ГЛЮКОЗА (юн. glykys – ширин), канди ангур, декстроза, C6H12O6, карбогидрат аз гурухи гексозахо; дар табиат фаровон аст. Кристалли беранг, t гуд. 146,50С, дар об нагз хал мешавад; аз чихати оптики фаъол; кисми мухими таркиби организмхои зинда. Г. барои аксари организмхо манбаи энергия мебошад. Организм Г.-ро дар табаддулоти анаэроби, ки аз синтези АТФ (кислотаи аденозинтрифосфат) сар шуда, бо хосил гаштани кислотаи шир (кислотаи алфа-оксипропионат) ба итмом мерасад, синтези гликоген зери таъсири ферменти глюкооксидаза, то кислотаи глюконат оксидшавии аэробии Г. ва табдили он ба пентоза ва диг. кандхои сода истифода мебарад. Растанихо ва баъзе бактерияхое, ки энергияи рушноии офтоб ва реаксияхои оксидшавии химиявиро истифода мебаранд, Г.-ро аз унсурхои ноорганики хосил мекунанд. Дар саноат Г.-ро хангоми гидролизи крахмал ба даст меоранд. Г. дар канноди, тиб ва байтори (чун воситаи муолича) истифода бурда мешавад.
Микдори Г. дар таркиби хуни одами солим зери назорати силсилаи асаби маркази ва системаи эндокрени карор дорад. Дар танзими микдори Г.-и хун гормони инсулин ва глюкагон, хамчунин адреналин, глюкокортикоидхо, тироксин ва трийодтиронин, гормони хиссаи пеши гипофиз ширкат меварзанд.
Сабаби дар хун зиёд шудани Г. (гипергликемия) гуногун аст, мас., истеъмоли гизое, ки Г.-и бисёр дорад (гипергликемияи гизои), тачзияи барзиёди гликоген дар чигар хангоми кори вазнини чисмони, аз чарбу ва сафеда хосил шудани Г. ва г.
Дар таркиби хун аз меъёр кам шудани Г.-ро гипогликемия меноманд. Ба тавассути пешоб бисёр хорич шудани он гликозурия ном дорад. Дар хун аз 50 мг/100 мл паст шудани савияи Г. боиси халал ёфтани фаъолияти силсилаи асаби маркази мегардад.
Г. барои пурра «сухтан» – и равган дар организм зарур аст. Бинобар ин норасоии он боиси дар хун афзудани кислотахои равган мешавад (дар натича атсидоз ва кетоз рух менамояд.).
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …