Главная / Илм / ГИПОТИРЕОЗ

ГИПОТИРЕОЗ

gipertireozГИПОТИРЕОЗ (Hypothyreosis; аз гипо… ва glandula thyroidea), бемории гадудхои дохили. Г. аз сабаби модарзоди ё гайримодарзоди заиф гаштани фаъолияти гадуди сипаршакл ба вучуд меояд. Он хамчунин дар натичаи иллати гипофиз, ки фаъолияти гадуди сипаршаклро танзим мекунад, сар мезанад. Бинобар осеби гадуди сипаршакл гормонхои он – тироксин ва трийодтиронин ба хун кам хорич мешаванд.
Пайдоиши Г. бисёр вакт ба иллати худи гадуди сипаршакл (Г.-и якумин) вобаста аст; он хамчунин метавонад бинобар ихтилоли биосинтези гормонхои тиреоиди, ки хангоми ночурихои гипофиз ва гипоталамус (Г.-и дуюмин) рух менамояд, ба вукуъ пайвандад. Дар мавриди чаррохии гадуди сипаршакл, табобат ба радионуклиди йод ё дорухои йоднок низ хавфи сар задани Г. вучуд дорад. Г. бештар дар занхои 30 – 50 – сола ба мушохида мерасад.
Хангоми Г. пуст, насчи зери пуст, забон варам мекунад, пуст хушк мешавад, муй мерезад. Бемор хастагии зиёд хис мекунад, хунук мехурад, кундзехн, бехол, хоболуд шуда, нохун ва муй зудшикан (мурд) мегарданд; харорати бадан ва фишори шараён паст шуда, шикам кабзият мекунад. Давраи хайзи зан халал меёбад, мумкин аст у кудак вайрон кунад; кувваи бохи мард заиф мегардад. Инкишофи рухии кудакон таъхир хохад ёфт, кади онхо намеёзад. Фаъолияти гадуди сипаршакл хар кадар кам шавад, бемори хамон андоза вазнин чараён мегирад.
Г.-ро духтур табобат мекунад. Бо гормонхои тиреоиди саривакт табобат кардани кудак ба инкишофи муътадили чисмонии у мусоидат менамояд. Табобати одами калонсол инкишофи бемориро боздошта, бисёр вакт кобилияти кориро баркарор мекунад. Тахти назорати духтур будани бемор хеле зарур аст.
Гипотиреоз дар кудакон асосан дар он оилахое дучор меояд, ки беморони чогари захрогин ё тиреоидити Хашимото мавчуд бошанд. Бо максади бармахал ташхис кардани Г.-и модарзод баъди таваллуди тифл ба аломатхои зерин эътибор додан лозим аст: халал ёфтани ташаккули скелети чехра, пахн будани байни ду абру, аз хам дур будани чашмхо, варами руй, гафс будани лабхо, калон будани забон, ки бисёр вакт дар дахон намегунчад, муйхои дурушт. Овози чунин кудакон дар вакти гиристан дагал ва хирри аст (бинобар варами бандакхои садобарор). Дар сурати сина макондани кудак аломатхои Г. намеафзоянд, зеро гормонхои тиреоидии модар ба воситаи шири пистон ба организми тифл мегузаранд. Баробари ба гизои сунъи одат кунондани тифл, у камхаракат, бехолат, камиштихо мешавад; харорати бадан паст аст; пуст хушк, хунук ва дурушт мегардад; муй бетароват ва зудшикан, шикам калон шуда, кабзият пайдо мекунад; кудак аз сабзиш мемонад. Хангоми ба таъхир мондани муолича чунин кудакон нокисулакл мегарданд. Бинобар ин дар мавриди ба мушохида расидани аломатхои нахустини Г. зуд ба духтури педиатр ва эндокринолог мурочиат кардан лозим аст.

Ш.С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …