шеъри аз вижагихои касидахои мадехавии Устод Рудаки буда, бо ташбиб, насиб ва тагаззул васфи бахор, бузургии идхои миллии ориёнажодон — Навруз, Мехргон ва Сада, инъикоси чилвахои мафтункунандаи табиат, тараннуми ишк макоми баландро молик мебошанд. Дар порчаи поён, ки якинан насиби касидаи мадехавист, чашни Мехргон бо хашамату шукух ва шодмониву тараб дар он руз тасвир гардида, аз он буйи шароби аргувони, ки дар фасли тирамох кайфияти дигаре дорад, ба машом мерасад:

Малико, чашни Мехргон омад,

Чашни шохону хусравон омад!

Хаз ба чойи малхаму хиргох

Бадали богу бустон омад.

Мурд ба чойи савсан омад боз,

Май ба чойи аргувон омад!

Ту чавонмарду давлати ту чавон,

Май ба бахти ту навчавон омад!

Гул дигар рах ба гулситон омад,

Вораи  богу  бустон омад!

Вори   озар   гузашту   шуълаи   он,

Шуълаи лоларо замон омад!

                      .

Чашни Мехргон бузургтарин чашне, буд, ки дар рузи аввали тирамох, хангоме, ки шабу руз баробар мешавад ва хуршед дар бурчи мизон карор мегирад, барпо мешуд. Дастархони мехргони аз хафт меваи ин фасл оро меёфт, ки худ шукуху азамати хос мегирифт.

Пораи касидаи дигар:

Он ки намонад ба хеч халк, Худост,

Ту на Худойи, ба хеч халк намони!

Руз шуданро нишон диханд ба Хуршед,

Боз мар уро ба ту диханд нишони.

Хар чи ба алфози халк мадхат рафтаст,

Ё биравад то ба рузи хашр, ту они!

Устод Рудаки зимни ситоиш дар мавридхои зиёд ба мамдух панд медихад: уро дар чанг алайхи аъдояш далер мегардонад, дар ноомади корхо дилбардори мекунад:

Дил танг мадор, ай малик, аз кори худойи,

Ором вачхи тарабро мадех аз табъ чудойи.

Сад бор фитодаст чунин хар маликеро,

Охир пурсиданд ба хар комравойи.

Ин кор самойи буд, на куввати инсон,

Касро набувад кувват бо кори самойи.

Он кас, ки туро диду туро бинад дар чанг,

Донад, ки ту бо шер ба шамшер даройи!

Онон ки гирифтор шуданд аз сипахи ту,

Аз банд ба шамшери ту ёбанд рахойи!

Азбаски шеъри Рудаки, аглаб, баробари он ки рухи тарабу шоди, шуру фарахро ифода мекунад, бо забони хеле содаву равон ва дур аз такаллуф суруда шудааст. Аз хамин чихат, дар китобхои назмшиносии куруни вусто ва сухансанчони муосири форсу точик аз дунёи рангоранги гуфтори Устод Рудаки барои нишон додани маънихои латиф ва мазмунхои тоза чун далелу намумахои аъло оварда мешаванд. Хак ба чониби пажухишгари эрони чаноби окои дуктур Абдулхусайни Зарринкуб аст, ки дар китоби маъруфи худ «Бо корвони хулла» менависад: «Чун Рудаки дар шоъири кудрату махорате каммонанд дошт, хоса дар тавсифи ахволу тачсими манозир бас чирадаст буд. Ташбехоту тавсифоти у дар нихояти лутфу диккат буд. Хеч кас ба  хубии у шаробро ба акики гудохта ва дандонро ба ситораи сахари ва катраи борон монанд накарда буд. Ва аз ин гуна ташбехоти латифи дурахшон дар шеъри у бисёр метавон ёфт. Гайр аз касидасаройи ба назми маснавихое чанд низ пардохт: маснавии «Калилаву Димна» ва манзумаи «Синбоднома» аз ин чумла буд, ки аз онхо чуз абёти пароканда бознамондааст».180

 Факат дар китоби Мухаммад бинни Умари Родуёни «Тарчумон-ул-балога», ки соли таснифаш 1114 мелоди мебошад, рочеъ ба шонздах санъати бадеъи 20 байти Рудаки ба сифати мисол оварда мешавад,181 ки он чо аз санъатхои тарсеъ, муктазаб (Агарат бадра расонад хаме ба бадри мунир, —Мубодират куну хомуш машин чандино), музориъа (Нили даманда туйи ба гохи атият, —Пили даманда ба гохи кинагузори), мутобика (Агарчи чангнавозон латифдаст буванд, —Фидои дасти калам бод дасти чангнавоз), тазод, ташбехи машрут, муроъотунназир, мадхи муваччах (Туйи, ки чавру бахили аз ту гирифт нишеб, —Чунон ки доду саховат ба ту гирифт фароз), тачохули ориф (Танат якеву чон якеву чандин дониш, —Ай ачабо, мардуми ту ё дарёйи), илтифот, таъкиди мадхи ба зам монанд, ирсоли масалайн дар байт, истидрокот (Асари мир нахохам, ки бимонад ба чахон, — Мир хохам, ки бимонад ба чахон-дар асаро), маънии оёти куръони, сачъи мутавозин (Аз чуд кабо дори, пушида мушаххар, —В-аз мачд бино дори, барбурда мушайяд) ва ибдоъ иборатанд. Мисол барои ибдоъ:

Он ки намонад ба хеч халк, Худост,

Ту на Худойи, ба хеч халк намони!

Руз шуданро нишон диханд ба Хуршед,

Боз мар уро ба ту диханд нишони.

Хар чи ба алфози халк мадхат рафтаст,

Ё биравад то ба рузи хашр, ту они!

Пасон Низомии Арузии Самарканди дар асари худ «Чахор макола», ки онро соли 550 хичри (1157 мелоди) таълиф кардааст, хикояти сафари чахорсолаи Наср ибни Ахмади Сомониро дар Хирот оварда, касидаи «Буйи Чуйи Мулиён ояд хаме»-ро дар он маврид гуфтани Рудакиро зикр мекунад ва аз он хафт байтро иктибос оварда, баъд аз байти хафтумро дарч намудан (баъд аз байти «Офарину мадх суд ояд хаме, —Гар ба ганч андар зиён ояд хаме) менависад: «Ва андар ин байт аз махосин хафт санъат аст: аввал мутобик, дувум мутаззод, савум мураддаф, чахорум баёни мусоват, панчум узуббат, шашум фасохат, хафтум чазолат ва хар устоде, ки уро дар илми шеър тачоруб аст, чун андаке тафаккур кунад, донад, ки ман дар ин мусаййибам, вассалом».182

Аксар дар абёти Устод Рудаки санъатхои бадеъи бо хам омехта ва дар якчояги кор фармуда мешаванд. Дар адабиётшиносии муосири точик нахустин маколаро рочеъ ба мухассаноти шеъри Рудаки тахти унвони «Дар бораи санъати назми Рудаки» соли 1958 устод Расул Ходизода навишта, дар китоби «Рудаки ва замони у» чоп карда, дар он хамаи кайдхои «Тарчумон-ул-балога», «Ал-Муъчам», «Хадоик-ус-сехр», «Мачмаъ-ус-саноеъ», хамчунин гуфтори Шиблии Нуъмони, Саъид Нафиси ва Садриддин Айниро оварда, онхора аз нигохи танкиди чамъбаст намуда, бо назари нав ба ин масъалаи мухим нигаристаанд.183

Хангоми тахлил маълум мешавад, ки Устод Рудаки барои ифодаи мазмунхои амики шоъирона, дарёфти маъонии латиф, дарки амвочи завки салим ва лаззатбахши шеър, хамчунин лахни гушнавози калом аз тамоми воситахои дар ихтиёраш мавчудбуда истифода бурда, мисли аъчубанигор чахони рангоранги олами шеъри худро мохирона барпо менамояд, ки аз лахту порахои ночизи бокимондаи он хам бузурги, чалолат, эхтишом, кушиши фавкулоддаеро хувайдо мегардонад. Барои ба максад расидан Устод Рудаки аз ташбех, истиора, мачоз, тазод, мукобала, тачнис, тарсеъ, илтизом, талмех, муболига, игрок ва гайра, ки бархе аз онхо анвоъи гуногун доранд, мохирона истифода мебарад. Намунае барои ташбехи мутлак ин байт аст:

Биёр он май, ки, пиндори, равон ёкути нобасти,

Ва ё чун баркашида тег пеши офтобасти…

Мисол барои ташбехи шарти:

Ба сарв монад, гар сарв лоладор бувад,

Ба мурд монад, гар мурд руяд аз насрин!

Ташбеки пушида:

Дили ман арзане, ишки ту кухе,

Чи сойи зери кухе арзанеро?!

Абёти Устод Рудаки аз анвоъи гуногуни истиора, ки гуфтори уро басо гуворо гардондааст, низ хеле саршоранд. Модари май – истиора барои ток, бачаи у барои ангур, чашмаи хуршед барои май, Нил истиораи дунё, наханг-марг, сарви бустонорой, нигор, бутони Тароз хама барои ифодаи дилбар, сарсари хачр, решаи умр, чамани акл, гулшани ишк истиорахои маргуб мебошанд:

Чамани аклро хазони агар,

Гулшани   ишкро   бахор   туйи!

Ишкро гар паямбари, лекин

Хуснро офаридгор туйи!

Яке аз санъатхое, ки шоъир онро хеле дуст медорад, санъати тачнис аст, ки навъхои гуногуни он дар шеъри Устод Рудаки зиёд ба мушохида мерасад, мисли:

Аз он май маро дих, ки аз акси у

Чу ёкут гардад ба фарсанг санг!

Санъати ташбех ва тафсир низ дар шеъри Устод Рудаки барои рушантар ифода намудани матлаби у кор бурда мешавад, ки далели возехи он китъаи зерин аст, ки дар он ба василаи се перохани Юсуф ахволи рухонии шоъир баён мегардад:

Нигорино, шунидастам, ки гохи михнату рохат

Се перохан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар:

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тухмат,

Савум Яъкубро бар буш равшан гашт чашми тар!

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сони,

Насиби ман шавад дар васл он перохани дигар!

Маколаи дигаре, ки мухассаноти шеъри Рудакиро фаро мегирад, «Рочеь ба махорати нигорандагии Рудаки» ном дошта, ба калами олими забардасти шурави И. С. Брагинский мутааллик аст. Дар бораи ин макола хаминро гуфтан басанда аст, ки хубихои онро ба назар гирифта, ба муаллифи он махз барои хамин макола Чоизаи давлатии Точикистон дода шудааст.184

Ороиши дигари шеъри, ки ба воситаи кор фармудани он чихати ахлоки, тарбияви ва хикматнокии каломи гуянда афзун мегардад, корбасти маколу зарбулмасал ва андарзу хикматхои роич аст, ки суханвар онхоро дар гуфтори худ истифода мебарад. Абёти ашъори бокимондаи Устод Рудаки аз ин чинс панду насихатхои мардуми, ки дар тули асрхо дар оташи кураи рузгорон обутоб ёфта, аз имтихони карнхо гузаштаанд, мамлув мебошанд. Бинобар хамин, донишмандони суханшинос садхо сол дар ин хусус бахсхо кардаанд, ки дар байни он хама маколаи олими шинохтаи маскави Мухаммаднури Усмонов, ки бо номи «Зарбулмасалу маколахо дар мероси манзуми Рудаки» соли 1958 ба забони руси навишта шудааст, арзиши хосеро сохиб мебошад.

Дар ин макола М. Усмонов, аввалан, кайд мекунад, ки бархе аз пажухишгарон дар маколаву рисолахои худ чанде аз гуфтори хикматомези Рудакиро иктибос меоранд, ки бо вучуди хикматомез будани худ ба зарбулмасалу маколхо дохил намешаванд, мисли

Андар балои сахт падид ояд

Фазлу бузургмардию солори.

Ё:

Некбахт он, ки бидоду бихурд,

Шурбахт он, ки на хурду на дод!

         Ва ё:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,

Хеч н-омузад зи хеч омузгор!

Вале баъд аз ин сиву як зарбулмасалу дувоздах маколро аз ашъори Устод Рудаки оварда, онхоро бо зарбулмасалу маколхое, ки дар чанд мачмуъаи зарбулмасалу маколхои форси ва точики гирд оварда шудаанд, мукоиса мекунад, ки чун намуна баъзе аз онхоро метавон ин чо зикр намуд: «Макун бад, агар бад нахохи ба хеш», «Чу пусти рубах бини ба хони вотгарон, —Бидон, ки тухмати у дунбаи ба шудёр аст», «Кас набардоштаст ба дасте ду харбуза», «Мачнун донад, ки холи Мачнун чун аст», «Буз ба бичбич-бар харгиз нашавад фарбех», «Кай рафтаро ба зори бозори», «Об хар чи бештар неру кунад, банду варги сустбуда бифканад», «Хеш бегона гардад аз пайи деш», «Маялфанч душман, ки душман яке фузун асту дуст аз хазор андаке» ва гайрахо. Ва аз маколхо чунинхоро ном мебарад: «Ситем аз реши касе оханчидан», «Чун хар дар миёни шилк фуру мондан», «Хадиси гоб гуфтан», «Чома ба дандон гирифтан», «Рутаб аз коноз баровардан» ва монанди онхо. Аммо ин чо мо на шакли дар ашъори Рудаки овардашудаи маколхо, балки шакли масдарии онхоро овардем, ки чун иборахои устувор шинохта мешаванд.

Шеваи кори Устод Рудаки дар истифодаи зарбулмасалхо ва маколхои мардуми он аст, ки чунин хикматхоро дар матн дар макоми хеле табии бо тазодхо ё тафсири онхо ба кор мебарад, ки хам шевои ва хам мазмуни шеърро баланд мебардоранд ва хам хикматнокии онро меафзоянд, хам арзиши гуфтори шоъирро хубтар ба чилва медиханд. Бархе порчахои бокимондаи ашъори Устод Рудаки пурра бо ин тарз нигошта шудаанд. Хатто кариб хамаи абёти парокандаи бокимондаи достони «Калилаву Димна»-и Устод Рудаки бо ин услуб таълиф гардидааст. Ба пораи шеъри зерин таваччух фармоед:

Чун тег ба даст ори, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бади нест фаромушт!

Ин тег на аз бахри ситамгорон карданд,

Ангур на аз бахри набиз аст ба чархушт!

Исо ба рахе дид яке кушта фитода,

Хайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро кушти, то кушта шуди боз,

То боз ки уро бикушад, он ки туро кушт?!

Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт!

Ин чо чун зарбулмасалхо аз забони хазарати Исо оварда мешаванд, кудрати тарбиявии онхо барои мардум рушантар пазируфта мегардад.

Дар китъаи шеъри поён барои возехтар ифода гардидани матлаб зарбулмасал басе бамавкеъ оварда шудааст:

Ай хоча, ин хама, ки ту худ медихи шумор

Бодоми тарру сикиву бахмону бостор!

Мор аст ин чахону чахончуй моргир,

Аз моргир мор барорад хаме димор!

Ба гумонам, дигар барои нишон додани макоми зарбулмасал ва маколхои халки дар гуфтори шакарбори Устод Рудаки хамин намунахо басанда аст.

Дар тамоми дунёву кулли забонхои олам шеър бидуни вазну оханг вучуд надорад. Аз ин ру, пажухиши ашъори Устод Рудаки бе тахлилу тадкики авзони шеърхои у нопурра ба назар мерасад. Хушбахтона, ин корро хануз соли 1958 олими мумтози вазншиноси точик Бахром Сирус бо камоли хавсала дар маколаи худ «Вазни осори бокимондаи Рудаки» анчом дода, моро аз тахлили густардаи дубораи он бениёз гардонидааст.186

Факат хаминро гушзад метавон кард, ки шодравон Бахром Сирус дар маколаи худ 264 пораи шеъри Устод Рудакиро мавриди санчиш карор дода, ба натичае меояд, ки ин шеърхоро дар 108 навъи 10 бахри вазни аруз таълиф кардааст, ки манзараи истеъмоли онхо чунин аст:

  1. Навъхои гуногуни бахри хазач .        .         .          .    35
  2. Навъхои гуногуни бахри рамал           .        .         .          .    18
  3. Навъхои гуногуни бахри мунсарех  .        .         .          .    12
  4. Навъхои гуногуни бахри мучтас      .        .         .          .    10
  5. Навъхои гуногуни бахри музореъ  .        .         .          .    10
  6. Навъхои гуногуни бахри хафиф     .        .         .          .      9
  7. Навъхои гуногуни бахри сареъ . .         .          .      6
  8. Навъхои гуногуни бахри кариб . .         .          .      5
  9. Навъхои гуногуни бахри мутакориб .        .         .          .      4

 

  1. Бахром Сирус. Вазни осори бокимондаи Рудаки / Рудаки ва замони у, Сталинобод, 1958, сах. 128-141.
  2. Навъхои гуногуни бахри  рачаз         .        .         .          .      3

Чамъан                                                                                               108

Бахром Сирус танхо вазни дувоздах порчаи шеърии Устод Рудакиро ба сабаби тахриф гардиданашон муайян карда натавониста,    байтхои аввали онхоро зикр менамояд. Аз хамин чихат, мо ба равони поки ин пирамарди пуркор барои хидмати  шоистааш    аз тахти дил изхори    сипос менамоем  ва аз даргохи Худованди    олам омурзиши гунохонашро мехохем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …