Главная / Илм / ГИСТЕРОСКОПИЯ

ГИСТЕРОСКОПИЯ

gisteroskopiyaГИСТЕРОСКОПИЯ (юн. hystera – бачадон ва skopeo – муоина кардан), муоинаи даруни бачадон ба воситаи гистероскоп. Г.-ро духтур дар беморхона ба чо меорад. Онро бо максади ташхиси нукси инкишофи бачадон, часпидагихои бачадони, миомаи зери луобпарда, эндометриози даруни бачадон, полипхо ва саратони эндометрия кор мефармоянд; он хамчунин барои назорати сифати тароши луобпардаи бачадон истифода мегардад. Бо кумаки гистероскоп биопсия мекунанд, миомахои хурди зери луобпарда ва полипхоро гирифта дур месозанд. Г. хангоми беморихои сироятии шадид, амрози вазнини дилу рагхо, беморихои илтихобии шадиди узвхои таносул чоиз нест.
Дар сурати риоя кардани коидахои Г. оризахои вазнин (мас., сурох шудани бачадон, беморихои илтихобии аъзои таносул ва г.) ба вучуд намеоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …