Главная / Илм / ГИСТАМИН

ГИСТАМИН

gistaminГИСТАМИН, моддаи аз нигохи физиологи фаъол; мансуби гурухи аминхои биогени аст. Г. дар организм аз аминокислотахо – гистидин хосил мешавад; он ба микдори зиёд дар хучайрахои захим (фарбех) низ вучуд дорад. Г. камубеш ба воситаи гизо хам ба организм ворид мешавад. Г. дар таркиби хун асосан дар шакли пайвасти гайрифаъол мавчуд аст (дар плазма аз 0 то 5 мкг/г гистамини озод вучуд дорад). Самараи физиологии Г. дар афзун гардондани кобилияти нуфузпазирии девораи рагхои хурд мебошад. Бинобар ин Г. дар он чое ки хосил шудааст, дар танзими микросиркулятсия ширкат меварзад, ба рондани шираи хозима мусоидат менамояд. Г. ба сифати медиатор дар пайдоиши аксуламалхои аллерги иштирок мекунад, мас., хангоми саглес, варами Квинке, бронхоспазм. Дар плазмаи хун ва диг. моеъоти биологи барзиёд гун шудани Г. (мас., хангоми шоки анафилакси; ниг. Анафилаксия) боиси ихтилоли умумии организм мегардад.
Дигидрохлориди гистамин (Histaminum dihydrochloridum) дору буда, дар шакли хока ё ампула истехсол мешавад. Онро ба пуст мефиристанд, дар шакли мархам истифода мебаранд, бо рохи электрофорез кор мефармоянд (хангоми артрит, тарбод, радикулит, плексит ва г.).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …