Главная / Илм / ГНУС

ГНУС

gnusГНУС, номи умумии як гурух хашароти хунмаки болдор (пашшаю хомушакхо). Ба Г. такр. 900 намуди хашарот, аз чумла пашшахо, хомушакхо, харакхо, курпашшахо, хармагасхо, магасхо ва г. дохил мешаванд. Намуд ва микдори Г. ба шароити ландшафт ва иклим вобаста аст. Резишгоху дарёбоди рудхо, обанборхо, киштзорхои оби чои афзоиши Г. мебошанд.
Зарари Г. ба одамону хайвонот хеле калон аст. Оби дахони Г. хориш, сузиш, газак, таб ва ангезиши пустро ба вучуд меорад. Мумкин аксуламали аллерги рух намуда, бо шоки анафилакси анчом пазирад (ниг. Аллергия, Анафилаксия). Хисси хоришу сузишро метавон бо рохи молидани махлули спиртии навшодир ва содаи хурдани (ним кошукча ба як истакон об) ба чойхои осебдидаи пуст бартараф кард. Дар мавридхои нисбатан вазнин зарардидаро ба назди духтур фиристодан лозим аст. Дар давраи хамлаи селаи Г. одамон аз истирохати бофарогат махрум мешаванд, махсули мехнат паст ва осебхои истехсоли зиёд мегарданд. Хашароти мансуб ба гурухи Г.-хо пахнкунандаи бисёр амрози хавфнок (табларза, энсефалит, варача, филяриоз, туляремия ва г.) низ мебошанд. Чорвое, ки гирифтори хучуми селаи Г. гардидааст, логар ва камшир мешавад.
Тадбирхои мухофизат: рох надодан ба афзоиши Г.; нест кардани хашароти болиг ва кирминаи онхо (ниг. Дезинсексия); истифодаи воситахои хусонанда – репеллентхо; пушидани либоси махсус, ки дар репеллент (туруд) тар карда шудааст; истифодаи пашшахона (аз дока ва турхои гуногуни сурохиашон майда) ва г. Ба дару тирезаи хонахо кашидани турхои капрони ё симбофт низ муфид аст. Дар хама мавридхои истифодаи репеллентхо коидахои бехатари (ба чашм, бини, дахон надаромадани заррахои онхо) бояд катъи риоя карда шаванд. Ниг. низ Пашша, Магасхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …