Главная / Илм / ГИПОТРОФИЯ

ГИПОТРОФИЯ

gipotrofiyaГИПОТРОФИЯ (Hypotrophia; аз гипо… ва trophe – гизо, хурок), ихтилоли музмини тагзияи кудак, ки тадричан ба логари мерасонад. Г. бештар дар кудакони синни хурдсол, инчунин дар чанин хангоми беморихои гуногуни модар (Г.-и батни) ба амал меояд.
Сабабхои Г. гуногун мебошанд, мас., кам будани шири модар, синамаконии ноухдабароёна, муддати дароз ба кудак хурондани омехтаи шири, таваллуди кудаки чала (норасида), гизои нокифоя ва якхела, нигохубини нодурусти кудак, набудани тартиби муайяни нигохубин, ба хавои тоза набаровардани тифл, беморихои меъдаю руда, зуд-зуд шамол кашидан ва г. Организме, ки бо моддахои гизои таъмин нест, захираи сафеда, чарбу, ангиштоб, намакхои минерали ва витаминхоро сарф мекунад. Аз камобию ихтилоли сабзиши устухонхо дар организми кудак ночурихои рахитмонанд ба вучуд меоянд, мубодилаи моддахо, инчунин кори узвхо ва силсилаи асаб вайрон гашта, мукобилати организм ба касалихои гуногун суст мешавад.
Хангоми Г. кудак вазни аввалаашро гум карда, багоят суст месабзад. Ранги пуст парида, пажмурда, хушк ва пурчин мешавад; аввало кабати чарбии зери пусти шикаму тана, баъд дасту пойхо ва нихоят пусти руй тунук гашта, фаъолияти мушакхо мекохад. Кудак камиштихо, бекарор, бехол, камхоб аст; дер рохгардон мешавад. Кудакони гирифтори Г. зуд-зуд ба беморихои сирояти дучор меоянд; дар онхо газаки шуш ва беморихои сироятии руда вазнин чараён мегиранд.
Г.-ро то таваллуди кудак пешгири кардан зарур аст. Зани хомила бояд тартиби рузро риоя карда дуруст гизо гирад. Баъди таваллуди кудак модар бояд хуроки сергизо истеъмол намояд. Микдори шири макидаи кудакро назорат кардан зарур аст. Ба коидаи ширмакони риоя кардан хатмист. Ба тифл гизои иловагиро дар вакташ хурондан лозим. Риояи тартиби руз, дар хавои тоза будани кудак ва табобати саривактии у хатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …