Главная / Илм / ГИРУДОТЕРАПИЯ

ГИРУДОТЕРАПИЯ

girudoterapiyaГИРУДОТЕРАПИЯ (Hirudotherapia), шуллукшифои, муолича ба тавассути шуллук. Г. таърихи хеле кадима дорад. Асосгузори он Никандр аз Колофон мебошад (с. 100 – 130 то м.). Асархои аввалинро оид ба шуллукшифои Букрот, Чолинус ва Абуали ибни Сино навиштаанд. Олими машхури рус Н.И. Пирогов ба Г. эътибори хос медод.
Г. хамчун усули иловагии табобат самараи хуб меорад. Онро метавон хангоми амрози занона (миома, фиброма, мастопатия, вулвовагинит, эндометриоз ва г.), беморихои урологи (простатит, сусткамари, аденомаи гадуди простата, систит, уретрит), дилу рагхо (нукси дил, зики дил, холати баъди сактави, тромбофлебит, фишорбаланди), дахон (пародонтоз, гингивит, стоматит), аъзои хозима (гастрит, колит, холесистит, панкреатит, селлюлит), амрози асаб (неврит, сарсом, чунбидани майна, сактаи магзи сар, радикулит ва полиневрит) ва г. истифода бурд. Баъди гузоштани шуллук харакати хун дар узву бофтахо бехтар гашта, судда ва омосхои некфарчом бархам мехуранд, иммунитет устувор мегардад.
Дар мавриди вазнин будани маризи шуллукро факат духтур (гирудотерапевт) мегузорад. Хангоми беморихои сабук ин кор ба ухда хамшираи тибби аст.
Кабл аз Г. бемор бояд оббози накунад, ба тан собун назанад, мархаму упо намолад; у бояд аз истеъмоли машруботи спиртдор худдори намояд, сигор (3 – 4 соат пештар) накашад. Хамаи ин ба кормандони тиб низ дахл дорад. Дасти онхо бояд буи спирт, дору, тамоку надошта бошад. Зеро буи тезро хис карда, шуллук ба пусти мариз намечаспад.
Кабл аз гузоштани шуллук ба пуст спирти тоза мемоланд (бо максади нест кардани микробхо). Сипас спиртро бо пахтаи дар оби гарм (+55°С) таркарда тоза мекунанд (то ки буй боки намонад). Атрофи чои шуллук мегузоштаро низ тоза кардан лозим аст. Корманди тибби аз банка шуллукро бо дасти луч мегирад. Шуллукхои солим ва сер барои Г. кор намеоянд. Шуллуки гурусна зуд аз паи макидани хун мешавад. Баъди гузоштани шуллук, мариз бояд дароз кашад. Г. аз 30 то 90 дакика давом мекунад. Дар як навбат 7 – 10 шуллук гузоштан мумкин аст. Г. дар мавриди хомилаги, гемофилия (лахта набастани хун), камхунии вазнин, диатези хунрез чоиз нест. Кабл аз истифодаи Г. хатман бо духтури гирудотерапевт маслихат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …