Об ба дарёхо бо роххои гуногун дохил мешавад. Манбаи асосии он оби-борон, барф, пирях ва обхои зеризамини мебошад. Обхои бо нишебии сатхи хушки чоришаванда ва бо кабати Замин харакаткунанда якбора дарёхои калонро хосил намекунанд. Аз онхо аввал чашмахо, чуйчахо, баъд дарёчахо ва дар охир дарёхои калон хосил мешаванд. Дар хосилшавии онхо накши асосиро оби борон ва барфу ях мебозад.
Обхои зеризамини ва кулу ботлокхо, ки дар хосилшавии дарёхо иштирок менамоянд, як хиссаи оби борон ва барфу ях мебошанд.
Гизогирии дарёхо асосан се хел мешавад: боронй, барфй ва пиряхи. Агар дарё аз борону барф, пиряххо, обхои зсризамннн ва ё барфу пирях об гирад, онро гизогирии омехта меноманд. Ин намуди гизогирй ба Амударё ва бисёр шохобхои он хос мебошад. Дарёхои Аму, Панч, Вахш, Зарафшон ба гизогирии барфу пиряхи мансубанд. Онхо дар як сол ду маротиба сероб мегарданд: бахорон хангоми боридани борон ва тобистон дар натичаи тез об шудани барфу пиряххои баландкух.
Хангоми серобшавй мачрои онхо ин микдор обро гунчонда наметавонад. Сатхи об баланд шуда, обдог (чое, ки хангоми сероб шудан оби дарё онро пахш мекунад ва дар вакти кам шудани он аз об озод мешавад) ва чойхои пасти назди сохилро ишгол мекунад. Аз чумла дарёи Аму дар вакти сероб шудан сохили худро ба масофаи то сад метр вайрон мекунад. Дар яке аз Солхои пуртугёниаш дарёи Аму сохилашро чунои кофта буд, ки об ба шахри Турткул наздик омада, хонахои якчанд кучахоро вайрон намуд. Баъзе шохобхои дарёи Аму ба монанди Кофарнихон, Кизилсу, Сурхондарё ва Кашкадарё гизогирин барфу лиряхЯ доранд. Онхо хам дар як сол ду маротиба сероб мешаванд. Аммо микдори об бештар дар фасли тобистон меафзояд.
Барои дарёхои Помир бошад гизогирии барфу пиряхи ва пиряхй-барфи хос аст. Онхо тобистон (июн. август) сероб, зимистон камоб мешаванд. Дарёхое, ки аз каторкухи Паси Олой cap мешаванд, дар тобистон сатхи оби онхо дар давоми руз тагйир меёбад. Пагохи оби онхо кам, бегохи бошад, дар натичаи босурьат об шудани барф ва пиряххо сероб мешаванд. Оби дарёхои Волга, Дон. Об. Иртиш бахорон аз хисоби обшавии барфхо, тобистону тирамох, аз хисоби борон ва обхои зеризаминй, зимистон факат аз обхои зеризамини гизо мегиранд.
Бештари онхо дар фасли бахор сероб мешаванд. Дарёи Амур охири тобистон, хангоми борндани борони сел пуроб мегардад. Дар руи Замин бисёр дарёхое хам хастанд, ки факат аз оби борон гизо мегиранд. Чунин гизогирйи беияар ба дарёхои назди хати истиво хос аст. Аз чумла дарёи Амазонка ва Конго тамоми сол аз оби борон гизо мегиранд. Дар хавзаи онхо дар тамоми фаслхои сол борони зиёд меборад. Бинобар ин доимо сероб мебошад ва сатхи об кариб тагйир намеёбад. Хамин тавр, дарёхои руи Замин баьзан дар натичаи босурьат обшавии барф ё борони сел дар давоми сол сероб мешавакд, ки онро обхез меноманд. Чойхоеро, ки хангоми паст шудани сатхи оби дарё аз об озод мешаванд, обдог с даребод мегуянд. Дарёхо хангоми дар сатхи хушки чорй шудан каъри мачро ва сохилро мешуянд.
Суръати оби дарёхо хар кадар тез бошад, фаъолияти шуяидаги ва вайронкории онхо хамон кадар меафзояд. Дар натича дарахои танг. водихо ва чарихо хосил мешаванд. Аммо чинсхои кухии майда ва порашударо, ки хангоми шустан ва вайронкории чараёни оби дарё хосил мешаванд (гил, peг, сангпорахо ва гайра), дарё бо худ мебарад.
Баробари аз сароб то резишгох охиста-охиста суст шудани суръати чараён дарё чинсхои кухии калонро дар саргах майдатарашро дар кисми миёна ва аз хама хурдашрё дар резишгох боки мегузорад. Дар резишгох аз чинсхои кухии обовард дар муддати солхои зиёд аввал чазирахои алохида пайдо мешаваид, баъд онхо тадричан бо хам пайваст гардида, хамвориро ба вучуд меоранд, ки онро делта меноманд. Бисёр дарёхо ба монанди Миссисипи, Нил, Волга, Аму, Сир делта доранд, Делтахо дорои олами наботот ва хайвоноти ба худ хос мебошацд. Дар баъзеи онхо мамнуъгоххо ташкил ёфтаанд. Кисман делтахо аз худ карда шудаанд. Дар онхо одамон зиндаги мекунанд.
Дарёхо дар хаёти инсон ахамияти калон доранд. Инсон оби дарёхоро барои нушидан (агар тоза бошад), корхои рузгор, обёри намудани заминхо ва дар корхонахои саноати истифода мебарад. Дарёхо наклиёти арзони оби мебошанд. Ба воситаи онхо киштихо бор ва одам мекашонанд. Дар мачрои онхо обанборхо ва стансияхои электрикии оби месозанд.
Каналхо бо дасти инсон буиёд карда мешаванд. Онхо асосан аз дарёхо ибтидо мегиранд, вале баъзе бахрхоро низ ба хам пайвасгаанд. Масалан, Канали Суэтс, ки Бахри Миёназаминро бо Бахри Сурх пайваст мекунад, Канали Панама, ки дар каламрави А.мерикаи Маркази вокеъ гардидааст, Укёнуси Атлантикаро бо Укёнуси Ором мепайвандад. Канали киштигарди Волга – Дон дарёхои Волга ва Донро ба хамдигар пайвастааст. Канали Бахри Сафед – Балтика Бахри Сафедро бо кули Онега пайвастааст. Дар Чумхурии Точикистон якчанд канал сохта шудааст: Канали Калони Хисор. Канали магистралии Вахш, кисми Точикистони Канали Калони Фаргона»- каналхои Маргедар, Шуробод ва гайра.
Савол ва супориш
- Дарёхо аз чи гизо мегиранд?
- Гизогирии дарёхо чанд хел мешавад?
- Дарёхо чи амалиётро ичро мекунанд?
- Дарёхо дар хаёти инсон чй ахамият доранд?